Бахшҳо
02 апр 2015 12:28Хабарҳои ҷаҳон

Латифи Пидром: Ҳимоят аз Саудӣ иштибоҳи таърихӣ аст

Латифи Пидром, раиси Шӯрои ҳамбастагии тоҷикони Афғонистон, аз мавзеъгирии ҳукумати кишвараш дар ҳимоят аз Арабистони Саудӣ интиқод кардааст.

Ӯ дар саҳифаи Фейсбукаш навишта, “давлати Саудӣ ва давлатҳои муртаҷеи Араб бо ҳимояти Амрико, Инглис ва Фаронса таҳти раҳбарии Саудӣ бар Яман ҳамла карданд. Яман ба Саудӣ ҳамла накардааст. Яман ҳам як кишвари исломӣ аст”.

Оқои Пидром дар идома ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистонро “ҳукумати хиёнати миллӣ” унвон карда, мавзеъгирии онро “дар дифоъ аз сиёсати Амрико, Инглис ва Фаронсаву Саудӣ дар таҷовуз ба хоки Яман як иштибоҳи бузурги сиёсӣ ва таърихӣ” шумурдааст.

Ахиран, ҳукумти Афғонистон бо пахши як эъломия гуфт, “давлат ва мардуми Афғонистон ба Арабистони Саудӣ равобити таърихӣ ва динии амиқ дошта ва дифоъ аз сарзамини муқаддаси ҳарамайни шарифайнро дини ҳар мусулмон медонад”.
Мӯҳр
tj
qandata zaan AFGANISTAN in PIDROM az nomash malum chikhel odamai ba gapi inho nigoh nakarda tarafdori ahli sunnat bosh chunki SHIAHO dar afgoniston ham ziyodan yakbor miyoni onho ham meshikanad.....VA DIGAR INKI NAMEDONAM IN CHIKHEL ODAMI SIYOSI HAY KI SAUDI BAR ZIDDI YAN NE BALKI BAR ZIDDI HUSIHOI SHIAMAZHAB,KI ZIDDI RAISI JUMHUR XESTAN BO YORII IRON HAVAYHORO MEZANAD.umedvoram ozodagon chop mekuned

Мо тоҷикони ин кишвар , манзурам Тоҷикистон аст, хеле содаем. Чанд бор агар аксу матолиби бандаеро мушоҳида намоем, ин тасаввур дар зеҳнамон мутабалвер мешавад,ки ангор ин банда аллома асту ҳарфаш ҳисобӣ. Рӯи ҳарфи банда бо ироаи ин матолиб мутаваҷҷеҳи оқои Латифи Пидром аст. Вақте,ки эшон ҳукумати тоза сари қудрат омада Дар Афғонистонро “ҳукумати хиёнати миллӣ”, рӯшан мешавад, ки ин фард аслан аз сиёсат ба маъноӣ воқеъӣ чизеро сардар намеоварад. Мисли ҳамун охундҳову сисатмадорони бехиради эронист,ки танҳо гирифтори маризиест,ки танҳо шиору ҳарфи зебо мезанад, танҳо сохтани душмани фарзиро рисолати худ медонад. Дуруст аст,ки пирузӣ дар интихоботро аз Абдулло Абдулло гирифтанд ва тақдими фари дигар карданд. Вале бо таваҷҷӯҳ бо ҳассосиятҳои эҷод шуда дар Афғонистон пас аз интихобот ва фишорҳои эмолшудаи ғайри қобили тасаввур ба тими Абдулло, эшон на танҳо хиёнатеро муртакиб нашуд, балки боз ҳам бо оянданигарони мутаносиби сиёсӣ ва авзоъи кишвар аз миёни гузинаҳои мавҷуд дар Афғонистон гузинаеро интихоб намуд, ки амалан уро ва тимашро қавӣ нигаҳ дошт ба сурате,ки тарафи муқобил наметавонад назароту мулоҳизоти тими уро нодида бигирад. Дунёи имруз дунёест,ки бар мабнои хости кишварҳои қавӣ мечархад. Онро касе нодида мегирад, ки дучори таваҳҳумоти андешаи қавмгароист. Сутуни фуқароти фармудаҳои Латифи Пидромро бузургманишии қавмиву забони ташкил медиҳад. Тоҷикони Афғонистон бояд бидонанд, ояндаи ин кишвар дар гарави ваҳдати миллии ақвоми мухталифи Афғонистон аст. На танҳо такнигариву мунҳасир ба фард донистани худу душман донистани дигарон. Бо нигоҳи танги миллигароёнаи Латифи Пидром Афғонистонро танҳо тоҷикон метавонанд дуруст мудирият кунанд. Ман тоҷиконро миллати бузурги Афғонистон медонам, вале фикр намекунам пашту душмани тоҷику Афғонистон бошад. Ба истеъдоду зарфияти болои зеҳнии паштуҳо низ бояд тан дод. Дар масъалаи Яман ин сиёсатмадор иштибоҳ мекунад. Бале аз аъроб наметавон дилхуш буд,вале даҳшатноктар барои ояндаи ховари миёна аз фирқароии шиъа чизе нест. Ин гуруҳҳо,ки Латифи Пидром аз онҳо неруи машруъи сиёсии яман ёд мекунад бадтар аз Ал қоида ва Доиш ҳастанд, зеро инҳо танҳо дар пайи дикта кардани хостаҳои мазҳабии Эрон бо зури силоҳу куштор ҳастанд на чизи дигар! Намебинед инҳо ва амсоли инҳо дар Афғонистон, Эрон, Ирок, Лубнон, Сурия ва имрӯз Яман чи мекунанд? Арабистон ва чанд кишвари мобақии аҳли суннат ба гуфтаи Шумо ба ин шиъаҳои муттаасибу бесавод бояд чашми мо рушан бигуянд? Ту ки дар Эрон солҳо гуреза буди ва ҳамаро мушоҳида намудаи, чаро боз ҳам таваққӯъи хайри инҳоро дорӣ? Агар сутуни панҷуми ташаъйю,ки худи мардуми огоҳи Эрон аз он безорӣ мечуянд, нестӣ, чаро бар ошуфтабозори гуфтаҳоят дар матбуъоти Тоҷикистон меаязоӣ?

салом
Салом миллат ва огохони сиёси.
Агар мо дар дунёи имрузи хушё ва бедор набошем ину он кишвар бахору тобистон гуфта моро фиреб медиханду барои расидан ба орзухои махол ва тахаюлоти шайтонияшон мо ва чавонони тамоми кишвархои мусулмонро фирефта мебаранду мекушанд то инки ба кудрати сиёсии худашон бирасанд.
Танхо рохи начот аз ин шаётини инси бояд ба Курони карим ва аходис ва дуо ва намоз руй овардан аст, то Худои ягона худ рахкушоямон бошад.
Америка эвропа израи ва Саудихо ва дииш хамаги душманони Илом ва муслиминанд.
хамлаи душманонаи саудихо нишони ошкори як хамлаи мусулмон бар мусулмони дигар аст. Пас кишвари хучумкардаги айбдор ва гунохкор дониста мешавад.
Саудихо ва хампаймононашон бояд хуни рехташудаи мардуми Яманро ва тамоми захмихоро дар назди хукуки башар ва Адли Илохи бидиханд ва хохан дод.

Бердикул
Латиф офарин! пуштибони точикон.!Андешаатро торикон намефахманд. Сиёсат чахониро надониста, бахс наоройен!

Низоми
Ҳамчунин ҳимоят ва ё скут дар баробари дастдарозиҳо тавасути ирон ва ё ҳизбҳою гуруҳҳои вобаста ба ин кишвар дар манотиқи ховари миёна ва ё соири монотиқи сунни нишин иштибоҳи стратеги буда ҷуброн нопазир хоҳад буд.

Абубакр
Абдулхамид, Офарин домулло Шумо.мумкин катраи хуни точикиро надоред ва имруз чунин акидаи мазхаби доред.Акнун ба ин саволхо чавоб бидех Ое дар Афгонистон шиа чанг кардаистодааст? Ое дар давлатхои араб ин чангу чанчол.ки рафтаистодааст магар он чо шиа аст? Ое М. Кадафро шихахо вахшиена куштанд? Ое ба Фаластинихо шиа ери намерасонад е Арабхои сусморхурат? Магар имруз рохи Точикистонро шиа баст е Узбакхои хаммиллати сунниат?Ое дар нест кардани МИЛЛАТИ ТОЧИК роли бародарони узбакат зиед е шиаи ЭРОН?Ое аз каллаи точикон суннихои узбак боХочаат Темурланг манора сохтан е Исмоили Сафави?Барои мо точикхо мазхаби шиа хатар надорад вале Шумо баринхо хатар аст.Вакте,ки сухан аз Сурия мекуни ое медони дар он чо шиа хамаги 4% ва сунни 82% ташкил мекунад ?Агар савод дори дар Точикистон хамаги 2% шиамазхаб аст ое аз дасти ин 2%ягон кор меояд? Сафсата нахону хап шин!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)