Бахшҳо

Ашки Назарбоев: Узр, ки овози аз ҳад зиёд гирифтам, аммо...

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури тозаинтихоби Қазоқистон, зимни анҷуман дар “Сариарк”-и Остона ба мардуми кишвараш, барои иштироки фаъол дар интихобот изҳори миннатдорӣ кардааст.

Тибқи иттилои расонаҳои Қазоқистон, Назарбоев аз ҷумла изҳор дошта, “қазоқистониҳо дар рӯзи интихобот бори дигар муттаҳидию ягонагии худро нишон доданд, ки бар ҳамаи мушкилот ғолиб хоҳад шуд. Қариб тамоми Қазоқистон аз як гиребон сар бароварда дирӯз ба интихобот омад. Ман дидам, ки чигуна одамон бо оила, фарзандону набераҳояшон меомаданду соатҳо ва ҳатто бештар дар навбат меистоданд. Ман ҳамаро дидам. Аз ин ашк дар чашм ҳалқа мезанад, масъулият бештар мешавад, шабу рӯз водор ба фикр мекунад, чи кор бояд кард, то ҳаёти мардуми кишвар беҳтар шаваду ба оянда бо як боварӣ нигоҳ кунад”.

Назарбоев таъкид кардааст, ки мо нишон додем, маданияти сиёсии қазоқистониҳо ин маънои муттаҳидию масъулиятро дорад: “Интихоби раисиҷумҳур ин интихоби оянда худ аст. Ташаккури зиёд ва пеши ҳар қазоқистонӣ сар хам мекунам. Мо ин ҳамаро ба тамоми ҷаҳон нишон додем, чун интихоботро 850 нозир аз 37 кишвар назорат ва ВАО-и 40 кишвар инъикос мекарданд”.

Комиссияи интихоботи Қазоқистон (КИҚ) гуфтааст, дар интихоботи пешазмуҳлати раисиҷумҳур рӯзи 26-уми апрел ба ҷонибдорӣ аз Назарбоев 97,5 дарсади интихобкунандаҳо овоз додаанд. Ба иттилои КИҚ беш аз 95 дарсади мардуми дорои ҳаққи раъй дар он иштирок кардаанд.

Аммо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гуфтааст, интихобот дар Қазоқистон ба далели адами мухолифини ҷиддӣ маҳдуд буд ва ба раъйдиҳандагон интихоби воқеӣ пешниҳод нашудааст.

Худи Назарбоев дар пайи гирифтани овозҳои аз ҳад зиёд изҳор доштааст, ки ин нишондод хоси кишварҳои супердемократӣ нест ва аз нозирони хориҷӣ барои овози зиёд гирифтанаш узр пурсидааст: “Ин нишондод барои кишварҳои демократӣ қобили қабул нест, аммо ман ҳеч кардан натавонистам, зеро агар дахолат мекардам, ин аз рӯи демократия намебуд”,-овардааст аз қавли Назарбоев "РИА Новости".

Нурсултон Назарбоев баъд аз суқути Шӯравӣ ва истиқлол ёфтани Қазоқистон дар соли 1991 ин кишварро раҳбарӣ мекунад.

Қарор буд, интихоботи президентии Қазоқистон дар моҳи апрели соли 2016 баргузор шавад, аммо бо далели ба интихоботи парлумонӣ рост омадани он Анҷумани халқи Қазоқистон пешниҳод кард, як сол қабл гузаронда шавад. Баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон таҷрибаи наве нест. Чор соли пеш дар ин кишвар чунин як интихобот баргузор шуд ва КИҚ эълон кард, Назарбоев 95,5 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.
Мӯҳр
,ба интихобот дахолат накарда бошед хуб.лекин бори пачум президент шуда истодаед,инаш хам демократия будагист...хамин тавр шумо ЧАНОБИ моро табрик мекунед,ЧАНОБИ мо шуморо...шумо акнун ба ашки модаратон касам хуред...

Истиклол
Бисёр инсони хуб, мардумаш тарафдори мекунад, ва асосаш муносибаташ бо Президенти Чумхурии Точикистон хеле хуб мебошад, ки хатто гандумро барои Точикистон бо нархи арзон мефурушанд. Ин хамаш хизматхои Чаноби Оли, мухтарам Эмомали Рахмон мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)