Бахшҳо

Аз душмантарошӣ то муколамаи бози миллӣ

Иршод Сулаймонӣ

Ба ҷойи муқаддима бояд гуфт, ки чаро мо ба як муколамаи бози миллӣ ниёз дорем. Чун дида мешавад, ки бидуни муколамаи миллӣ ҳукумат дар иҷрои уҳдадориҳояш чандон муваффақ нест. Аз сӯйи дигар, ин номуваффақии ҳукумат боиси интиқоди шадиди мухолифон мегардад. Ҳукумат худро аз интиқоди мухолифон бо интиқоди мустаори ҷонибдоронаш ҳимоят мекунад. Вале шароит фароҳам нашуда, ки дар як муколамаи боз ҳукумат ва мухолифону интиқодгарон короии якдигарро ба баррасӣ бигиранд.

Чун музокироти сиёcии ҳукумату мухолифин дар солҳои навадуми қарни гузашта Тоҷикистонро аз ҷанг берун кашид ва улгуи нодире дар падидаи музокироту муколамаи сиёсӣ эътироф шуд, пас, мантиқан пешниҳоди муколамаи бози миллӣ ҳам метавонад барои пешрафти Тоҷикистон мусоидат кунад.

Фазои имрӯзаи сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон баъд аз интихоботи порлумонии 1-уми марти 2015 ва ҳаводисе, ки мегузарад нишон медиҳад, ки марказҳои тасмимгиранда дар пазириши қарорҳои барои сарнавишти ояндаи миллат ва Тоҷикистон муҳим бо ҷомеа ва дигар ниҳодҳои маданиву сиёсӣ вориди муколама ва машварат намешаванд. Аммо дар баробари пазириши қарорҳо норозогии иҷтимоӣ зиёд мешавад ва иқдомҳо ҳадди аққал дар фазои иттилоотӣ ба нокомоӣ дучор мешаванд. Аз ҷониби дигар, дар ҳалли буҳронитарин мушкилоти давлат ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони барҷастаи ҷомеаи маданӣ (шаҳрвандӣ), созмонҳои ғайридавлатӣ, чеҳраҳои фаъоли назари мухолифдошта ҷалб намешаванд. Ин амалкард боиси он шудааст, ки эътимоди мардум ба ҳокимияти иҷроия коста шавад. Шояд бо баргузор кардани интихоботҳо ва тадқиқоти махсус мақомоти дахлдор фаҳмида бошанд, ки пояҳои эътимоди ҳукумат миёни мардум то куҷо реша доранд. Ҳамаи ин заруратеро ба вуҷуд овардааст, ки ин зарурат аз нигоҳи илмӣ муколамаи сиёсӣ ва ё муколамаи ҳокимият ва ҷомеа номгузорӣ мешавад. Вале фазои сиёсӣ дар мо ба буҳронитарин давраи худ нарасидааст, аз ин рӯ роҳандозии як чунин заруратеро мо, бо номи муколамаи миллӣ мебинем. Муколамае, ки дар он ноздонагии сиёсӣ вуҷуд надошта бошад, балки ҳам амалкарди давлатмардон ва ҳам мавқеи мухолифон барои ояндаи обод ва тараққии Тоҷикстон боис гардад.

Шояд чунин гуфтан дуруст набошад, ки дар мо муколамаи сиёсӣ миёни ҳокимияти иҷроия ва ҷомеа вуҷуд надорад. Дар мо яке аз шаклҳои муколама – муколамаи муҳофизакоронаи бюрократӣ, ки бештар хосияти муколамаи арбобу бардаро дорад, мушоҳида мешавад. Вале дар ин муколама ниҳодҳои иҷроия пеши ниҳодҳои маъмурӣ ҳисоботдиҳанда ҳастанд ва ниҳодҳои маъмурӣ бихоҳанд ин гуна ҳисоботро мепазиранд, агар нахоҳанд, не. Ин амал аз муколама (диалог) дида бештар ба монолог шабоҳат дорад. Раванди ба истилоҳ ислоҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон ба гунае ҷараён дорад, ки пешгӯинашаванда нест ва ба назар мерасад, ки бархурди ғайридемократии тарафҳое, ки бояд дар муколама иштирок кунанд, боис ба бесуботии иҷтимоӣ мегардад.

Муколамаи давлатмардон ва ё ниҳодҳои давлатӣ бо якдигар муколамаи яккатафаккурӣ аст ва хосияти муколамаи гуногунфикриро надорад. Аз сӯйи дигар, дар муколамаи миллӣ иштирок накардани ҷомеа – созмонҳои маданӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷомеаи фикрӣ ва чеҳраҳои алоҳида ва авлавият пайдо кардану ҳарфи ҳалкунандаро задани ниҳодҳои махсуси давлатӣ дар тасмимгириҳои идеологӣ боис характери моноидеологӣ гирифтани давлат мегардад ва давлат хосияти демократии худро то рафт аз даст медиҳад.

Аммо муҳимтарин дастоварде, ки дар натиҷаи муколамаи миллӣ ҳосил мешавад демократитар шудани давлат (ҷомае) мебошад. Ва тавре дар баҳсҳои сиёсатшиносон мушоҳида мешавад “мубориза ва бархӯрди доктрина ва консепсиюниҳои гуногун”-ро ба вуҷуд меоварад.

Роҳҳои муколамаи бози миллӣ гуногунад. Яке аз василаҳои муколама таъсиси ниҳодҳои маданӣ мебошад. Дар Тоҷикистони мо институтҳои мадании ҳамин муколама таъсис ва роҳандозӣ шудаанд, вале самаранок нестанд. Яке аз ин ниҳодҳо Шӯрои ҷамъиятии назди президенти Тоҷикистон мебошад. Аммо тавре ба назар мерасад дар солҳои охир ин Шӯро ҳам ба як ниҳоди “minded” (якафикрҳо) табдил шудааст ва дар ҷаласаҳои он роҳҳалҳои мушкилоти мубрами иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии давлат мавриди баҳс қарор намегирад, барномаҳои тавофуқшуда барои ҳалли масъалаҳо коркард намегардад. Ин Шӯро нақши худро чун як ниҳоди формалӣ нигоҳ медораду бас.

Яке аз роҳҳои дигари муколамаи миллӣ расонаҳои иттилоотӣ мебошанд. То андозае мушоҳида мешавад, ки гӯё муколамаи ҳукумат ва мунтақидонаш дар расонаҳо вуҷуд дорад. Аммо аз ҷониби ҳукумат бештари маврид дар ин муколама чеҳраҳои гумном, бо имзоҳои мустаор ва бештар тариқи расонаҳои давлатӣ ширкат меварзанд. Ин муколамаҳо дар навбати аввал муаддабона нестанд ва дар қадами баъдӣ бештар аз муколама ба ҳимоят ва айбпӯшонӣ монанд мебошанд, ки якдигарро туҳмату таҳқир намуда, душмантарошиву нифоқандозӣ менамоянд. Ин шеваро натанҳо муколама гуфтан мумкин нест, балки равандест, ки тарафҳоро барои муколама дилсард менамояд ва роҳи муколамаро масдуд менамояд. Шароите, ки айнан имрӯз дар мо вуҷуд дорад.
Зарурати шадиди Тоҷикистон ба як муколамаи солими миллӣ амри бебаҳс аст. Тафсири бештари илмиву сиёсии ин падида ҳоло муҳим нест, балки муҳимтарин нукта дар ин росто доштан ва изҳори ирода барои муколама мебошад. Қадами баъдӣ аз изҳори ирода ба роҳандозии ҳамин муколамаи бози миллист.

Бузургтарин дастоварде, ки дар муколамаи бози миллӣ ҳосил мешавад тавофуқи назар, мавкеъ ва шахсиятҳо барои нигоҳ доштани субот ва амнияти миллист, ки барои Тоҷикистон бисёр муҳим мебошад.
Мӯҳр
ҳаким
оффарин, бародар
ҳарфи дили маро задед.
албатта ман ҳам дар ин росто як маколаи дигар дорам ки намехрҳам ҳоло ҳолоҳо чопаш кунам.

Хакчуй
Хайрият калимаи "калиди"ро ин навбат дар чуллае 10 бор истифода накардааст.

Ба ҲАҚҶӮЙ
Бардошти Шумо аз ин навишта танҳо банни исроилист? Фикр намекунед ки аз ин калима алергия доред? Агар чунин аст, пас боя дунболи тадовии ин касолати хеш бошӣ. Ва суоли дигар ин,ки оё медони манзур аз калимаи калидӣ, яъне чи?

Бародари ба ном Хакчуй,
Бехтар мебуд, аввало ба як чумлаи Иршоди Сулаймони то андозае сарфахм мерафтию, сониян шархе менависти. Аз фикрронию навиштачотат маълум, ки кам китоб мутолиа мекуни...

Хакчуй
Ба Абдулло ва соирин.
Дар ин забони бойю бостони магар калима кам аст, ки як вожаро дар як чумла то дах маротиб корбурд кунем?! Магар ин натичаи китоби зиёд мутолиа кардан аст?

Инсон
Бародар, Иршод маводи оли навиштед! Зарурияти чунин муколама хаст, пас фардо ин муколама ба дигар чиз табдил фтанаш мумкин.

Вакте хукумат мегуед киро дар назар доред?
Вале хуб медонед, ки хукумат дар мо як нафар аст. Тасмимгиранда хам хамон як нафар. Вазъ таврест, ки ин нафар дигар аз хакикати хол фарсаххо дур аст ва хар ки табъи дилаш харф назанад, душман мехисобад.

Проблемаи бардоштаи Сулаймони, ин доги дили имрузаи кишвар ва чомъмеаст.

одами оқил пушти нyқтаҳо намегардад. Аз навиштаҳои ин ҷавон эҳсос мешавад дар фикри ороми ва осyдагии миллати Тоҷик мебошад. Пешниҳоди бисёр хyб ва ба маврид. Инхел ҷавонҳо воқеан дусти воқеии миллат ҳастанд чyн мушкилро дарк мекунанд ва аз ояндаи бади он давлатмардонро огоҳ месозанд. Афсyс, давлатмардони мо чyнон мағрyр шyданд ки хоҳиши фаҳмидани чинин пешниҳодҳоро надорандy базан вақт нависандаҳои ҳамчyниниро ба душмани миллат мутаҳам месозанд. Мо миллат Тоҷик аз ноадолатиҳо хаста шyдемy мехоҳем давлатмардони роҳи дурустро пешаи хyд намояндy ҳам худ ҳам миллатy кишварро аз афтодан дар чоҳ ба воситаи муколама бо ҳама равшанфикрони ҷомиа ба роҳ андозанд.

БОГБОН
АЛБАТТА ВАКТИ ЧУНИН МУКОЛАМА КАЙХОСТ КИ РАСИДА АСТ . ВАЛЕ ХУДО КУНАД КИ ДЕР НАШУДА ХОКИМОН АЗ ФУРСАТУ РОХИ ХАЛЛИ ЧУНИН ПЕШНИХОДШУДАРО ИСТИФОДА БАРАНД . ВА ХУДОРО ШУКР КИ ЧУНИН БАРОДАРОНИ МИСЛИ ИРШОДИ ВУЧУД ДОРАНД ДАР ВАТАНИ АЗ ЧОН АЗИЗАМОН АЗИЗТАР КИ ДАРДИ ДИЛУ ХОЛИ ВОКЕИЯТ РО БО САДО МЕРАСОНАНД НА МИСЛЕ БАЪЗЕ ХО ДАР ДАРУНИ ХУД БЕ САМАР ПАРВАРИШ МЕДИХАНД .АГАР ВОКИАН БА МУКОЛАМА БАР НАХЕЗАНД ПАС МАЪЛУМИ ХОЛ МЕШАВАД КИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ФАКАТ ХУДРО МЕШУМОРАНД НА НА МАРДУМ РО .

Чоми
Як маколаи фач аз силсилаи "Насихатномаи Сулаймони".
Иршод, барои оянда бо хамин ном китоб чоп кун, ба навиштахоят бисёр мувофикат мекунад:)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)