Бахшҳо

Ҷамъоварии имзо ба ҳимояти Ҳусейнова ва талаби дахолати Убайдуллоев

Наздики 300 сокини шаҳри Душанбе бо имзои як муроҷиатнома дар фейсбук аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт дархост кардаанд, ки ба қазияи ба додгоҳ кашидани рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова бетараф набошад.

Муроҷиаткунандагон даъвои додгоҳии Ҷумъахон Давлатов, муовини феълии раиси корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”-ро алайҳи Ҷамила Ҳусейнова беадолатӣ хондаанд, чун ба гуфтаи онҳо рӯзноманигор рисолати худро иҷро карда, фаъолияти Давлатовро дар замони раиси корхонаи “Автобус-1” буданаш, интиқод намудааст. Ин гуруҳи сокинони Душанбе мегӯянд, воқеан мушкилот дар умури нақлиёти пойтахт хеле зиёданд ва масъулин ба ҷои ислоҳ аз болои онҳое, ки ин камбудиҳоро ошкор мегӯянд, ба додгоҳҳо шикоят мекунанд: “Мо аз шумо, Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамчун раиси Маҷлиси Миллӣ ва раиси Душанбе хоҳиш дорем, ки нисбати қазия бетараф набошед, зеро Ҳусейнова вазифаашро иҷро карда, бемасъулиятии Давлатовро оммавӣ кардааст”.

Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ки ахиран Ҷумахон Давлатов, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон”, алайҳи нашрияи "Вечерний Душанбе"-и Акбари Саттор ва рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова ба Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурда, 101,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ талаб кардааст.

Давлатов даъво дорад, ки дар матлаби хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова, ки таҳти унвони “Почему автобазы превращаются в «кладбища» автобусов?” дар нашрияи “Вечерний Душанбе” чоп шудааст, ӯ мавриди таҳқир қарор гирифтааст. Ӯ изҳор доштааст, ки баъди хондани ин матлаб вазъи саломатияш бад гардида, касалии қандаш авҷ гирифтааст.

Акбари Саттор, муассиси “Вечерний Душанбе” бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, Давлатов аз нашрия 100 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва аз хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова 1,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ талаб кардааст: “Ман ба додгоҳ рафта, таъкид доштам, ки дар қазия ба ҳайси ҷавобгар иштирок хоҳам кард. Мо матлабамонро бо далел чоп кардаем. Боқӣ додгоҳ қарор хоҳад кард, ки дар қазия кӣ ҳақу кӣ ноҳақ мебошад“.

Дар матлаби баҳсбарангез аз зиёд шудани автобусу тролейбусҳои корношоям дар автобазаҳо интиқод шудааст, ки баъзан ба бемасъулиятии роҳбарон марбут аст. Ҳусейнова дар матлабаш Ҷумахон Давлатов, собиқ роҳбари корхонаи “Автобус-1”-и Душанберо зикр карда, афзудааст, ки ӯ тайи як соли роҳбарияш хешовандонашро дар хобгоҳи корхона ҷой карда, фикре накард, ки он моли шахсии ӯ набуда, моликияти давлат аст: “Баъди роҳбарии Давлатов мушкилот дар корхонаи “Автобус-1” афзоиш ёфтанд, аммо ӯро ба ҷои он, ки ба ҷавобгарӣ кашанд, баръакс вазифаи баландтар дода, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” таъин карданд”.
Мӯҳр
Ҷумъахон Давлатов дар як курсии нарму дафтари кории мувофик сикка задааст кай парвои мардум дорад?! якбор дар тролейбус даромада 200 одама бинад ки дар чи ахвол ба чои лозима мерасанд баъд мефахмад кадри пулро... барои пула ёфтан мехнат кардан даркор, на ин ки аз хисоби касе ёфтан.

Офарин ба Давлатов, баъзе аз рузноманигорон бо гапхои савсатаашон кисми зиёди чомеаро асобони мекунанд. "Кам тар ба замин рох гардед"!!!!!!!

муосиръ
иии душанбе хама сохахаш хамитари аст

Салом
Вазифаи асосии рузноманигор ошкор кардани камбудии чомеа мебошад. Агар дар чомеа рузнома, мачала, интернет, китоб, радио ва шахси масъул яъне рузноманигор (журналист) набошад, омма (халк) аз кучо медонад, ки дар дунё чи гап аст. Судия хакикатро бояд нишон дихад на ин ки .............дигараш ба хама маълум.

Охи афтобусора хамту фурухта намеша Чазир када металаломда метан!!!

Бародар, инчо гап сари он меравад, ки раиси шахр донад, на дахолат кунад, суд хал мекунад, ки хак ва ки нохак. Баъдан Чамилахо зиеданд ва шахрдор медонад, кадоме дар бораи мушкилоти шахр менависад ва кадоме дар бораи мансабдорон ва банкхо

Пеш аз он, ки дар бораи ин хохари мову шумо - журналист, гапхои пасту баланд ва поку ифлос мегуед, як бор ба автобазаи мусофиркашонии(ракамаш аз ёдам рафтааст)вокеъ дар махаллаи Хаёти нав, ё собик заводи асфальт, ва ё автобазаи номдори Икарусхои Душанбе вокеъ дар Карияи боло ё паркхои троллейбусхои шахри Душанбе каллахои пур аз магзатонро дароред, баъд мефахмед, ки холати наклиёти мусофиркаши кучову баланд шудани канд дар хуни раиси ин сохаи наклиёт дар кучост. Мардум дар наклиёти шахси болои хам мераванд, аммо наклиёти мусофиркаши шахри дар холи хароби карор доранд.

Ронанда
Давлатов дуруст кардааст ин духтар ки кулли журналистонро беобру кардааст ба хотири гаразхои шахсияш ин мавзуъро навиштааст, на ба нафъи чомеа... Дигар ин ки у шояд фикр кард, ки чаноби Давлатов мисли бархе раисакхо аз у харосида ё намедонам бо кадом як максади дигар ба у "дуст" мешаванд...........

агар ба насфи касе расен ба хамин руз гирифтор мешавед Холи вакти он расидааст факт рохбаронро бояд таъриф кард на танкид .

Бо ин рох мехохан хамин рузноманигорхоя хам тарсонанд то ки кам будихои чойдошта ошкор нашавад

рахмат ба хамин рузноманигорхо ки бар хар навъ набошад пеши рохи як хел шахсонро мегиранто аз хад нагузаронан

Ронандаи азиз!
Ахмак будаи!
хамин хозир хам дар автобаза дар вагонхо хешовандони Давлатов зиндаги доранду аз он намебароянд! У ба чои ба ронандахои автобус хучра дихад баръакс ба кудояш ва хешовандонаш хона медоду ронандаи автобус саргардон! Дар Азия плюс низ уро танкид карда буданд ва ин даъфа танхо барои сафедкунии худаш ин корро кардааст!

Охи. И Чамила хамон духтаре нест ки дар сараш сатри сиёх дошт?!

Хамин журналистони хозираи Точикистон хама масъалахоро яктарафа менигаранд ва яктарафа инъикос мекунанд. Бубинед, бисёрии онхо тарафдори ХНИТ хастанд, хол он ки журналист набояд аъзои ягон хизб ё тарафдори ягон хизб бошад. Як журналисти чавон, ки доим зидди хизби хоким гап мезаду хизби нахзатро тариф мекард, аз дини Ислом як ду савол пурсидам. Хайхот, чавоб ку майлаш хатто ба савол сарфахм нарафт. Дигар ин ки журналистон бояд тамоми камбудихоро гуянд ё аз дасташон ояд хал кунанд. Баъзехо агар диданд, ки аз матлаб танхо худашон манфиат мебинанд, менависанд, вагарна фоида набинанд, хатто ба он матлаб наздики хам намекунанд, гарчанд аз он ба мардум фоидае расад. Дар ёдам аник нест кадом сол буд, такрибан 5 сол пеш ба Назири Нусрат оиди масъалаи мавчи радиои Имруз пешниход кардам. У гуфт бо рохбарият маслихат карда ин муамморо хал мекунем гуфт. Вале то ба хол ин масъала халли худро наёфтааст, чунки аз халли ин масъала халк манфиат мебинаду Нусрат не. Мана худатон ёбеду гиред. Озодагон ва мухтарам Зафар Суфи инро албатта чоп кунед, ягон нуктаашро напартофта. Каблан сипосгузорам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)