Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 16 январ 2017, 17:55

Суғд: Муҳоҷират сафи террористонро зиёд мекунад!

10 апрел 2015, 18:49

Алишери ТОЛИБ

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, ки беш аз 70 дарсад ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар муҳоҷирати корӣ берун аз хоки Тоҷикистон шомил мешаванд.


Шариф Назаров, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, дар конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот”, ки дар «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд, рӯзи 16-уми март баргузор шуд, гуфт, ки кормандони ин ниҳод шурӯъ аз соли 2010 ва дар ду моҳи соли ҷорӣ ҷамъ 311 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ боздошт кардаанд.

Ба иттилои генерал Назарзода, аз ҷумла 177 нафар аъзои иттиҳоди ҷиноии "Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, 68 узви ҷамоати "Ансороллоҳ”, 31 аъзои ҳизби динӣ-экстремистии "Ҳизб-ут-Таҳрир”, 13 узви равияи динии "Салафия”, 12 аъзои ҷамоати "Ҷундуллоҳ”, 10 узви ҷамоати динӣ-экстремистии "Даъват-ут-таблиғ”, ки дар ҳайати 12 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ фаъолият намуда, мақсади содирнамоии ҷиноятҳои вазнини дорои раванди террористию экстремистии таъсири васеъи ҷамъиятиро доштанд, муайяну дастгир шуданд.
- Далелҳои шайъии тасдиқкунандаи харакатҳои ҷинояткоронаи онҳо дарёфту мусодира ва нисбат ба аъзои ин гурӯҳҳои ҷиноӣ бо дастрасии талаботи моддаҳои 187, қисмҳои 1 ва 2, 401 иловаи 1, қисми 1, 347, қисми 2, 307 иловаи 2, 195, қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст,- гуфт Назарзода.

Манбаъ мегӯяд, ки аз ҳисоби дастгиршудаҳо 82 нафар сокинони шаҳри Истаравшан, 58 нафар аз Исфара, 17-нафарӣ аз шаҳру навоҳии Конибодому Панҷакент, 11 кас аз Хуҷанд, 2 нафар аз Чкалов, 54 нафар аз Бобоҷон Ғафуров, 20-нафарӣ аз Ашту Спитамен, 12 кас аз Шаҳринав, 10 нафар аз Мастчоҳ, дунафарӣ аз Зафарободу Ғончӣ, якнафарӣ аз Қубодиён, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Душанбе мебошанд.

Шариф Назарзода гуфт, ки 153 тан аз дастгиршудаҳо ҷавонони синни то 30 ва 158 нафар шаҳрвандони аз 30-сола боло буда, зиёда аз 70 дарсади онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз марзи Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гаштаанд.

Соҳибназарон дар Суғд мегӯянд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ шомил шудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо омилҳои мухталиф дорад. Яке аз сабабҳои аслиро камсаводӣ ва беназорат будани онҳо маънидод менамоянд.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, дар нишасте бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар щаҳри Хуҷанд баргузор шуд, аз хабарнигорон даъват ба амал овард, то дар амри пешгирӣ аз ифротгароӣ ва шомил шудани ҷавонон ба ин равияҳо ба мақомот кӯмак намоянд. Аз ҷумла, муовини аввали раиси вилояти Суғд гуфт, ки дар соли 2014 ва 2 моҳи аввали соли равон 120 нафар ҷавон аз вилояти Суғд бо иттиҳомоти шомил шудан ва майл ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ дастгир шудаанд.

Ба иттилои Сангинов, гурӯҳҳое дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бархе аз қисматҳои Русия ва ҷаҳони араб ба хотири пиёда кардани ҳадафҳои сиёсияшон аз арзишҳои динӣ сӯйистифода мекунанд.
- Дар чунин вазъ мақомот аз аҳли қалам ва кормандони васоити ахбори омма умед доранд, ки дар пешгирӣ аз шомил шудани сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиву динии ғайриқонунӣ, созмону ҷараёнҳои тундрави мазҳабӣ нақши муҳим дошта бошанд,- таъкид дошт Сангинов.

Сангинов аз рӯзноманигорон даъват кард, то ба назди мардум раванд ва аз мушкилоти онҳо аз наздик ошно шаванд.
- Хабарнигоре, ки андеша дорад дар утоқҳои дорои шароити мусоид нишаста, маводро омода ва манзури мардум мегардонаду бо ҳамин вазифаи худро анҷомшуда мепиндорад, хато мекунад. Ҳол он ки, дар давраи бархӯрди манфиатҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ барои омӯхтани андешаи мардум бояд хеле ҷаҳду талош кард,- гуфт Ҷ. Сангинов.

Зимнан, масъулони Прокуратураи вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ гуфта буданд, ки дар соли 2014 дар ҳудуди ин вилоят 173 ҷинояти хусусияти экстремистию терорристидошта ошкор гардида, нисбати 123 нафар 43 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Прокуратураи вилояти Суғд гуфта буд, ки 102 нафар айбдоршавандагон бо ҷурми содир намудани чунин ҷиноятҳо дар кофтукови расмӣ қарор доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!