Бахшҳо

Қарор барои кӯмак ба афроде, ки аз ҷаҳиши қурби $ “сӯхтанд”

Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, аксари қарзҳо дар соли 2014 ва ду моҳи аввали соли равон ба мардуму корхонаҳо бо асъори хориҷӣ дода шудаанд.

Ин ниҳод барои дастгирии қарзгирандагоне, ки аз ҷаҳиши қурби доллари амрикоӣ дар кишвар зарар дидаанд, дастур додааст, “аз 21 марти соли 2015 сар карда қурби фурӯши асъори хориҷӣ барои мизоҷон-шахсони воқеие, ки фоиз ва қарзи асосии асъории худро бо сомонӣ тавассути мубодила пардохт менамоянд, набояд аз қурби фурӯши асъори нақди хориҷие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муқаррар карда мешавад, баланд бошад”.

Яъне афроде, ки аз ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон бо доллар қарз гирифтаанд, метавонанд онро бо сомонӣ, тибқи қурбе, ки Бонки Миллӣ муайян кардааст, баргардонанд ва ташкилотҳои қарзӣ ҳаққи талаби маблағи бештареро надоранд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Бонки Миллӣ соли соли 2014 аз ҷониби бонкҳо дар ҳаҷми 8 миллиарду 444 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз ин бо пули миллӣ 3 миллиарду 715 миллион сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 4 миллиарду 729 миллион сомонӣ мебошад: “Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар маҷмуъ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маблағи 1 миллиарду 77 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз он 435, 7 млн. сомониро пули миллӣ ва 641, 1млн. сомониашро асъори хориҷӣ ташкил медиҳад”.
Мӯҳр
Яъкуб. Душанбешахр.
Доир ба ин мавзуъ баъзе саволхо дорам хохиш дорам кормандони сомонаи Озодагон раками Бонки Миллиро навишта мекардед.

Tojik
Аз кучо фахмем, ки курби муайянкардаи Бонки Милли кадом аст?

Ба фикри ман ин риоя нашуда истодааст, дар хакикат дар бонкхо курби пулро навишта мондаанду, лекин боз бисер мегиранд. Мисол мувофики БМТ курс 100$ - 572 сомон буд, аммо онхо 628 сомон хисоб карда гирифтанд. Ое ин дуруст аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)