Бахшҳо

Пешсафии тоҷикон дар Свердловск аз рӯи ақди никоҳ бо сокинони маҳаллӣ

Бештарини ақди никоҳи сокинони вилояти Свердловск бо хориҷиён ба шаҳрвандони Тоҷикистон рост меояд. Хабаргузории ТАСС бо нақл аз суханҳои Татяна Кузнетсова, сардори Раёсати вилоятии Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) менависад, аз 2256 ҳолати ақди никоҳи сокинони Свердловск бо хориҷиҳо дар соли 2014, 712 ҳолати он ба шаҳрвандони Тоҷикистон рост меояд, ки бештарин рақам мебошад: “Дар соли 2013 ин рақам ба 289 мерасид”.

Аммо манбаъ нагуфтааст, ки аз ин издивоҷҳо чӣ миқдор ба мардҳо ва чанд ҳолат ба занҳо рост меояд. Аз ҷамъияти минтақаии фарҳангии тоҷикон – “Сомон” ба ТАСС гуфтаанд, дар қаламрави Свердловск наздики 70 ҳазор зодаи Тоҷикистон ба сар мебарад, ки бештарини онҳо муҳоҷирони мавсимиянд: “Беш аз 90 дарсади онҳо ба корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва бахшҳои хизматрасонӣ машғуланд”.


Раҳбари ЗАГС гуфтааст, баъд аз тоҷикон, шаҳрвандони Озарбойҷон бо 388 ҳолати ақди никоҳ дар ҷои дуюм ва табааи Узбакистон бо 239 ҳолат дар мақоми сеюманд. Ба қавли Татяна Кузнетсова, сокинони маҳаллӣ бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дур ҳам издивоҷ кардаанд: “Тибқи омор дар 20 ҳолат шаҳрвандони Олмон, дар 13 ҳолат сербҳо, дар 9 ҳолат мисриҳо ва дар ҳафт ҳолатӣ туркҳову итолиёиҳо бо сокинони вилоят ақди никоҳ бастаанд”.

Манбаъ мегӯяд, дар қиёс ба соли 2012 дар 12 моҳи соли сипаришуда шумори ақди никоҳи сокинони вилояти Свердловск бо хориҷиҳо ду маротиба афзоиш ёфтааст. Аммо масъули ЗАГС гуфтааст, сабабҳои афзоиши ба шавҳар баромадан ё ба занӣ гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ аз сӯи сокинони маҳаллиро намедонанд, чун кори онҳо танҳо сабт кардани ҳолатҳои издивоҷ асту бас.
Мӯҳр
debian
50 % из за гражданство, наверное :)

Боз аз духтарони худ домангир мешавем, ки чаро бероха шуданд.

90% барои шахрванд шудан хаст.

699
Генефонд чи мешавад онхо ун чо инхо кучо?

56
[b]69Ака байни духтарони рус ва духтарони точик фар кам монда аст духтарони точик дар даври пеш хурмати падару модарро мекардан дар хизмати шавхар будан хозер бошад мисли духтарони Еаропа таги турсик мини юпка шортик ошик бози дар набудани шавхар шабгарди барои хамин духтари рус фидаи созтар мерасад барои писарон чои истикомат паспорти руси чои кор.

... МУмкинай ки фикр мекна ба чои шароити зани се йо чоруми точики мусулмон будан, шароити зани якумии руси гайримусулмон хубтарай - а ?????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)