Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июн 2019, 18:35

Ҷилавгирӣ аз сафари се зану шаш кӯдак ба Сурия

4 май 2015, 09:43

Мақомоти умури дохилии Қирғизистон аз ошкор шудани гуруҳе хабар медиҳанд, ки ба ирсоли занҳо ба Сурия машғул будааст.

Замир Сидиқов, сухангӯи Раёсати умури дохилии вилояти Ош ба бахши русии “Озодагон” гуфтааст, ин гуруҳ ба ҷалби занҳо аз ноҳияи Қара Суй ба кишвари арабӣ даст доштаанд. Ба қавли ӯ, як сокини 26-солаи рустои Наримон соли 2014 ба Сурия рафта, тавассути интернет бо се зани соли таваллудашон 1981, 1983 ва 1985, сокинони Ош шинос мешавад: “Ба онҳо ваъда медиҳад, ки ба таври ройгон ба мадрасаи Туркия дохилашон мекунад. Ӯ ба воситаи ҳамдастонаш, ки инҷо қарор доштаанд, барои ин занҳо ва шаш кӯдаки ноболиғашон барои рӯзи чоруми май ба Сурия билет харидааст. Аммо аз сафари онҳо ҷилавгирӣ шуд”.

Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, шахсияти аъзои гуруҳи ҷиноӣ ва афроде, ки аллакай ба Сурия фиристодаанд, муайян мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!