Бахшҳо

Сафири Арабистони Саудӣ Тоҷикистонро тарк кард

Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба хотири поён ёфтани ваколати дипломатияш шаҳри Душанберо тарк кард.

Дар ин бора ба “Озодагон” аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҳанӯз маълум нест, ба ҷои ӯ кӣ дар курсии сафирии Арабистони Саудӣ дар Душанбе хоҳад нишаст.

Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд 59 сол дорад, ба ҳайси нахустин сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2011 вориди Душанбе шуда буд.

Ӯ фориғуттаҳсили Донишкадаи дипломатии шаҳри Риёз буда, то омадан ба Тоҷикистон дар курсии сафирии кишвараш дар Покистон ва Эрон такя мезад. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз давлатҳои арабие мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро моҳи январи соли 1992 эътироф карда, 22 феврали соли 1992 байни Душанбею Риёз муносибатҳои дипломатӣ барқарор шудааст.

Арабистони Саудӣ нахустин кишвари арабӣ мебошад, ки моҳи январи соли 2010 намояндагии дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намудааст. Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ҳанӯз аз моҳи сентябри соли 2008 ба фаъолият шурӯъ карда буд.
Мӯҳр
Мантиқ
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз давлатҳои арабие мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро моҳи январи соли 1992 эътироф карда, 22 феврали соли 1992 байни Душанбею Риёз барқарор шудааст.

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз давлатҳои арабие мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро моҳи январи соли 1992 эътироф карда, 22 феврали соли 1992 байни Душанбею Риёз барқарор шудааст.
Фикр умуман номаълум аст ки чи чиз барқарор шудааст??

Яман
Худо лаънатон кунад

Сарфу нахв
Ассалому алайкум - Мантик

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз давлатҳои арабие мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро моҳи январи соли 1992 эътироф карда, 22 феврали соли 1992 байни Душанбею Риёз муносибатҳои дипломатӣ барқарор шудааст.

Фикр умуман номаълум аст ки чи чиз барқарор шудааст??
Чавоб: - муносибатҳои дипломатӣ барқарор шудааст.
Дуруст хон -баъд аз мантик сухан гу.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)