Бахшҳо

Президенти Қирғизистон барои бунёди масҷид замини худро ҷудо кард

Бо ташаббуси Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ба сохтмони масҷиди “Шаҳидони 7 апрел” оғоз бахшида шуд. Ин масҷид ба хотираи шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд, бунёд мегардад.

Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, масҷиди “Шаҳидони 7 апрел” дар қитъаи замине, воқеъ дар маҳаллаи 7-уми шаҳри Бишкек сохта мешавад, ки ба Алмосбек Отамбоев тааллуқ дорад. Манбаъ мегӯяд, раисҷумҳури Қирғизистон замини наздиҳавлигии худро барои сохтмони масҷид ҷудо кардааст.

Сохмтони масҷид рӯзи 7 апрел бо иштирок ва суханронии Алмосбек Отамбоев оғоз шуда, дар ҳошияи он вохӯрии раисҷумҳури Қирғизистон бо пайвандон ва наздикони қурбониёни ҳодисаи маъруф ба 7 апрел баргузор шудааст.

7 апрели соли 2010 дар Қирғизистон табаддулоти давлатӣ ба миён омад, ки ҳукумати Қурбонбек Боқиевро сарнагун кард. Боқиев соли 2005 дар заминаи як табаддулоти дигар сари қудрат омада буд. Дар ин ҳодса дар майдони марказии Бишкек ва назди кохи раёсатҷумҳури ин кишвар даҳҳо нафар бо шумули намояндаҳои мухолифин ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст доданд.
Мӯҳр
фаридун
Худован дунёву охирататро обод кунад ин кори некро ичро карди

785
Кандата зан ана ина сиесатмадор меган.

nur
рахмат бар падару модарат баин фарзанди тарбия кардаат АЛЛОХ нигохбонатон бошад

Бисёр оличаноб! Лекин чаро нафаре барои чудо намудани замин барои мактаб ва сохтани он рахмат намегуфта бошад?!....

Асадулло
Орзу мекунам ки тамоми Президентхо чунин икдомро пеш гиранд бахусус Президенти Точикистон!
ХУДОЧОН аз чамъи балохои замину осмони дар панохи хифзаш нигадораш бошад бо ин икдоми ЧАВОНМАРДОНААШ.

Офарин ба Раиси Чумхури кишвари киргиз! Ин икдоми шоиста лоики тахсин аст. Аллох дар дили ин кас мухаббатро чой кардааст.

Точик
Шурона кунед. Дар Точикистон кариб 3,500 масчид фаъолият мекунад. Худо хохад ба наздики яке аз Масчидхои калон дар Осиёи маркази дар шахри Душанбе сохтмонаш ба анчом мерасад. Барои чи мо хамаамон хизматхои Раиси чумхурамонро нодида мегирем.

Да пеши пот мурам!!! Дигархо тура дида ёд гиранд! Худо давлатата пойдор кунад

Парвиз
Офарин худо дар корат баракат дихад.

яькуб
Рахмат ба ин хел президент

хакгу
Худован тувори президента хайр бта

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)