Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 14 декабр 2018, 01:16

Қазоқистон ба музокироти Сурия мепайвандад

9 апрел 2015, 09:21

Мухолифини Сурия дар назар доранд аз Қазоқистон даъват кунанд, ки ба раванди музокироти Сурия, ки даври навбатияш 6-9-уми апрел дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, бипайвандад. Ранда Кассис, яке аз иштирокчиёни ин музокирот дар ин бора иттилоъ додааст.

Хонум Кассис гуфтааст, ки онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев мактуб бинависад ва пешниҳод намояд, ки бо як гуруҳи корӣ, ки аз мухолифин таркиб ёфтааст, ки як қисмашон дар нишасти Маскав ҳузур доранд ва ҳамчунин мухолифини дигаре, ки дар ин нишаст иштирок накардаанд, вохӯрӣ намояд.

Ба назари ин мухолифи суриягӣ, “Қазоқистон як е аз кишварҳои бетараф мебошад ва муносиботи хубе бо тамоми кишварҳо –аъзои доими Шӯрои амнияти СММ дорад ва изҳор кардааст, ки аз ҷониби Остона ҳам “бонги мусбате шунида” мешавад.

Бояд гуфт, ки музокироти намояндаҳои мухолифини Сурия барои бори дувум аст, ки багузор мегардад. Даври аввали ин музокирот дар охири январ бо иштироки бештар аз 30 намояндаи груҳҳои мухолифин ва ҷомеаи мадании Сурия баргузор шуда буд. Ҳар ду даври музокирот ҳам дар Маскав баргузор шудаанд ва дар ин ду музокирот натоиҷе бо номи “принсипҳои маскавӣ” ба даст омадаанд, ки дар онҳо гап дар бораи коркарди роҳкорҳои ризояти миллӣ дар Сурия меравад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонум Кассис гуфтааст, КИ онҳо тасмим гирифтаанд, КИ ба президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев мактуб бинависад ва пешниҳод намояд, КИ бо як гуруҳи корӣ, КИ аз мухолифин таркиб ёфтааст, КИ як қисмашон дар нишасти Маскав ҳузур доранд ва ҳамчунин мухолифини дигаре, КИ дар ин нишаст иштирок накардаанд, вохӯрӣ намояд.
КИ 6 то шудааст. Ин чи журналистиву журналистика аст, Озодагон????????

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!