Бахшҳо
29 апр 2015 18:59Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ниҳоди зертобеи Салимзода: Ҷашни 1-уми май эҳё мешавад

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ниҳоди зертобеи Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулли кишвар эълон кардааст, ки ҷашни якуми май дар кишвар эҳё мешавад ва аъзои иттифоқи касаба дар чорабиниҳои идона ширкат мекунанд.

Федератсияи иттифоқҳои касаба бо пахши як иттилоия изҳор доштааст, ки имсол, 1-уми май, Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии меҳнаткашони ҷаҳонро бо шиорҳои “Ба мардуми меҳнаткаш - Меҳнати арзанда, ҳаёти арзанда! Ба меҳнати арзанда - музди меҳнати арзанда! Ҷойҳои нави корӣ - роҳи дурусти рушди иқтисодиёт!Риоя Конститутсия ва қонунҳо - кафолати таъмини адолати иҷтимоӣ! Зиндагӣ ва таъминоти арзанда ба собиқадорони ҷангу меҳнат!” пешвоз мегиранд: “Дар тамоми гӯшаю канори дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ бештар аз як миллион аъзои иттифоқи касаба ба кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳо баромада, дар чорабиниҳои идона иштирок менамоянд. Онҳо якҷо, ошкоро ва якдилона нисбати корфармоён дар бораи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, манфиатҳо ва имтиёзҳои худ ва муттаҳидии сафҳои иттифоқҳои касаба вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. Минбаъд 1-уми майро дар фазои баланди сиёсию ҷамъиятӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷашн мегирем”.

Ниҳоди зертобеи Шерхон Салимзода бо таъкиди зарурати ҷои кор афзудааст, ки дар шароити муосир ҷои кор ҳам наметавонад манбаи эътимоднок ва кафолатноки беҳбудии зиндагӣ бошад, зеро оқибатҳои вазнини бӯҳрони шадиди ҷаҳонӣ боиси афзоиши сатҳи камбизоатӣ, маҳрумиятҳои иҷтимоӣ гардида, қариб тамоми қишрҳои аҳолии меҳнаткаши дунёро фаро гирифтааст: “Аз ин рӯ, иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва таъмини шароити хуби меҳнат саъю талош намоянд ва аз корфармоён талаб намоянд, ки чунин шароитро фароҳам оваранд”.

Ин изҳороти Федератсияи иттифоқҳои касаба дар ҳолест, ки Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 18 март раҳбари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар интихоб шуд. Рӯзҳои аввали таъин шудани Салимзода ба вазифаи нав хабарнигори "Озодагон" барои суҳбати муфассал дар мавриди нақшаҳои раҳбари нави Иттифоқаҳои касаба ба қабулаш рафт. Аммо Салимзода ба далели танг будани фурсат аз суҳбати муфассал худдорӣ карда, афзуд, ки мусоҳибаро баъди ҷашнҳои наврӯзӣ анҷом хоҳад дод. Ӯ дар суҳбати кӯтоҳ танҳо таъкид кард, ки талош мекунад, ҳуқуқи коргарҳоро дар кишвар ҳимоя ва ба арзу шикоятҳояшон расидагӣ кунад.
Мӯҳр
А бача раха барои рахпайпои мекшонд ку. Дар Тчк мумкин набуд демонстратсия...
Ачиб аст не?

Бехтарин Марди мардхост ин шахс! Салимзода Ш.О. Дар тамоми соха сахми арзанда дорад ва ходими давлатии сатхи Оли аст! МО аз Шумо мефахрем мухтарам чаноби Салимзода аз кору фаъолиятатон бархурдорем ва дар хотир дорем! Ба хамаи Рохбарони сатхи Олии кишвар поквичдонии Салимзодаро хохонам! Дуо мегуям, ки чашми душманат кур шавад! Омин!

1май
Коре накунед ки боз ба даври СССР баргардем ё митинг ташкил накунед боз ки истеъфои хукуматро талаб кунанд ки ин вазифаро хам аз даст дихед.

ш Душанбе
мухтарам Шерхон Салимзода, Бисёр икдоми хуб.. дигар давлатхои хамсоя..донанд , ки мо рузи баналмилалии мехнаткашонро чунин чашн мегирем.....Зиндабош 1 МАЙ.........

Толиб
Хамин Шерхон бе андеша будааст. Тез пеши мардумро гиред вагарда пагох митинг сар мешавад. дар хамун чамъомад ягон душман ягон касро ба катл мерасонад ана алангаи чанг. Хитоб ба макомот зуд пеши ин корро гиред, вагарна дер хохад шуд. Озодагон зуд чоп кун! Аз мардум хохиш менамоям ба куча набароянд!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)