Бахшҳо

Ширкати бритониёӣ дигар “шоҳзодаи узбак”-ро дифоъ намекунад

Ширкати бритониёии “Davidson Ryan Dore”, ки худро намояндаи расмии Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистон муарифӣ карда буд, аз дифои ин “шоҳзодаи узбак” даст кашидааст. Дар ин бора бахши узбакии БиБиСӣ бо такя ба ширкати “Локсли Райана” хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, хонум Каримова ва наздиконаш тобистони соли 2014 шартномаи худро бо ширкати “Davidson Ryan Dore” тамдид намекунанд. Ширкати “Райан” далели рад кардани тамдид шартномаро вазъияти буҳронии Гулнора Каримов шарҳ додааст. Ин ширкат гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ҳеч кадоме аз ширкатҳо бо Гулнора Каримова ҳамкорӣ намекунад. Хизматрасониҳои ширкатҳое мисли “Davidson Ryan Dore” миллион доллар арзиш дорад.

Қаблан, ширкати “Davidson Ryan Dore” талош карда буд, аз Гулнора Каримова дифоъ кунад ва аз ӯ ба унвони “қурбонии фитнаҳои сиёсӣ ном бурд”. Ин ширкат он замон ба гузориши созмони “Дидбони ҳуқуқи башар” дар бораи зиндониҳои сиёсӣ дар Узбакистон ҳам ишора кард ва навишт: “Каримова мегӯяд барои даст ёфтан ба адолати додгоҳӣ танҳо ба додгоҳи байналмилалӣ умед дорад”.

Намояандагони ширкати “Davidson Ryan Dore” дар мусоҳиба бо торнамои “Фергана” гуфтаанд, онҳо намедонанд Гулнораро дар Узбакистон бо чӣ асосе муттаҳам медонанд: “Аммо, ӯ метавонад дар ҳама ҷое, ки волоияти қонун ҷо уфтода бошад, аз худ дифоъ кунад”.

Ба додгоҳ кашида шудани қазияи Гулнора Каримов, аз тирамоҳи соли 2013 шурӯъ мешавад. 16 сентябри ду соли пеш додситони Швейтсария алайҳи ин духтари раиси ҷумҳури Узбакистон барои пулшӯӣ таҳқиқоте шурӯъ кард. Ба иттилои расонаҳо, дар ҳоли ҳозир дар робита ба Гулнора Каримова додситониҳои Амрико, Ҳолланд, Шветсия ва Узбакистон таҳқиқот мебаранд.
Мӯҳр
шохзода ё малика? ба фикрам духтари подшох бошад малика мешавад, агар писар бошад шохзода

dado
said 03,
malika hamsari shoh ast...shohzoda durust

Манам фикр кадум ки бади писдухтари малика калонтарова озодагонам ориентатсияша гум кардаст, ки аввалан малика, дувум на малика на шохзода аз ин махлукхо ба мисли шоху шохзода Худованд дар панохаш нигох дорад аз 5 сол зиёд Худованд ба касе сарварии мулк надихад. сарварони худкома кутахумр шаванд. гулнора хам як обиженная аст

озодагон чиро таргиб кардан мехохед? шохони худкомаро шохзода кохзода чи маъни дорад, ин калимахо бояд ба забон оварда нашаванд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)