Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 10:49

Ҳушдори шаҳрдори Хуҷанд бо волидони ҷавононе, ки аз рафтан ба артиш худдорӣ мекунанд

8 апрел 2015, 13:45

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд бо волидони ҷавонони ин минтақаи кишвар, ки аз адои хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, мулоқот кардааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, Аҳматзода субҳи 8 апрел ба хонаи се ҷавоне, ки аз шомил шудан ба сафи артиш худдорӣ мекунанд, рафта, бо падару модарони онҳо мулоқот ва суҳбат кардааст.

Ба иттилои манбаъ, раиси шаҳри Хуҷанд гуфтааст, дар сурати идомаи ин раванд ва ҳозир нашудани фарзандони онҳо барои рафтан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон алайҳи онҳо чора хоҳад андешид: “Даъватшаванда А. Ҳомидов, А. Фозилов ва Н. Қодиров аз адои хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, бе сабаб ба комиссия даъват ҳозир намешаванд. Агарчанде ба онҳо намояндагони комиссариати ҳарбӣ то оғози мавсими даъвати имсола даъватномаҳоро супорида огоҳ гардида буданд”.

Манбаъ мегӯяд, шаҳрдории Хуҷанд тамоми раисони кумитаҳои маҳаллаҳои маркази вилояти Суғдро бори дигар дастур додааст, то ҳамкориро бо комиссияи даъват ба роҳ монда, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон, аз ҷумла волидайни ҷавонони синни даъватӣ бештар ба роҳ монанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мир

  • 8 апрел 2015 14:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рачаббой ако о худатон хизмати аскари кадаги ми?
Посух додан
  • 200

  • 8 апрел 2015 14:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шурави набошад ки бо дили пур равад акалан 200 сомонишон дихен ки раванд
Посух додан
  • икдоми хуб

  • 8 апрел 2015 14:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раис икдоми хуб кардааст. Намояндаи Президент дар шахри Хучанд вазифаи худро ичро кардаст. Дар чумхури ва вилояти Сугд тамоми шароит барои хизмат мухайё шудаги, Ватан тинч, орому мардумаш осуда, рафта хизмат кунанд. Мактаби мардия мегузаранд.... Офарин раис
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
оооооо!!!! кани ако гуед ки чанд то бачаю чиянхотон хизмат кадас? як бор шароита рафта дидедми? солдатхои гумшудаю кушташудаю мачруху маъюба чавобаша ки мегуяд? бачаи бечораи камбагал балоба мондаги а бо???
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Икдоми хуб аст. Имруз монанди баъзе комментнависхои беному беномус барин аз як кунч киноя карда хонашеру майдонгариб шаванд ва хамма чавонхо бари домани модрашона дошта шинанд ки ватанро химоя мееунад.
Касе мачрух кард ё берахми нисбати сарбозон кард чавобаша назди конун медихад. Зарари хамон масъулини нисбати сарбозон берахми карда бо шахсони аз аскари гурехтаю "далерони комментнависи" игвоангез барои ватан як хел аст. Гараз ки хаст Раиси шахр назди мардум равад хам барои онхо маъкул не наравад боз ганда. Ин мардумба хайрон мешави!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!