Бахшҳо

Маҳкумияти 3 мансабдор барои бо зӯр фиристодани беморон ба хидмат

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе се масъули комиссариатҳои ҳарбии навоҳии тобеи марказро барои маҷбуран фиристодани ҷавонони бемор ба хидмати ҳарбӣ маҳкум кардааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод комиссари ҳарбии ноҳияи Ҷиргатол -- Сафаров ва сардори шӯъбаи дуюми комиссариати ҳамин ноҳия -- Долиев маҷбуран ҷавонон -- Собирҷон Аминов ва Абдуваҳоб Ғуломовро, ки саломатиашон ба хидмати ҳарбӣ мувофиқ набудааст, ба хидмат фиристодаанд.

Манбаъ мегӯяд, чунин як ҳолати дигар дар ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шудааст, ки сардори шӯъбаи дуюми комиссариати ҳарбии ноҳия -- Исматов бо зурӣ ба хонаи як сокин ворид шуда, фарзандашро ба хидмат фиристодааст. Дар ҳоле ки ба иттилои додгоҳи ҳарбӣ саломатии ин ҷавон барои хидмат номувофиқ будааст.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки масъулини зикршуда барои сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, сохтакории хидматӣ ва қаллобӣ маҳкум шудаанд.
Мӯҳр
ш Душанбе
Ба ин бесаводони комиссариатҳои ҳарбии ...чазои сахт ва аз вазифаашон барканор кардан даркор..Дар Чаъмияти мо чунинхо шаъну шарафи камисарияти Харбиро ва обуруи Ватанамонро мерезонанд..

Раиси комиссияи даъват, раиси нохия, ки барои гузаронидани маракаи даъват шахси масъул мебошанд дар кучо? Сардори шубаи дуюм аъзои комиссияи даъват намебошад, комиссари харби муовини раиси комиссияи даъват мебошад. Шахси якуми комиссияи даъват хам бояд ба чавобгари кашида шаванд. Бо эхтиром Бобочонов М.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)