Бахшҳо
30 мар 2015 12:32Ҳуқуқи инсон

Падари бадмаст

Зокир ҲАСАН

“Кӯдак баъди таваллуд дарҳол ба қайд гирифта мешавад ва аз ин лаҳза ба ном ва дарёфти шаҳрвандӣ ҳуқуқ дорад, ҳамчунин, то ҳадде ки имконпазир аст, ба донистани падару модари худ ва ғамхории онҳо ҳақ дорад”
(Аз моддаи 7, банди 1-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак)


Дар ҷомеаи имрӯза нақзи ҳуқуқҳои кӯдакону наврасон, амсоли шиканҷа, ба худкушӣ таҳрик додан, сӯйиистифода аз меҳнат, монеи таҳсил гаштан, сабабгори тарбияи нодуруст шудан ва ҳоказо зиёд ба чашм мерасад, ки мутаассифона, зодаи бетарафии ҳамаи мо - аҳли ҷомеа низ ҳаст. Муаллиф кӯшидааст дар таълифоти хеш азоби як нафар духтарро аз дасти падари бадмаст ҳаддалимкон таъсирбахш таҷассум намояд, то андар шикасти ана ҳамин бетарафии қолабии бархе аз мо саҳм гузошта бошад.

Моҳираро (исми мустаор), ки хоб ҳамагӣ чанд соат пеш дидагонаш нарм карда буд, садои тараққос зада боз гаштани дарвозаи шалақгаштаи милисахона аз олами руъё дигарбора ба олами биму андешаҳои муғлақи кӯдакии нобасомон пас хонд. Аз ҷояш нимхез шуда, бо изтироб чашм ба чор гӯшаи ин тахтбоми бетонии гӯё сад сол қадамнодида давонд. Дар торикии шаб сояҳои каҷмакаҷу сияҳфоми сутуну дарахтони ба бино ҳамшафат бо ҳар суробу сурате зоҳир мегаштанд. Тарс вуҷудашро амсоли боди тунде, ки коғазро андар дамаш сабук бозӣ медоронад, сахт ба ларза даровард. Ба ғайр аз китобҳои дарсии паҳлўяш, ки лаҳзае қабл барояш вазифаи болиштро адо карданд, муттакоеро надида, чанг бар онҳо зад ва сахт ба синааш фишурдашон. Зери лаб такрор мекард ончи сураву шеъре медонист ва то оне ки қуввати ашк рехтану буғзи дилро кафонидан пайдо накард, ёро нашуд, то чашмони барбастаашро бикшояд. Вақте вояшон кард, сафедии субҳ бар рӯйи Замин аллакай домани эҳсон густурда буд. Гарди либосҳои мактабии ду рӯз боз уттинодидаашро афшонда, сархам оҳиста-оҳиста сӯйи хонаашон раҳсипор гашт. Гумон дошт баъди баромада рафтани падар ба манзил ҳозир мегардаду ақаллан аз субҳона насибе мебардорад, чун анқариб якуним рӯз шуда луқмае ба даҳон нагирифта ва бисёр гурусна мондааст.
- Хаёл кардӣ, ки аз ман метавонӣ гурехтан?!! Ку, инҷо биё, духтари ношуди зихнаи очамонанд... Ана ба ту, ана бу ту! - дар дами дар ногаҳон пайдо шуда, боз бо мушту таппончаи доимӣ пешвоз гирифт Моҳираи понздаҳсоларо падари фурӯмояи сангдил.
Муштҳои вазнини падар, ки ту гӯӣ қотили падари хешро даст гирифтаву мехоҳад, амсоли қанори пуркоҳ бидарадаш, бар сару андоми нозуку хушгили Моҳира боридан замон аз хеш изу омосҳои рахдору пурхун фурӯ гузоштанд.

Э мурда-а-м, ҷонам ба дард омад, бас кун, пада-а-р-р!! - аз шиддати дарди тоқатфарсо гулӯ дарронда, фарёд зад Моҳира. Ва аввалин дафъа муқобили ин ҳама бераҳмӣ ошкор аз худ дифоъ кард: бо тамоми қувва телааш доду дудаста мӯйи дарозашро аз қабзаи шахшӯлу кайҳо собунназадаи ӯ канда гирифт ва беихтиёр калавида-калавида ҷониби ошхона битохт. Дар сараш ҳар гуна фикрҳои дарҳамбарҳами барояш то ин дам бегона амсоли гирдоби хурӯшоне, ки ифлосиҳои селовардаро аз рӯйи амвоҷаш тезу печон ба жарфо кашиданист, барқвор раду бадал мегаштанд. Ниҳоят, корди тезеро чанг бизад ва нӯгдами онро сабук ба қафаси синааш зер кард. Дар назараш намуд, ки Замин, чуноне модар мусибати фарзандро шунида, мадори дасту пой гум мекунад, лаҳзае аз ҳаракат бозмонд. Гӯшҳояш қуфл заданд. Нигоҳи маҳзунашро барои бори охир ба ҳар як ашёи ошхона дӯхт. Гӯё ба онҳо гуфтан мехост: “Сипос, дарди диламро ҳамеша гӯш мекардед”. Лек чизе ё касеро ба ёд овард, ки чашмони аз шиддати ғазаб хунгирифтааш якбора бо як ҷилое касби нармӣ карданду лабони варамаш аранге моил ба табассум гаштанд. Баъди фурсате андеша рондан аз қаъри сина оҳи пурдарде берун карда, кордро оҳиста аз панҷааш раҳо намуд ва хилъати кайҳо ҷиғдагаштаи модарашро, ки сари мех овезон буд, даст гирифта, бӯсазанону ҳой-ҳой гирякунон бар дидаҳояш молид.
- Очаҷо-оо-н, агар ту намебудӣ..., агар ту намебудӣ..., агар ту..., ту-у...!!, - ҳар як ҳарфу ҳиҷоро бо алам оҳанги таъкид бахшида, тӯтивор такрор мекард Моҳира.

Аз ашк рехтани бисёр даҳонаш хушк шуд. Кӯшиши оби будаи даҳонашро фурӯ бурдан кард, аммо инро номумкин дарёфт. Таркиби он аз ҳамроҳ гаштани қатраҳои шӯри сиришку хунобаи лаб намакобро мемонд.
Худоро шукр, ки аз шармандагӣ раҳидам, - меандешид ӯ баъд аз нишастану нӯшидани оби сард. - Агар не, модарам ғӯрамаргу дунёи абадї аз даст мерафт.

Дилаш акнун каме қарор гирифт. Бо ангушт ба кашидани хатҳо дар рӯйи фарш сар кард. Гирди лабонаш табассуми ҳазине чарх мезад. Хам шуда, он нақши зоҳиран заншамоилро хаёле чанд бӯсаи обдор зад.
- Офтоб, Офто-о-б, чӣ мекунӣ?, - дар чанд рӯзи охир инак, шуълаи Офтобро дар чеҳрааш эҳсос карда, бо ноз гуфт Моҳира. Ва бо нурҳои он бозӣ оғоз кард: дасташро миёни ҳар шуълаи ӯ, ки ришта-ришта мисли абрешими садранг ҷило медод, дароварда, оҳиста кӯшиши доштан мекард. Аз ин ҳаракати вай нурҳои фаровоне ба нақши рӯйи фарш лағжиданд.

- Ҷону ҷигарам, ҷону ҷигарам!, - гӯё дар ҳақиқат модарашро медида бошад, аз нақши аз соярӯшанҳои Офтоб ҷаззобгашта чашм наканда, пичиррос зад ӯ.
Модари Моҳира - Дилафрӯз, ки худ бинобар ятимӣ зери парастории амаку янга бо ҷабру ҷафои фузуне калон шуда буд, рӯзи сари духтарашро бисёр хуб мефаҳмид ва ҳамеша мекӯшид, то ӯро аз зарбу лати падар амон бахшад, ҳарчанд ин хайрҷӯйиро доимо бо захму хуни бадан ҷуброн мекард. Вале рӯзе даррасид, ки тани ба қавли ҳамсояҳо, аз кӯфти шатта “обутобёфта”-аш дигар ин ҳамаро таҳаммул карда натавонист ва инак, як моҳ боз тавоне надорад, ки сар аз болишти шифохона бардорад. Модари мушфиқ ҳоло аз қазияи охирине, ки падар бар сари ягона фарзандашон овард, дарак надорад.

Ҳамон рӯзе, ки баъдтар Моҳираро баргумошт, то шабро баҳри ҳазар аз ҳама хавф болои тахтбоми бинои муқобили милисахона рӯз кунад, падар бепул монда, як зани руспӣ дар бар дар хона мунтазир ба бозгашти ӯ аз мактаб будааст.
- Моҳира, пулҳои худату очаатро зуд инҷо биёр, - ба нигоҳҳои суоломези духтараш аҳамият надода, бо итоб гуфт падар.

Ба назари Моҳира намуд, ки хонаи калону дилфарояшон акнун хеле тангу тоқатфарсо гаштааст. Рӯйи миз қуттии сигору шишаҳои холии виною пасмондаи хӯрише меистод. Хост дарро боз монад, то ҳавои кулба бадал гардад ва бо ҳамин баҳона ҳузури падари бадмасту он зани хукчеҳраро сокит тарк созад. Вале садои дашному шаллоқҳои пайдарҳами падар амонаш надод, то ба дар наздик равад. Аз шиддати зарбаҳо буд ва ё аз гуруснагӣ, чун саҳар ба ҷуз нони хушк дигар чизе баҳри истеъмол пайдо накарда буд, аранге сараш чарх заду якбора ба замин афтид.
- Куштӣ..., ку-у-шш-тӣ, - курсии зерашро ғиҷиррос дода, базӯр ғурунгид он зани руспӣ (фоҳиша).

Моҳира ҳарчанд ҳуш бар сар дошт ва ин сухани занро, ки падар Люба садояш зад, шунид, аммо аз тарс чанд лаҳза ҳаракате баҳри чашм во кардан накард. Ва чун фаҳмид, ки дар наздикиаш касе нест, аз ҷояш парида хесту бо тамоми вазн танашро ба дар кӯфт, ки аз ин дар тараққосзанон боз гашту як шишааш ба пеши пояш афтид. Моҳира ҷузвдони мактабӣ дар даст гӯё пар бароварда бошад, ки як пояш пойи дигарашро дарёб намесохт ва касеву чизеро сари роҳ мушоҳида намекард. Ва вақте аз шиддати дав нафас дар ҳалқумаш ба бозӣ даромад, дар назди девори коргоҳи қаннодии шафати милисахона бозитод. Ду дидаи ғамзадаву синчакораш дар болои тахтбоми он макони шабро саҳар кардан ёфтанд...

Моҳира бо тамоми вуҷуд бӯйи хилъати модарро ду-се бор шамиду аз ҷо бархост, то дасту рӯйи кафидаву хунолудашро бишӯяду зудтар назди модар равад.
- Ъҳҳ..., ҳмм, мекуша-а-м!...Мекуша-а-м ман инхел чеварони ҳаромии гулдастеро, ки пулашонро аз ман дареғ медоранд, - канда-канда омад ба гӯшаш ин ҳарфҳои тавъам бо истеҳзои падар.

Дастони борики Моҳира мисли химчаи навниҳоле, ки аз зарби ноҷойи пой якмаром ҷастухез мезанад, ба ларза омаданд. Обро дар кафаш нигоҳ дошта натавонист. Он ба рӯйи фарши ошхона шорид. Хам шуда, хост онро хушк кунад, аммо нигоҳаш рӯйи оштахта, ки аз моҳҳо истифода нагаштан ҷилои равғанолудашро гум карда буд, ях баст. Дудила буд: онро ба даст бигирад ва ё боз дудаста оғӯш бикунад бадани нозукашро дар зери муштҳои гарони падар? Аз сараш андешае гузашт: таёқи чӯпон аз тарси гург аст. Оштахтаро сабук аз ҷо бардошт.

Андар баёни қиссаи ин духтари воқеан зиёд азиятдида мухтасар ироа карданием, ки гуноҳи ӯ фақат ин буда, ки пулҳои аз касби дӯзандагӣ ба кафовардаашро баҳри харидории ҷиҳози мактабӣ аз падар руст кардааст. Аз падаре, ки ба ҷойи хӯронидану пӯшонидан аз кӯдакону модарашон ҳар як тангаи ҳеҷ гоҳ надодаашро талаб мекардааст, то айш намояд бо занони русбиву дӯстони шаробхораш.

Якуним рӯз қабл, вақте ки падараш аз ҳамёни модар пайсае дарёфт накард, мавсуфро то беҳуш гаштан кӯфт. Чун аз Моҳира пул пурсид ва ҷавоби “надорам”-ро шунид, мушт қабза карда, ба сӯяш мисли ҷунуниҳо битохт. Ва ҳамин тавр, Моҳира аз боки ин падари девсиришт дар чунин синну соли қадрасӣ шабро рӯйи боми бинои муқобили шуъбаи корҳои дохилӣ рӯз кард, то аз ҳар хавфе, ба андешаи худаш, эмин бошад.
Манзури мо аз нақли воқеаи боло инъикоси қазияҳоест, ки бинобар хатои калонсолон ба вуқуъ мепайванданд ва мутаассифона, на ҳамеша анҷоми нек мепазиранд. Агар зӯроварӣ дар оила гоҳо боиси аз хона фирор намудану оқибат ба амалҳои номатлуб даст задани фарзанд гарданд, гоҳи дигар метавонад, кӯдак ё наврасро ба худкушӣ таҳрик диҳад, ҳарчанд дар ин маврид омилҳои дигари рӯҳиву иҷтимоӣ низ истисно нестанд.

Равоншинос Мазбут Маҳмудов мегӯяд, ки омилҳои асосии ин кирдори номатлуб, қабл аз ҳама, дар тарбияи нодурусти фарзанд аз ҷониби волидайн, ҷой доштани тазйиқ дар оила, эътироф накардани шахсияти кӯдак, нокомӣ дар ишқ ва ҳоказо мебошад, ки дар аксар маврид имкон дорад, пешгирӣ карда шаванд. “Агар оилаву ҷомеа дар ҳақиқат барои кӯдак намунаи олии ибрат бошанд, шояд ҷинояткорӣ низ миёни ин аъзои ҷамъият рӯ ба фузунӣ набигзорад”, - афзуд М.Маҳмудов.

Бандҳои 1 ва 2-и моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вазифаи волидонро муайян намуда, аз ҷумла мегӯяд, ки “таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар” буда, эшонро мебояд, барои фарзанд “шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дуруст” фароҳам оваранд.

Ҳама далелҳои дар матлаб зикршуда натиҷаи иҷро нагаштани ана ҳамин ду банди қонун мебошанд. Умед мебандем, ки чунин падару модарон аз ин ба баъд дар таълиму тарбияи фарзанд бештар эҳсоси масъулият менамоянд ва ба қадри ин неъмат, яъне фарзанд мерасанду рисолати азалияшонро комил адо менамоянд, чун ба иддаои шоир:
Мевае ширинтар аз фарзанд набувад дар ҷаҳон,
То тавонӣ, ин самар бо рангу бӯйи хуш расон.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)