9 масъалаи марбут ба ҳаёти ҷавонони ИДМ ба баррасӣ гирифта шуд.
Зимнан, 1ва 2 октябри соли равон дар бустонсарои ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ сурат пазируфт. Аз кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба «Озодагон» гуфтанд, ки дар кори ҳамоиш гузориш оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон шунида шуд. Лоиҳаҳои нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2012-2013 оид ба амалӣ намудани Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонони ИДМ дар давраи то соли 2020 дида баромада шуд.
Ҳамчунин нақшаи кори шӯро барои соли 2012 ва бо назардошти дар ИДМ соли 2012 эълон гардидани соли варзиш ва тарзи ҳаёти солим баррасӣ ва қабул гардид.
Гуфтанист, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Арманистон, Белорусия ва Молдова аъзои шӯро буда, Украина мақоми нозирро дорад.
Манбаъ афзуд, дар анҷоми ҷаласа масъалаи роҳбарии кори Шӯро дар соли 2012 баррасӣ гардид ва бо назардошти фаъолияти пурсамар дар соли соли 2011Маликшо Неъматов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз нав раиси шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ дар соли оянда интихоб гардид. {jathumbnail off}
Мӯҳр