Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 21 август 2017, 05:58

Боздошти ду тоҷику як узбак дар роҳ ба сӯи ДИИШ

4 апрел 2015, 10:52

Мақомоти пулиси Туркия аз боздошти 7 шаҳрванди хориҷӣ бо шумули тоҷикону як узбак дар марзи ин кишвар бо Сурия хабар додааст.

Ба иттилои расонаҳои туркӣ, миёни ин 7 нафар ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбакистон низ ҳаст, ки мехостанд, марзи Туркияро ба қасди Сурия убур кунанд. Чаҳор нафари боқӣ шаҳрвандони Русия гуфта мешаванд.

Расонаҳо мегӯянд, ин афрод рӯзи 3 апрели соли равон дар шаҳри Ғазантеппа, воқеъ дар минтақаи ҷанубу шарқи Туркия ва ҳаммарз бо Сурия боздошт шудаанд, ки қасди пайвастан ба сафи ҷангҷӯёни созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ-ро доштаанд.

Мақомоти пулиси Туркия қаблан хабар доданд, ки шоми якуми апрел дар марзи ин кишвар бо Сурия 9 шаҳрванди Фаронсаву Бритониёро низ ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва пайвастан ба ДИИШ дастгир кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухочир

  • 4 апрел 2015 12:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хнитро банданд нахзатихо аламзада шуда хамаашон ба дииш мераванд!
Посух додан
  • шокир

  • 4 апрел 2015 12:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Турки асоситари кишваре аст ки ба дииш кумаки кард то нерухои инхо аз хоки турки ба кумаки дииш раванд, инро тамоми шабакахои интернети ва чахони меган

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!