Бахшҳо

(VIDEO) Хушқадам Хусравов: Мехоҳам орзуи нокомили падарамро комил намоям

Варзиш дар баробари илм, дониш ва дастовардҳои дигар обрӯйи миллат ва кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло мебардорад. Имрӯз ба таври расмӣ дар сатҳи байналмилалӣ, танҳо дар ду маросим: яке ташрифи расмии сарони давлатҳо ва дигаре ғолибияти варзишкорони ин ё он давлат парчами миллӣ барафрошта ва суруди миллӣ садо медиҳад. Яке аз чеҳраҳое, ки парчами миллии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ дар кишварҳои гуногун борҳо боло бардоштаву ба шарафи ҳунар ва варзиши ӯ суруди миллӣ садо додааст, қаҳрамони имрӯзаи “Баҳси бештар” аст. Хушқадам Хусравов, варзишгари ҷавони Тоҷикистон, ки чанде пеш дар мусобиқаи Ҷоми олии қаҳрамонии ҷаҳон - “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” дар риштаи гуштии самбо дар Маскави Русия барандаи медали тило ва сазовори мақоми аввал гардид. Хушқадам барои як суҳбат ба дафтари “Озодагон” даъват шуд ва бо Иршоди Сулаймонӣ дар мавриди саҳфаи гуногуни зиндагиаш гуфтугӯ кард.

Озодагон: Фикр мекунем, ки тамоми мардуми Тоҷикистон аз дастоварди пурқиммати варзишии Шумо, ки дар оғози соли 2015 доштед, бисёр хурсанд шуданд. Он дар сатҳи расонаҳои хабарӣ, интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле истиқболи гарм ёфт. Аммо мехостам бидонам, ки Шумо чӣ гуна ба ин мусобиқа рафтед? Яъне, танҳо аз Тоҷикистон Шумо рафтед ва кӣ сарпарасти Шумо буд?

Хушқадам Хусравов: “Ба ин мусобиқа бо дастгирии як сарпараст ширкат кардам. Хушбахтона онҷо бар 4 ҳарифи пурқувват дастболо шудам. Ҳарфи аввалинам аз Туркманистон буд, ки бо натиҷаи 6 бар 0 мағлуб намудам, ҳарифи дувумам аз Русия буд ва бо натиҷаи 4 бар 0 шикаст додам, ҳарифи давраи нимниҳоӣ, варзишкори белорусӣ Иван Анисикевич буд, ки ман қаблан дар мусобиқаи марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Минск дар даври нимниҳоӣ маро мағлуб намуда буд, инҷо бо натиҷаи 6 бар 2 дастболо шудам. Вохӯрии ниҳоӣ бо варзишгари пуртаҷрибаи қазоқ буд, ӯро бо натиҷаи 6 бар 1 мағлуб кардам”.

Озодагон: Бисёр муваффақияти бузург буд ва мо ҳам аз тариқи шабакаҳои телевизиони Русия тамошо карда, хеле хуш шудем. Тавре медонем, мусобиқаи Ҷоми олии “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” яке аз мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аст дар риштаи самбо, ки бештар аз 35 давлати дунё иштирок мекунад. То ин муваффақияти Шумо каси дигаре аз варзишгарони тоҷик медали тилои ин мусобиқаро соҳиб шудааст?

Хушқадам Хусравов: “Дар ин мусобиқоти Ҷоми олии ҷаҳон ду варзишгари беҳтарини Тоҷикистон ҳам дар солҳои қаблӣ медали тилоро соҳиб шудаанд. Дар соли 2008 Далер Мусофиров аввалин медали тилои ин мусобиқотро соҳиб шудааст ва паҳлавони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов дар соли 2014 сазовори ҷойи аввал шуд”.

Озодагон: Дар соли 2015 Шумо муваффақиятҳои дигаре ҳам доштед. Дар мусобиқаи марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Минск ҳам мақоми дувумро соҳиб шудед ва дар мусобиқоти гуштии миллӣ дар Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳам дар вазни худ Қаҳрамони Наврӯз-2015 шудед. Фикр мекунед, сарчашмаи ҳамаи ин муваффақиятҳо дар ин мусобиқот чист?

Хушқадам Хусравов: “Сарчашмаи муваффақият ва ё натиҷаҳои назаррас дар риштаи варзиш аз худи варзишгар ва устоди ӯ вобастагӣ дорад. Ман бо ҳамроҳии устодам -- Муҳаммадшариф Сулаймонов дар як рӯз ду вақт ба тамрин машғул мешавам. Субҳ аз соати 7 то 9:30 ва баъди зуҳр аз соати 16:00 то 19:00. Хеле меҳнат ва заҳмати бисёр даркор аст барои дар ин гуна мусобиқаҳо медали тило гирифтан”.

Озодагон: Шумо, ки барандаи медали тилои ин мусобиқа шудед, истиқбол дар Тоҷикистон чӣ гуна буд? Масалан, аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар ниҳодҳои марбут ба варзиш Шуморо даъват карданд, табрик ва ё мукофоте доданд?

(VIDEO) Хушқадам Хусравов: Мехоҳам орзуи нокомили падарамро комил намоямХушқадам Хусравов: “Чун аз ин мусобиқа ба Ватан баргаштам, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе хеле истиқболи хуб шуд, яъне бо гулу гулдаставу чеҳраҳои самимӣ. Онҷо ҳам намояндаҳои Кумитаи ҷавонону варзиш, ҳам намояндаҳои Мактаби олии маҳорати варзишӣ ва ҳам устодони банда буданд, албатта дар баробари хешу табор. Аз ҳамаи онҳо аз тариқи расонаи шумо изҳори сипос мекунам. Ба ин истиқбол чӣ гуфтаниям. Мехоҳам бигӯям, ки машқу тамрини худро боз дучанд намуда, кӯшиш мекунам, ки шаъну шарафи мамлакати азизамонро баланд бардорам”.

Озодагон: Хушқадам, тавре медонем, Шумо 7 карат қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи самбо ҳастед, 4 карат қаҳрамони қораи Осиё, қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон ҳастед, барандаи мақоми дувуми қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон мебошед. Ба ҷуз ин, дар мусобиқоти бешумори минтақа ва ҷаҳон мақомҳои ифтихории аввалу дувуму сеюмро доред. Дар ин мусобиқоти байналмилалие, ки меравед, иштирок мекунед, ки албатта сермасраф ҳастанд, касе ҳаст Шуморо сарпарастӣ, яъне, маблағгузорӣ кунад ё аз ҳисоби буҷаи давлат меравед?

Хушқадам Хусравов: “Дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон маро як бародар, хешу таборам ҳаст, ки маблағгузорӣ ва дастгирии зиёд мекунад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё аз ҳисоби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ меравам”.

Озодагон: Фикр мекунед барои иштирок дар ҳамин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ба даст овардани муваффақиятҳо чӣ чиз муҳимтар аст: ҳунар ва маҳорати худи варишгар, маблағгузорӣ ва ё чизи дигаре?

Хушқадам Хусравов: “Пеш аз ҳама варзишгар дар дохили мамлакат бояд худро нишон диҳад, ки метавонад дар мусобиқоти байналмилалӣ шаъну шарафи кишварро ҳимоя намояд. Баъдан сафарбар намудани варзишгар ба мусобиқоти берунӣ. Чун вақте варзишгар дар мусобиқоти берун аз кишвар иштирок мекунад аз дигарон, яъне аз қаҳрамонони ҷаҳон, қаҳрамонони Осиё ва ҷоизадорони мусобиқоти бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ барои худ хеле таҷрибаи бой мегирад. Дар ҳар мусобиқае, ки меравӣ бо як ё ду қаҳрамони ҷаҳон қувваозмоӣ мекунӣ”.

Озодагон: Мо мешунавем, ки чеҳраҳои бисёр тавоно ва боистеъдод дорем, вале мушкили иқтисодӣ ва наёфтани маблағ имкон намедиҳад, ки онҳо бираванду иштирок кунанд ва худро муаррифӣ кунанд. Воқеан ҳамин мушкил вуҷуд дорад, набудани маблағ ва маблағгузор?

Хушқадам Хусравов: “Мо хеле варзишгарони беҳтарин дар намуди самбо дорем. Баъзе аз онҳо шояд маблағ намеёбанд барои иштирок кардан. Аммо агар врзишгар худро нишон дода тавонад, ҳатман таваҷҷуҳ сурат мегирад. Ман аз соли 2007 дар чунин мусобиқаҳо аз ҳисоби Кумитаи ҷавонон, Мактаби олии маҳорати варзишӣ ва бештари маврид бо сарпарастии маблағгузорон иштирок мекунам”.

Озодагон: Ҳолатҳое шуда, ки Шумо ҳуқуқи иштирок карданро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дошта бошед, вале аз сабаби набудани маблағу маблағгузор натавонистед биравед?

Хушқадам Хусравов: “Дар таҷрибаи варзишии ман чунин ҳолат рух надодааст, хушбахтона. Чун агар сарпарасте пайдо нашавад, устодам Муҳаммадшариф Сулаймонов аз ҳисоби Мактаби олии маҳорати варзишӣ маро мефиристад”.

Озодагон: Ҳамин, ки меравед дар мусобиқоти байналмилалӣ сазовори мақомҳои ифтихорӣ мешавед, парчами Тоҷикистон дар баробари парчами дигар давлатҳо барафрошта мешавад, дар ин ҳолатҳо Шуморо чӣ эҳсосе фаро мегирад ва аз чӣ ифтихор мекунед?

(VIDEO) Хушқадам Хусравов: Мехоҳам орзуи нокомили падарамро комил намоямХушқадам Хусравов: “Вақте дар ҳамин мусобиқаи охирин, ки танҳо варзишгар аз Тоҷикистон будам ва рӯзи сеюм гуштӣ мегирифтам, дар рӯзҳои аввал гуштии намояндаҳои дигар давлатҳоро тамошо мекардам маро ин эҳсос буд, ки бояд ҳатман ғолиб шавам. Бо амри Худо ин орзуи ман ҷомаи амал пӯшид. Ҳамеша аз хурсандӣ дар мусобиқот ашки шодӣ мерезам”.

Озодагон: Хушқадам, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, дар Ҷопон медали нуқра гирифтед ва ҳунарнамоии Шумо дар даври ниҳоӣ боиси гапу гузорҳое ҳам шуд. Гӯиё доварон дар мавриди Шумо ноҳаққӣ карданд. Ҳақиқати ҳамин мусобиқа, ҳамин вохӯрии ниҳоиятонро каме рӯшантар мекардед.

Хушқадам Хусравов: “Вохӯрии ниҳоии ман дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон дар шаҳри Норитои давлати Ҷопон бо варзишгари булғорӣ сурат гирифт. Аз аввал ман бо як огоҳии ҳарифам дар пеш будам. Агар иштибоҳ накунам дар дақиқаи дувум буд, ки худи ман ба хато роҳ додам. Ҳарифам маро партофт намуд ва ду хол гирифт. Баъдан доварон бисёр бемасъулиятӣ карданд, зеро баъди дуюм дақиқа варзишгари булғорӣ бо доштани ду хол дигар гуштӣ намегирифт. Чун ман фаъолмандӣ нишон медодам ӯ усулҳоеро истифода мекард, ки худро ба замин мезад. Дар ин ҷо каме иштибоҳи ман ва иштибоҳи доварон буд, ки ӯро бояд ду огоҳӣ медоданд ва баъдан бар асоси низомномаи гуштии самбо ман бо ҳисоби 3 бар 2 қаҳрамони ҷаҳон мешудам”.

Озодагон: Ноадолатие, ки доварон дар ҳаққи Шумо карданд мушоҳида мешуд. Онҷо имконият набуд, ки шикоят кунед, ки ноҳаққӣ буд, низомнома вайрон шуд?

Хушқадам Хусравов: “Не, мумкин нест. Зеро агар варзишгар дар болои гилеми гуштигирӣ каме эътироз кунад имкон дорад варзишгарро аз гуштӣ ихроҷ кунанд. Аз ҷониби дигар ба мамлакату миллат ҳам гапи зиёд мерасид”.

Озодагон: Дар таҷрибаи мусобиқаҳои варзишии дунё ҳаст-ку, баъди анҷоми мусобиқа шикоят ирсол мекунанд. Масалан, мураббии Шумо ё намояндаи Кумита ва ҳар касе Шуморо бурда буд, аз ин таҷрибаҳо истифода накард?

Хушқадам Хусравов: “Бале, ин таҷриба вуҷуд дорад, аммо мураббии мо муҳтарам Носир Бозоров дар ин замина хеле даводави зиёд кард, ман аз ӯ миннатдорам. Омодагии маро таъмин кард дар ин мусобиқа. Аввалин ҳарифам аз худи Ҷопон буд, ки ӯро бо натиҷаи 14 бар 2 шикаст додам. Ҳарифи дигарам аз Непал буд, ки 12 бар 0 шикаст хӯрд. Ҳарифи сеюмам озарӣ буд, ки ҷоизадори сабқати қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2013 буд, ки бо натиҷаи 4 бар 0 шикасташ додам. Ҳарифи даври нимниҳоиам варзишгари қазоқ буд ва 8 бар 0 мағлуб кардам”.

Озодагон: Шумо бо натиҷаҳои бисёр баланд ҳарифони худро шикаст додед ва бо сар задани як иштибоҳ аз худи Шумо ва ноадолатии доварон аз унвони қаҳрамони ҷаҳон бенасиб мондед. Хушбахтона, имсол низ дар ин мусобиқа иштирок мекунед. Иштироки Шумо дар ин мусобиқа чӣ гуна сурат мегирад ва ин мусобиқа кай ва дар куҷо мешавад?

(VIDEO) Хушқадам Хусравов: Мехоҳам орзуи нокомили падарамро комил намоямХушқадам Хусравов: “Ҳоло ман бояд дар се мусобиқаи бонуфуз иштирок бикунам, ки ду мусобиқа марҳилаи Ҷоми ҷаҳон мебошанд. Худо хоҳад, бояд дар дуто аз ин се мусобиқа иштирок кунам. Яке мусобиқа байни ситораҳои гуштии самбо аст, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мегардад. Дар ду мусобиқаи марҳилаи Ҷоми ҷаҳон яке дар Венесуэла ва дигаре дар Булғористон низ бояд ширкат кунам. Иншоаллоҳ тамоми талоши мумкинро мекунам, ки дар ин се мусобиқа боз таҷрибаи худро пурратар намоям, то дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон дар кишвари Марокаш аз 12 то 16 ноябр ба мисли устод Сайидмуъмин Раҳимов қаҳрамони ҷаҳон шавам ва ба орзӯи деринаи худ бирасам”.

Озодагон: Яъне, ҳатман дар се мусобиқае, ки гуфтед иштирок кунед баъд ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат мегиред ё ҳоло ин роҳхатро доред?

Хушқадам Хусравов: “Не, роҳхатро ба сабқати қаҳрамонии ҷаҳон дорам. Дар ин ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳон барои он иштирок менамоям, ки ҳоло дар раддабандӣ (рейтинг)-и самбо дар ҷаҳон, дар вазни 62 кг мақоми аввалро соҳиб ҳастам ва бо ғолибият ҳамин мақомро дар рейтинг нигоҳ дорам”.

Озодагон: Дастоварди як варзишкор ё ҳар нафари дигар дар ҳар риштае безамина буда наметавонад. Мешавад бигӯед, ки чӣ сабаб шуд, ки Шумо ба гуштӣ майл кардед? Ин шуғле буд дар хонаи Шумо, ки аз падару бобоҳоятон мерос монда ё яку якбора худатон ба ин майл кардед?

Хушқадам Хусравов: “Падарам Носир Хусравов худ устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд. Мо ин риштаро ба мерос гирифтем. Падарам, ки ба гуфти худашон дар он давра қаҳрамони ҷаҳон шудан ба далоили марбут ба Шӯравӣ, мушкил буд ва натавонист дар ин ришта ба зинаҳои баландтаре бирасад. Мехоҳам ин орзуи нокомили падарамро комил намоям”.

Озодагон: Яъне, Шумо бо қаҳрамони ҷаҳон шудан ҳам орзуи худатонро амалӣ мекунед ва ҳам орзуи падаратонро?

Хушқадам Хусравов: “Ин натанҳо як орзуи ман ё падарам, балки орзуи устодам Муҳаммадшариф Сулаймонов ва ҳамчунин фикр мекунам орзуи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.

Озодагон: Фикр мекунам то ҳол хонадор нашудаед?

Хушқадам Хусравов: “Не, ҳоло дар нақша ҳам нест. Ниятам ин аст, ки аввал зиндагии варзишии худро то охир бисозам ва баъд сари хонадор шудан фикр мекунам”.

Озодагон: Донишкадаро хатм кардед ё ҳоло ҳам мехонед?

Хушқадам Хусравов: “Донишҷӯйи соли 4-уми Донишкадаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳастам”.



Озодагон: Бо ин ки хеле дастовардҳои сатҳи баланд дар риштаи варзиш доред аз ҷониби мақомоти варзиш, Кумитаи ҷавонон ва дигар ниҳодҳо кадом мукофоте додаанд? Моҳона ё солона кумакпулӣ ва ё стипендия медиҳанд?

Хушқадам Хусравов: “То андозае ин чиз вуҷуд дорад. Дар соли 2014 ман стипендияи Ҳукумати шаҳри Душанберо мегирифтам, ки барои ҳар моҳ 700 сомонӣ буд. Ҳамчунин аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ стипендия мегирифтам. Ҳамчунин аз донишкадае, ки онҷо мехонам. Ректори мо Шодӣ Сафарзода ба варзишгарони касбӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Мо аз кадом мусобиқае, ки бар нагардем бо як дилгармӣ ва муҳаббати хос моро пешвоз мегирад ва мукофотҳои пулие ҳам эҳдо мекунад. Ҳато дар бештари маврид барои истиқбол ба фурудгоҳ меояд”.

Озодагон: Ба ҷуз ин, замоне ки унвонҳои баландтарини риштаи варзиши самборо гирифтед, барои мисол медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, медали тилоии сабқати қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон ва чаҳор маротиба унвони қаҳрамони Осиёро, ғайр аз мукофоти пулӣ дигар унвонҳоеро соҳиб шудед? Масалан, кадом орден ё аълочии варзиш ва ё кадом унвонҳои дигари соҳавиро гирифтаед?

Хушқадам Хусравов: “Баъд аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бо мукофоти пулии хосе қадрдонӣ шудам”.

Озодагон: Барои мисол баландтарин мукофоти пулие, ки гирифтед чӣ миқдор аст?

Хушқадам Хусравов: “Ин махфӣ мебошад”.

Озодагон: Аз куҷо гирифтед? Аз ҳукумати Тоҷикистон ё аз кадом ниҳоди дигар?

Хушқадам Хусравов: “Ҳам аз ҳукумати ноҳияи Ванҷ буд ва ҳам аз Кумитаи варзиш ва ҳам аз ҳукумати шаҳри Душанбе. Ҳамчунин ба унвони Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон сазовор шудам, ки хеле аз варзишкорони мо ин унвонро орзу мекунанд. Баъдан дар соли 2014 аз ҷониби Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикстон дар 10-гонаи беҳтарин варзишгарони кишвар шомил шудам, ки ин Анҷуман ҳам барои мо ҷоизаи пулӣ дод”.

Озодагон: Дар ҳоли ҳозир худро аз нигоҳи ҷисмонӣ чӣ гуна ҳис мекунед. Мусобиқотеро, ки дар пеш доред, омодагии комилро гирифтаед?

Хушқадам Хусравов: “Бале, варзишгар ҳамеша бояд омода бошад. Тобистони гузашта ман бо ҳамроҳии устод Муҳаммадшариф Сулаймонов ва падарам Носир Хусравов тамринҳои куҳдоманиро дар ноҳияи Ванҷ гузаронидем. Аз моҳи сентябр то кунун тамрини худро болои гилеми варзишӣ идома дода истодаем. Барои мусобиқоти байналмилалӣ зарур аст, ки варзишгар як сол қабл омодагӣ бигирад, то соҳиби медал шавад”.

Озодагон: Ҳамин ки дар мусобиқоти ҷаҳонӣ сазовори мақомҳои ифтихорӣ мегардед, нахуст ба кӣ хабар мерасонед? Ба падартон, ба модар ба устодатон ё ба каси дигаре?

Хушқадам Хусравов: “Ростӣ, вақте дар мусобиқоти байналмилалӣ ба вохӯрии ниҳоӣ роҳхат мегирам, як бародар бо номи Шерзод Неъматуллоев, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад, тамоми мусобиқотро аз тариқи интернет ба таври зинда дунболагирӣ мекунад ва натиҷаашро ба мураббӣ ва падарам мерасонад”.

Озодагон: Варзиш як сабқат, як рақобат мебошад. Мешавад ҳолатҳое, ки Шумо натавонед мақоме ба даст биоваред. Дар ҳамин гуна ҳолатҳо ба чӣ хаёле меравед?

Хушқадам Хусравов: “Агар гапи калон ё хато нагӯям, танҳо як бор дар Булғористон соли 2012 натавонистам, ки медал ба даст биоварам. Баъди ин мусобиқа хеле дилшикаста шудам ва гуфтам, ки ин қадар меҳнати зиёд мекунам чаро натавонистам медал ба даст биоварам. Бо таъсири ин чанд рӯзе ҳам ба тамрингоҳ нарафтам. Устодам занг, ки чанд рӯз аст ки намеоӣ, дар куҷо мегардӣ. Чун устодам иллатро фаҳмид маро насиҳат кард, ки варзишгар вақте бохт дорад набояд дилшикаста шавад, балки бештар тамрин ва талош кунад, ки дар мусобиқаи оянда ин иштибоҳро ҷуброн кунад”.

Озодагон: Хушқадам, бисёр хуш шудем аз ин суҳбат. Ва суҳбати мо дар заминаи хурсандии Шумо доир шуд ва мо аз Худои бузург таманно дорем, ки доим дар ҳамин заминаҳо суҳбат кунем. Ҳамеша вақте аз Ватан берун меравед Худо кунад, ки бо медали тило баргардед. Мо умедвор ҳастем, ки тирамоҳ дар гарданатон медали тилоии сабқати қаҳрамонии ҷаҳонро бубинем. Худо нигаҳдоратон!

Хушқадам Хусравов: “Худо нигаҳдори Шумо ҳам бошад!”

ШАРҲИ ҲОЛ

(VIDEO) Хушқадам Хусравов: Мехоҳам орзуи нокомили падарамро комил намоямХушқадам Хусравов. Бар асоси раддабандӣ (рейтинг)-и Федератсияи самбо дар ҷаҳон, дар вазни 62 кг мақоми аввалро соҳиб мебошад. Барандаи мақоми дувуми сабқати қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо, соли 2014, шаҳри Норитаи, Ҷопон;
4 дафъа қаҳрамони Осиё ва 7 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи самбо;
Барандаи мақоми дувуми Марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар риштаи самбо, соли 2015, Минс, Белорус;
Қаҳрамони Наврӯзҳои 2012, 2013 ва 2015 дар риштаи гуштии миллӣ, Душанбе, Тоҷикистон;
Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо миёни ҷавонон дар соли 2013, Юнон;
Ҷоизадори сабқати қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон, соли 2011, Рига, Латвия;
Барандаи мақоми аввали Марҳилаи Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Аслихонов дар соли 2013 ва барандаи мақоми савуми ҳамин мусобиқа дар соли 2014, Русия;
Барандаи мақоми савуми бозиҳои АвруОсиё, соли 2007, Белорус;
Қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи гуштии дзюдо дар соли 2015;

Якуми январи соли 1993 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Таҳсилоти мактаби миёнаро дар мактабҳои 4 ва 16-и зодгоҳаш фаро гирифтааст. Феълан донишҷӯйи соли 4-уми Донишкадаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон.

Орзу дорад, ки қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо шавад ва корномаи Сайидмуъмин Раҳимовро баъди 40 сол такрор кунад.
Мӯҳр
Мирзо
Додари мехрубон барори кору мувафакиятхои беназир хохонам хамеша сарбаланду номбардори милати хеш бош .....

Akbarjon
Озодагон аз шумо як хохиш дорам илтимос дар бари коментарихои одамон нравиться ва не нравитьсяро гузоред ки бинем то ба сухани кадом инсон бисёр лайк мемонанд яъне хакикатро инхел мебинанд одамон

Донодусти конобадбин
Офарин бар Озодагон хамеша ба дунболи кашф ва муаррифии истеъдодхои чавон дар тамоми бахшхост, ояндаи миллат аслан ояндаи чахон дасти истеъдодхо ва сохибхунарон аст на дасти мутаасибину нодонон. Байни мардуми точик хусусан точикистониёни азиз истеъдодхои фаровон аст дар варзишу хунару шеъру мусикиву илму фановари, аммо бояд онон хеле бохунарона аз дасти бехунарон хунарро ва чодаи онро бистонанд.

Ахсан! Мо точикистониён фахр дорем, ки чунин кахрамон дорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)