Бахшҳо

Қирғизҳо патентро бе навбат мегиранду тоҷикон мемиранд

Муҳоҷирони Қирғизистон имкон доранд нисбат ба дигар муҳоҷирон дар Русия патент барои корро зудтар дастрас кунанд. Дар ин бора Вазорати ҷавонон, кор ва муҳоҷирати ин кишвар хабар додааст.

“Чанде пештар мо аз Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия хабарнома дарёфт кардем, ки дар он гуфта мешуд барои шаҳрвандони Қирғизистон патенти кор зудтар дода мешавад. Аз ин ба баъд онҳо метавонанд патентро дар ҳама гуна марказҳои муҳоҷират бидуни навбатпойӣ бигиранд ва барои қирғизҳо роҳрав ва равзанаи махсус кушода шудааст”,-изҳор доштааст сардори раёсати сиёсати муҳоҷирати ин ниҳоди Қирғизистон, Канибек Сартбаев.

Канибек Сартбаев ҳамчунин гуфтааст, ин навгонӣ ду моҳ пештар ворид шуда ва барои ҳамаи қирғизистониҳои саросари Русия паҳн мешавад. Вазорати ҷавонон, кор ва муҳоҷират гуфтааст, Қирғизистон дар Русия ҳамагӣ 530 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ доранд.

Ин муносибати махсуси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бо Қирғизистон дар ҳолест, ки 5 апрел Эсанов Комилҷон Сарибоевич, сокини ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон дар миёни издиҳом дар яке аз нуқтаҳои бо номи Маркази муҳоҷират дар минтақаи Сахаровои Маскави Нав (Новое Москва) барои гирифтани патент ба ҳалокат расид.
Мӯҳр
Мухочир
Сохиб доранд мо барин не

БАРОИ ОН КИ КИРГИЗХО СОХИБ ДОРАНД ОНХО АЗ МУХОЧИРОНАШОН ДИФОЪ МЕКУНАНД ТОЧИКОН АГАР СОХИБ МЕДОШТАНД АКАЛАН ЯК НОМА БА ПУТИН МЕНАВИШТАНД КИ БО ШАХРВАНДОНИ МО ХАМЧУ САГ РАФТОР НАКУНЕЕЕДДДД!!!!!!

Мухочири бечора
Хукумати киргизистон шахрвандонашро дар инчо дастгири мекунад. Чаро хукумати мо парвое надоред баръакс консулгари точикистон дар инчо барои кори андаке пули хангуфт талаб мекунад агар пули талаб кардаашонро надихи хамрохат гап намезананд. Мо дар инчо баробари саг кадр надорему киргизхо обру доранд. Худоё мо кай сохиб пайдо мекарда бошем?

мухочир
рохбарони мо аз паси ришу хичобанд

Хошим
Хукумати мо хобаст.

Таҳлилгар
Ин ягон ҷои ҳасадхӯрӣ надорад.
Ин кор Русияро дар мардум "доғ-доғ" кардан мегӯянд.
Руссия тамоми Қирғизистонро харидааст. Бо дохил шуданаш ба Иттиҳоди Евразия Қирғизистон бештар зери таъсири Руссия мемонад ва илоҷи дигар надорад.
Бо ин кораш Россия мехоҳад ба дигарҳо аз он ҷумла Тоҷикистон нишон диҳад, ки чигуна мушкилиҳояшон ҳал мешавад, вале дар асл ин як найранги нави ғуломдорӣ ҳаст.

muhammad
яъне ба халки точик ягон имтиёзот вучуд надорад, агарчи дар чанд мавридхо шартномахо баста шудааст...

Анвар
Барои он киргизхо бенавбат патент мегиранд , ки дар Киргизистон забони руси макоми давлатиро дорад. Мо бошем забони русиро несту нобуд кардем дар Точикистон. Давлатдорони мо фикр намекунанд, ки бе Россия ахволи мо вазнин аст. Бинобар ин харчи зудтар мо ба забони руси бояд макоми давлати дихем, яъне забони дуюм.

Русия чои сустии моро медонад барои хамин вуруди мухочирони точикро мушкил кардааст Аммо мо точикон набояд ба мини ссср пайваст чун ки ин фиреби навбатии путин мебошад. Вобастагии мо аз русия дучанд мешавад озодаго ку бинем озоди е ...

киргизхо натанхо бе навбат патен мегиранд баъд аз мохи апрел метавонанд бе патен кор кунанд аммо бар точики мо руз то руз мушкили эчод карда истодаанд. Худо окибаташро ба хайр биерад.)

хамин точикхо здраствуй досвиданияро медонаду халос.

Киргизхо патент намегиранд онхо Факат регистрация мекунанд точикон барои хучат кардан аз 30 то 40 хазор сарф мекунанд

агент
Мухочир,
руссия чои сустии моро не сусутии чаноби оли ва камандаашро медонад русия аз ватани мо 100баробар фоида дисос назар ба киргизхо хамин окно и норак ки хаст мисли ин дар дигар чои дуне сохта намешавад ки мисли кафи даст чохонро дида истодаанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)