Ду бародари маст дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешаванд
Ҳайати мунсифа дар вилояти Ленингради Русия ду бародареро, ки дар куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар соли 2014 муттаҳам мешуданд, айбдор шинохтааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин ду бошандаи ноҳияи Киров акнун интизори ҳукми додгоҳ хоҳанд буд. Ба иттилои манбаъ, ин бародарон моҳи июни соли 2014 дар ҳолати мастӣ дар соҳили ҳавзе дар наздикии шоҳроҳи “Кола”-и ноҳияи Киров як шаҳрванди Тоҷикистонро мавриди латту кӯб қарор додаанд. Гуфта мешавад, онҳо нахуст бо шиша ба сари ин тоҷик зада, баъдан ба қафаси сина ва пушти ӯ баромадаву бо лагад задаанд. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Баъди ин бародарон ҷасадро даруни буттаҳо мегузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |