Бахшҳо
21 апр 2015 08:03Ҳуқуқи инсон

Собиқ маҳкумшуда: Кӣ бояд дастгирӣ кунад?

Муҳайё НОЗИМОВА

«Ман барои ӯ тамоми дунёро фурӯхта озодиашро мехаридам…», - мегӯяд зане, ки ба муддати панҷ сол равонаи зиндон шуд.


Дар муддати ҳашт моҳи соли 2014 аз ҷониби ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният» дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғон-теппа, Хуҷанд ва Хоруғ ба 142 нафар собиқ маҳбусон, ки аз ин миён 25 нафар зан ва 117 нафар мард будаанд, машваратҳои ҳуқуқӣ додаанд. Тибқи иттилои ҳуқуқшиносони ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар натиҷаи таҳлил маълум шуда, ки барои ашхоси озодшуда аз муассисаҳои ислоҳӣ (маҳбасхона) пеш аз ҳама масъалаи муҳим ва мушкилоти рақами як, барқарор намудани муно-сибатҳои оилавӣ ва наздикон мебошад.

Фотима (ном бо хоҳиши қаҳрамон иваз шудааст) занест соҳиби маълумоти олии ҳуқуқӣ, ки муддати чанд вақте дар яке аз судҳои вилояти Хатлон кор кардааст. Аз нақли ӯ маълум шуд, ки баъди мушкил гаштани пешбурди зиндагӣ бо сирф маоши давлатӣ ва сафари шавҳараш барои маридорӣ ба Русия меравад, Фотима ба тиҷорат машғул мешавад. Чанд муддате аз тиҷорат даромади хуб ба даст меорад, аммо вақте бозори Хоҷи Карим, ки Фотима дар он ҷо савдо мекард, ба коми оташ меравад, ӯ қарздор мешавад. Соҳиби молу матое, ки Фотима онро савдо мекард, ҳар рӯз барои талаби бор ё маблағи он, дари хонаи ӯро мекуфт. Ҳарчанд Фотима ваъда медод, ки дар муддати кӯтоҳтарин кор карда пули зарарро ба пуррагӣ бармегардонад, ҷониби дуюм ин ваъдаҳоро бовар накарда, ба суд муроҷиат мекунад. Дар натиҷаи баррасии парванда, Фотимаро тибқи моддаи 247қ.3, б. «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.

«Дар суд зора кардам, ки ба ман муҳлат диҳанд, то маблағро, ки беш аз 2000 дол-лар буд, кор карда баргардонам, аммо ….», -гиря гулӯгираш мекунад, аммо ӯ идома медиҳад: «Ҳатто ба инобат нагирифтанд, ки фарзандони ноболиғ дорам ва боре ҳам суд нашудаам. То ворид шудан ба ҳавлии маҳбасхона боварам намеомад, ки ин ҳодиса бо ман рух додааст. Бо мане, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорам…».

Аз нақли Фотима ӯ муддати 5 моҳ дар маҳбасхонаи занонаи шаҳраки Норак (Муа-ссисаи ислоҳии № 3/8) адои ҷазо намуда, бинобар авфи Президенти кишвар ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун (Конститутсия)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба озодӣ баромад. Ҳангоми суҳбат бо Фотима маълум буд, ки руҳафтода асту намедонад корро аз чӣ оғоз намояд. «Аз ҳама даҳшатовар барои ман он аст, ки мабодо зиндагии апаам бо гуноҳи ман вайрон шавад. Чунки танҳо ӯ маро дастгирӣ карду то имрӯз дастгирӣ мекунад ва боре шунидам, ки шавҳараш ба ӯ гуфт «агар хоҳарат пула ёфта натияд, ба ҷойи ӯ рафта мешинӣ». Ман намедонам, чӣ кор кунам? Ба куҷо равам? Корро аз чӣ сар кунам?», -мегӯяд Фотима.

Гулчеҳра Холматова ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқҳои ин-сон ва риояи қонуният» мегӯяд, ки дар бештар маврид собиқ маҳкумшудагон баъд аз баромадан ба озодӣ ба хизматрасонии ҳуқуқии боваринок дастрасӣ надо-ранд. «Вақте собиқ маҳкумшуда мехоҳад, ки оид ба бардоштани доғи судӣ ё муҳлати он иттилоъ бигирад, намедонад ба куҷо муроҷиат намояд. Ҳамчунин ин гурӯҳи одамон намедонанд, ки ба куҷо оид ба таъмини ҷойи кор муроҷиат намоянд», - изҳор дошт Гулчеҳра Холматова. Ба қавли ин ҳуқуқшиноси тоҷик дар баробари ин мушкилот, барои ворид шудан ба ҷомеаи қаблӣ ва пайдо намудани ҷойи кор ба собиқ маҳкумшудагон аз ҳад зиёд асабӣ будани онҳо ва баҳои паст ба худашон монеа мешавад. «Дар баробари мушкилоти ҳуқуқӣ собиқ маҳкумшудагон ба мушкилоти равонӣ низ дучор мешаванд, ки беш аз ҳама баҳои паст ба имкониятҳои шахсии онҳо аст», -гуфт Гулчеҳра Холматова.

«Ман ба шарти пардохти маблағ ба зарардида, ки суд онро 4900 доллари амри-коӣ муқаррар кардааст ба рӯйхати авфшудагон афтидам. Апаам кафил шуда-аст, ки дар муддати 6 моҳ, яъне то 20-уми майи соли 2015 ҳамин маблағро ба пуррагӣ бармегардонад», - бо алам нақл кард Фотима.
Ба қавли Мазбут Маҳмудов, равоншиноси «Идораи ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният», ки дар доираи лоиҳаи «Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» муддати 1,5 сол аст бо собиқ маҳбусон кор мекунад, дар бештар маврид собиқ маҳбусон баъди ба озодӣ баромадан пеш аз ҳама аз ҷониби наздикони худ дастгирӣ намеёбанд.

«Муносибатҳои аъзоёни оила бо собиқ маҳкумшудагон дар бештар маврид чан-дон хуб нест. Пеш аз ҳама дар оила ба онҳо фишори руҳӣ меоранд ва бинобар ин ашхос наметавонанд ба таври пурра ба зиндагии муқаррарӣ баргашта, дар ҷомеа худро шахси комилҳуқуқ шуморанд», - гуфт Маҳмудов.
Фотима мегӯяд, ки шавҳараш аз рӯзи аввале, ки ин мушкилӣ ба сараш омад аз вай рӯй тофт, ҳарчанд, ки дар муддати 20 соли зиндагии якҷоя ва соҳиби ду фар-занд зиндагии хушбахтона доштанд.

«Аз лаҳзаҳои аввали ба сарам омадани ин мушкил вай аз ман рӯй гардонд, гуфт, ки «ба ман ин хел зан даркор нест». Баъди чанд рӯзе, ки маро ба маҳбас бурданд, писари маро хонадор карданд, тӯйи калон шуд. Бе ман. Мане, ки бо орзуву ҳавас барои тӯйи писарам чизу чора ҷамъ карда будам, ҳатто дар ин рӯз барои ӯро ди-дан имкон надоштам…», - бо ашки чашм ба ёд меорад Фотима.

Имрӯз Фотима бо ду фарзандаш, як писару як духтар, дар кӯчаҳо мулоқот меку-над. Барои он ки наздикони шавҳараш намехоҳанд, то вай дар он хона, ки қаблан бо фарзандону шавҳараш мезист зиндагӣ кунад. Писар, ки акнун кор мекунаду имкон дорад, ба қадри зӯррас ба модараш кӯмак мерасонад ва нисбат ба духтари донишҷӯяш Фотимаро бештар хабар мегирад.

Дар фарҷоми суҳбат аз Фотима пурсон шудам, ки агар ба ҷойи шумо шавҳаратон ба ҳамин мушкил дучор мешуд, чӣ кор мекардед?
Дар посух гирист. Бо алам гирист. Дар ҳоле ки гиря гулӯгираш мекард гуфт: «Ман барои ӯ тамоми дунёро фурӯхта озодиашро мехаридам».

Мавод дар доираи лоиҳаи «Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд омода ва нашр шудааст.
Мӯҳр
латифа
бовар мекунам.бёхад аламовар.

Мо на дар Точикистон зиндаги дорем балки дар "ТОРИКИСТОН". Конун барои хар як нафар интихоби вобаста ба аз кадом кавму, "тагову" пули бедарду миён медоштаги вобаста аст. Судхо кайхо ба "тичорати конунхо" гузаштаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)