Дарёфти 572 тона сементи қочоқӣ дар Суғд
Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз ду анбори хоҷагии деҳқонии деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сементи истеҳсоли Қирғизистон ба миқдори умумии 572 900 килоро дарёфт кардаанд, ки арзишаш 538 ҳазору 526 сомониро ташкил медодааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод муайян карда шуд, ки моли мазкур ба шаҳрванд Қодиров Дилшодҷон, сокини 31-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, ин миқдор молро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бо роҳҳои ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ ворид намудааст: “Алайҳи Қодиров барои аз сарҳади гумрукии Тоҷикистон гузаронидани мол ё дигар предметҳо бо миқдори калон, бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |