Сарвазир: “Истеъфои ман шароит фароҳам мекунад, сарвазири қотеътарро интихоб кунанд
Ҷомарт Оторбоев, нахуствазири Қирғизистон имрӯз, 23 апрел аз симматаш истеъфо додааст.
Ӯ аснои суханронӣ дар парлумон дар хитоб ба намояндагони мардумӣ гуфтааст: “Ташаккур аз шумо, ки кори ҳукуматро мусбат арзёбӣ кардед. Ин кори танҳо як нафар нест. Дар ҷомеаи мардумсолор бояд ҳукумат инҳисор нашавад. Шохаҳои ҳукумат бояд такон бихуранд. Аз ин хотир ман имрӯз рафтани худро аз симматам эълом мекунам”.
Ӯ афзуда, “фикр мекунам, истеъфои ман барои аҳзоб шароит фароҳам мекунад, ки нахуствазири қотеътарро интихоб кунанд. Дар кишвари мо ингуна одамон зиёданд ва ҳатто дар миёни шумо ҳам номзадони арзанда вуҷуд дорад”.
Ҷоомарат Оторбоев гуфтааст, ҳадафаш дар зиндагӣ ва фаъолият ҳамеша рушду пешрафти кишвар буд.
Оторбоев 4 апрели соли 2014 ба курсии нахуствазирии Қирғизистон такя зада буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |