Бахшҳо
16 апр 2015 09:46Тоҷикистон / Тема дня

ВИДЕО: Ниҳоди Рустами Эмомалӣ тақозои Прокурори генералиро иҷро накард

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ниҳоди зертобеи Рустами Эмомалӣ супориши Додситонии кулли кишвар барои ифшо накардани ному насаби гумонбаронро, то даме, ки ҳукми суд содир нашудааст, иҷро накард.

Дар гузориши видеоие, ки 13-уми апрел шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон аз қавли Оҷонсии мубориза бо фасоди кишвар пахш кард, ному насаби ҳамаи гумонбарони боздоштшуда, ки тафтиши парвандаи ҷиноияшон ҳанӯз ба охир нарасидааст, эълон гардид.

ВИДЕОИ ГУЗОРИШИ ОҶОНСИИ ЗИДДИ ФАСОД ДАР ШАБАКАИ АВВАЛ

Ин дар ҳолест, ки ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли як мактуб аз тамоми ниҳодҳои интизомии кишвар, аз ҷумла Оҷонсии мубориза бо фасод талаб кард, ҳангоми боздошти афроди гумонбар дар ҷиноят номашон ошкор нашавад. Додситонӣ ҳадафи ин тақозояшро дар он гуфт, ки эълони номи боздоштшудаҳо то исботи гуноҳ метавонад ба шаъну эътибори онҳо зарба занад, чун дар бархе ҳолатҳо бегуноҳии бархе аз боздоштшудаҳо зимни тафтишоту мурофиаи додгоҳӣ собит мегардад.
Мӯҳр
help
Мухтарам прокурор пешниходи хубе кардаянд чунки дело то суд норафта баъзеш озод мешаванд бо тарики пул ёки таго ёки тоза будани худи шахс

аз шумо хохих мекунам акалан ягонг сапти видеои генерал Рустамро нишон дихед овозашро бишнавам

Юрист
Рустам дуруст кардааст.
Ин тақозои Прокурори Генералӣ ғайриқонунӣ аст.

Ин на такозои Рустами Эмомали аст на аз Додситони кулл! Ин талаботи Кодекси чиноятии ЧТ мебошад, ки бо забони руси презумпция невиновности мегуянд! Масалаи дигар ин ки ифшо кардани ном хам ба шаъну Шараф таъсиррасон аст ва хам ба пешбурди тафтишот халал мерасонад! Хай . хамика мефахма !

Риоя нанамудани талабу такозои прокуратураи генерали ин худ вайронкунии низоми пешбурди кори хамаи ниходхои давлати мебошад.
Дастгиршудагон ва гумонбарон хануз чинояткор нестанд ва ифшо намудани ному насаби онхо ин хилофи конунгузории амалкунандаи мурофиявии ЧТ мебошад. Онхо танхо баъди хукми суд чинояткор дониста мешаванд.

Мухаррири ТВт Хайрулло Абдулло солхои кин чонашро барои ватан синасипар карду бо ду дакикаи гузориши Очонсй хамаашро барбод дод. Бигузор, ки гунохе дошта бошаду онро суд хукм мекард.

как всегда одамои простой ки як бурда нонашонро мекобанд хаваё дар даст меафтанд!!!

Салом,вакто ки хамаи кирдорхои чинояткорон сад фоиз маълуму исбот шудаанд чи хочат барои гуфтани ному насаби онхо...Агар таркиби чиноятро кобед хеле бисьер, Худо хоханд чаноби Рустами Эмомали то кадри имкон онро кам мекунанд.Ман ба ин шахс боварии комил дорам,аз хеч кас наметарсанд...НЕСТ БОД КОРРУПСИЯ!!!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)