Бахшҳо

Фарзанди муҳоҷир: Падар аз гушнагиву ташнагӣ дар навбатпойӣ барои патент мурд

Як шаҳрванди 48-солаи Тоҷикистон зимни навбатпойӣ барои дарёфти патент дар шаҳри Маскави Русия ба ҳалокат расидааст.

Иззат Аммон, раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, Эсанов Комилҷон Сарибоевич, сокини ноҳияи Панҷакент, дар миёни издиҳом дар яке аз нуқтаҳои бо номи Маркази муҳоҷират дар минтақаи Сахаровои Маскави Нав (Новое Москва) ба ҳалокат расидааст. Шералӣ Шоев, мудири шӯъбаи ҳуқуқи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳам ин хабарро тайид намуда, изҳор дошт, муовини раиси намояндагӣ -- Саид Боев бо наздикони марҳум дар тамос шуда, омодагӣ барои кумак карданро изҳор дошт.

Ба гуфтаи Иззат Амон, Комилҷон Эсанбоев мутаваллиди соли 1967 буда, ҳанӯз ҷасадаш дар ҳамон маркази муҳоҷират қарор дорад. Ба қавли ӯ, кормандони ин марказ нагузоштаанд, то мошини ёрии таъҷилӣ вориди бино шавад.

Дилшод, фарзанди Комилҷон, ки ҳамроҳ бо падари худ дар муҳоҷиратӣ меҳнатӣ қарор доштааст, дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” таъйид намуд, ки воқеан падараш миёни издиҳоми мардум ба ҳалокат расид: “Фикр мекунам, ки падарам дар миёни издиҳом аз гушнагиву ташнагӣ ба ҳалокат расид. Мо чандин рӯз аст, ки барои гирифтани патент инҷо навбатпойӣ мекунем ва инҷо на як тартиб асту на як низом. Ҳар касе, ки метавонад бо зӯриву бо фиребу бо корҳои дигар навбатро вайрон намуда, патентро ба даст меоварад”.

Комилҷон Эсанбоев соҳиби 4 фарзанд: се писару як духтар будааст. Ҳоло се фарзанди дигараш дар ноҳия Панҷакент мебошанд.

Дилшод мегӯяд, то ҳол ҷасади падараш дохили ҳамон марказ аст: “Моро намегузоранд, ки ҷасадро бубарем. Ба мо ваъда медиҳанд, ки ҳоло ё замони баъдтар мошин меояд, аммо ҳеҷ не, ки мошин биёяд”.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ далели нигоҳ доштани ҷасадро дар марказ ба дарёфт накардани хатти вафот рабт медиҳад: “То хатти вафот нагиранд, иҷоза намедиҳанд, ки мурда бурда шавад”.

Ба гуфтаи Шералӣ Шоев, намояндагӣ хароҷоти интиқоли ҷасадро то сардхона ва дигар хароҷоти сардхонаро ба дӯши худ гирифт ва хароҷоти интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон тибқи қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон ба дӯши Сафорати Тоҷикистон дар Русия мебошад.

Як ҳамсояи дигари Комилҷон Эсанбоев, ки ҳамроҳии Дилшод дар ин Марказ мунтазири интиқоли ҷасад аст, дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, шароити навбатпойӣ барои гирифтани патент бисёр сангин аст ва ба муҳоҷирон муносибати дурусте намешавад: “Барои гирифтани патент мо зиёд мунтазир мемонем ва мешавад ҳолате ки то 10-15 рӯз навбатпойӣ мекунем. Агар чунин шароит аз ҷониби Русия тағйир дода нашавад, эҳтимол аст, даҳҳо Комилҷони дигар ба ҳалокат бирасад”.
Мӯҳр
Инно Лиллох ва Инно Илайхи Рочеъун , Миллати бесохиби ман.

Tojik
Намояндаи вазорати мехнат, охир то часадро духтур дида маргро тасдик накунад, ки хатти вафот медихад? Магар часад 2-3 руз дар ин марказ меистад? Ин точики бечораро хам зиндашу хам мурдаш бесохиб аст.

Фарханги навбат дар мо нест, яъне мушкил дар худи мост е каси дигар?

Номи патентро иваз кародан даркор ( Смертент )

Худо рахмат кунад шукронаи давлат кунед

Шукронаи Мухочирон кунед Давлат ба я азоб 30% ахолиро хуронда истодааст. (бо маошхои паст).

Бозгашти хама ба суи Уст!!!!! Вой бар холи миллати бе сарнавиштам....

154
У бечора точике барои як бурида нон дар шахри бегона чон бохтааст .

Саид
Худованд ба наздикони мархум сабри чамил ато намояд. Омин! Бисёр дарднокас барои миллати сохибистиклол...

МО АЗ ОНИ ХУДОЕМ ва СУИ У БОЗГАРДАНДАГОНЕМ !!!!!
Аммо Вазорату вазоратчахо ва намояндагонаш гами мухочир набуданд , нестанд ,нахоханд буд , чунки шароити зиндагии онхо 100% хуб аст : музди мехнати бо "иловапулии" хармохааш , хешу табор ("таго") дар боло доранд, КУРСИАШОН "ГАРАНТИЯШ" кати мустахкам ...

Debian
Вой бар холи точикон! То кай азоб медида бошем? Имруз ё фардо точикон аз гуруснагиву кашшоки ба дод хоханд омад.

Debian,Пешвои МИЛЛАТ БО НОМ КАРДАНИЕН КУ
Debian,

Эшон
Шиками бойбачахо сер аст кай парвои мухочирон доранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)