Бахшҳо
09 апр 2015 10:51Тоҷикистон / Сиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Президент раиси панҷ шаҳру ноҳияро иваз кард

Бобоалӣ Табарзода бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода озод карда шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, ин тағйироти кадрӣ субҳи 9 апрел сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигари худ Сиҷоуддин Саломзода, раиси пешини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистонро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъин намудааст.

Инчунин бо як фармони раисҷумҳури кишвар Маҷидӣ Мӯҳтадӣ Хайрулло аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод шуда, Ориф Хоҷаев, собиқ раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъйин гардидааст. Мираллӣ Раҷабзода низ бо дастури раисҷумҳури кишвар ба хотири ба кори дигар гузаштан аз симмати раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон барканор шуда, ба курсии ӯ Фатҳулло Ҳурматов, собиқ сардори Кумитаи заминсозиии вилояти Хатлон такя задааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон Саидмурод Тағозодаро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод намуда, ба ҷои ӯ Муҳаммадраҳим Юсуфи, собиқ муовини раиси ноҳияи Рудакиро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи мазкур таъйин кардааст. Ҳамчунин, Каримиён Имомназар аз вазифаи раиси ноҳияи Файзобод барканор ва ба ҷои ӯ Миралӣ Раҷабзода иҷрокунандаи вазифа таъйин шудааст.
Мӯҳр
доно
Ин дафъа навбати раисони кумитаи замин будааст ку...бичилашон хест

Ахмад
Баъди он кош раисони Рогуну Нуробод ва Тавилдараву Чиргатол маззаи фармони 69-ро мечашиданд.

муслим
Фармони 69 чи хел аст?

Яъкуб. Душанбешахр.
Инхоро аз вазифа нагирифтаанд , балки худи раисон вазифахояшонро бо якдигар иваз кардаанд.Гуё, ки ин вазифахо аз падару бобохояшон мондааст, ки истеъфо додан намехоханд.

одам
хамин раиси нохияи Шурообод каи гирифта мешавад
мухтарам чаноби оли ягон одами ватандуст ва бо вичдонроо таин намоед

Чаноби Оли, хамин раиси нохияи И.Сомони, ш.Душанбе кай гирифта мешавад? наход набинед бо чи корхо машгул аст?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)