Бахшҳо
30 апр 2015 12:25Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷанги Толибон дар сарҳади Тоҷикистон

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Вилояти Кундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, дар ҳоли суқут бо дасти Толибон аст. Расонаҳо аз қавли манобеи худ дар ин вилоят навиштаанд, Толибон 65 дарсади ҳудуди Кундузро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Ба гузориши расонаҳо, ҷангҷӯёни Толибон дар ин минтақа нуфуз пайдо кардаанд ва мақомоти амниятии Афғонистон дар бархе навоҳии вилоят шикаст хӯрдаанд. Ҳамчунин иттилоъ мерасад, ки дар сафи ҷангҷӯён атбои хориҷӣ ҳам ҳузур доранд. Аз ҷумла чеченҳо ва тоҷикон дар ҳамла ба вилояти Кундуз ширкат кардаанд. Аз кушта шудани чанд ҷангҷӯи тоҷик низ дар ин набардҳо гузориш мерасад.

Ҳоло ин ҷанг мақомоти Афғонистонро нигарон кардааст ва дар парлумон шӯр барангехтааст. Ба ҳадде ин баҳсҳо доғ аст, ки вакилони Луи Ҷирга пешниҳод кардаанд, созишномаи имзокардаи раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ бо Амрико дар мавриди амният мавриди бозбинӣ қарор гирад, зеро ба бовари онҳо дар сурати таъмин нашудани амният дар Афғонистон ба ҳузури амрикоиҳо дар ин кишвар зарурат намемонад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти амниятии вилояти Қундуз мегӯянд, агар ҳукумат ба таври ҷиддӣ ба ин ҳодиса бархӯрд накунад, қисмати шимоли Афғонистон ба тасарруфи Толибон медарояд. Онҳо мегӯянд, неруҳои иловагӣ барои тақвияти қувваҳои низомӣ ба ин вилоят фиристода шавад. Дар зимн, ахиран Аҳмад Зиё Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд ва намояндаи фавқуллодаи раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар умури ислоҳот ва ҳукуматдорӣ ба вилояти Кундуз сафар кард ва дар як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд. Шоҳидон гуфтаанд, ҳангоме ки Аҳмад Зиё Масъуд ба маркази вилоят наздик шуд, Толибон бо партоби мушак ӯро мавриди ҳамла қарор доданд.

Ин даргириҳо дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон нигарониҳоро ба бор овардааст. Бархе кошиносон, ки қаблан аз рахна шудани марзи Тоҷикистон ба дасти Толибон сухан мегуфтанд, ҳоло хатари таҳдиди Толибонро ҷиддӣ мешуморанд ва мегӯянд, агар неруҳои Афғонистон ба Толибон пирӯз нашавад, хатар беш аз пеш ташдид меёбад. Фариддун Ҳодизода, коршиноси умури амниятӣ таъкид карда буд, ки дар ним соли оянда эҳтимол Толибон бо роҳандозии амалиёт ба марзҳои кишварҳои Осиё Миёна наздик бишаванд. Ҳоло баъди ҳуҷуми Толибон ва 65 дарсади муҳосираи Кундуз ин шубҳаот ба воқеият табдил мешавад. Ин нигаронӣ ҷо дорад, ки Толибон бо нуфуз пайдо кардан дар қисмати шимоли Афғонистон ҷангро ба хоки Тоҷикистон хоҳанд кашонид. Бо вуҷуди ин ки Тоҷикистон бо такя ба кӯмаки кишварҳои узви СНГ эълом карда, аз марзҳояш дифоъ мекунад, вале бархе мегӯянд, Толибон ҳатто марзҳои оҳанинро ҳам рахна мекунанд. Бинобар ин, хатари аслӣ дар Тоҷикистон дар марз нуҳуфта аст, ки бояд онро тақвият дод. Коршиносон ин нуктаро таъкид мекунанд.
Мӯҳр
Хешутаборй, авлодбозй ва мансабфуруширо бас карда, миллатро сарчамъ бояд кард, то точикон гуломи ачнабиён нашаванд. Инро ман аз тачриба медонам.

Ягон илоч- додани сархад ба русхо аст. Сад дар сад бовар дорам, точикон аз ухдаи химояи сархад намебароянд ва толибон худуди 1 хафта новохии наздисархадии Точикстонро сохиби хоханд кард ва сараввал дар ин вилоятхо хукуматхои махалли сукут хоханд кард. Чуноне дар Кундуз ва Бадахшони Афгонистон шуда истодааст.
Албатта, Хитой норози аст ба ин кор, вале амнияту субот ва тамомияти марзи мукаддастар аст аз хар гуна тахримоти иктисоди.

наби
акнун сардорони давлат ба хнит инкадар дугу пупса намекардагиян

Ба Наби. Акнун дугу пуписара бояд ба толибон кунад. на ба аъзои хукумати худй ва хизбхои бадмедидагй. Ба мардуми нохия ва шахрхои наздисархадй, ки солхои сол бадашон медиданд, такья бояд кард.

нш Душанбе
Бовар кунед агона пеши ,ҷангҷӯёни Толибонро дар марзи Тоикистону Авгонистон..нигах медорад ин армияи Руссияи бузрг мегирад ...дигар боумеди ягон кас шидан даркорнест... мо бояд такия ба Руссияи бузург кунем ....

Хамадони
Чанг дар сархад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)