Бахшҳо

“Он сӯи ёдҳо”-и Орзу Исоев нашр шуд

Орзу Исоев, хабарнигори шинохтаи тоҷик маҷмӯаи шеърҳояшро дар китобе гирди ҳам овардааст.

Ҷаноби Исоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, китоби ашъораш “Он сӯи ёдҳо” ном дошта, бо теъдоди 1500 нусха дар нашриёти “ЭР граф” ба чоп расидааст.

Муқаддимаи ин китоб ба қалами Исфандиёри Назар, шоир ва мушовири рӯзномаи “ИмрӯзNews” таалуқ дорад. Ӯ дар ибтидои китоб навишааст: “Орзу Исоев солҳо корманди телевизон, муаллифи шӯрангезтарин барномаҳои адабӣ, ҳунарӣ ва хабарӣ буд, дар радиоҳои давлатию хусусӣ барномаҳои ӯ шӯреву ҳангомаҳое барпо мекунанд, ки назирашро кам метавон дид. Орзу яке аз чеҳраҳоест, ки намунаи таронаҳои дилангези муосирро, ки фарогири ашёи малмусу мухтареоти рӯзгори ҳозиранд, барои машҳуртарин хонандаҳои рӯз офаридааст. Таронаҳои Орзу бо садои овозхонҳои шинохтае чун Манижа, Шабнам, Нигина ва ғайра дар саросари кишвар ва берун аз он маъруфу машҳур гардидаанд”.

Исфандиёри Назар дар идомаи китоб навиштааст: “Агар аз теъдоди таронаҳои ошиқонаи ӯ, аз чаҳорпораҳои содаи ӯ сарфи назар шавад, мо ба шоире рӯ ба рӯ ҳастем, ки шӯру шавқи Фурӯғи Фаррухзод, Нодирпур, устод Лоиқ ва шахси худашро дорад. Шеърҳои иҷтимоъии ӯ хело қавӣ, дилнишин, муассир ва нишонрас ҳастанд. Ман аз овардани намунаҳо, ба хотир парҳез аз итолаи калом, даст мекашам, зеро хонанда худ бо мутолиаи нахустин шеъри ин дафтар, ки “Орзу” ном дорад, ба ҷаҳони ботиниву бинишу дониши гӯянда рӯ ба рӯ меояд. Дар ин маҷмуа ашъореро мебинем, ки мешавад аз онҳо саҳнаеро ба навор бардошт (ин худ далели он аст, ки шоир ҳамешаҳо дар даст дурбини наворбардорӣ чеҳраҳову ҳолатҳову ҳаводисро филмбардорӣ кардааст), ашъоре ҳаст, ки худ наққоширо мемонанд, ашъоре ҳаст, ки як румони бузургро дар зеҳ меоваранд. (Масалан шеъри “Он ҷо, ки баргро хабар...”, ки аз кӯдаке чаҳорсола ривоят мекунад – аз шахси худаш). Ончи аз моҷарои муҳоҷирату азияти муҳоҷирон, риҷоли сиёсӣ, вазъи кунунӣ Орзу ба шеър меоварад, ҳамаву ҳама хонданӣ, омӯхтанӣ ва мондагоранд. Бешак, ин китоб ҳам аз туҳафи ибтидои роҳи шоирии ӯст. Аминам, ки ҷиддитарин осори мондагори шоирии ӯро дар оянда мехонем ва симои шоири муътабареро дар оянда шоҳид мешавем”.

Орзу Исоев дар гузашта дар телевизионҳои давлатии “Шабакаи аввал”-у “Сафина” фаъолият намуда, як муддат корманди “Тоҷикфилм” ҳам буд. Барномаи “Суҳбати рӯз”-и ӯ дар радиои “Имрӯз” яке аз сершунавандаҳо буд.
Мӯҳр
Хочи
"малмусу мухтареот"-аш чист ҷаноби Исфандиёр? Мани чаласавод нафаҳмидам, мардуми камсавод аз куҷо фаҳманд? Шумо тоҷикед ё эронию араб? Гумон мекунед, ки бо чунин душворгуи шуморо ҳамчун "шахси босавод" мешиносанд? Вой бар ҳоли тоҷик, ки ба иловаи ватанашу ҷонаш, забонаш ҳам мавриди тохтутози аҷнабиён бо дасти ҳамватанон табдил ёфтааст...

хонанда
инсоф хам чизи хубест, чаноби Исфандиёр! Гулувв кардаед. Бо ашъори шуарои муосири Эрон навиштахои ин шоирро мукояса намояд, аслаш рушан мешавад, ки эшон мондагоранд ё мукаллиду....

донишҷӯ
Аки Орзу бароятон бурдбориҳо хоҳонам, леки ҳар як кадоми мо ҷавонон канора ҷуйи кнем пас айби моро дигарон ошкор мекунан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)