Бахшҳо
04 май 2015 12:53Тоҷикистон / Сиёсат

Мансаби нави Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Ҷамолиддин Нуралиев

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси “Амонатбонк” раҳбари нави Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали ӯ таъин шудаанд.

Як манбаъ аз Бонки миллӣ ба "Озодагон" гуфт, муаррифии онҳо имрӯз, 4 май баргузор шуд: “Ду муовини дигари раиси Бонки миллӣ ҳам аз вазифа барканор шудаанд, аммо ҳоло маълум нест ба ҷои онҳо кӣ таъин мешавад”.

Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки то ҳол дар курсии муовини аввали вазири молия менишаст.

Барканории Абдуҷаббор Ширинов аз симмати раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ дар ҳолест, ки ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти ин ниҳод ба таври шадид интиқод карда буд.
Мӯҳр
Табрик, Чамшед Нурмухаммадзода кадри бехтарин аст! Табрик !
Агане дар асл бгирем ма намедонм кияй хами Нурмухаммадзодаш, неки хамихели гапову табриккунихо мода шидай ))))))))) А мода кафо намонем гуптем дааа

Мухлис
Бехтарин икдом! Кормандони Бокни милли гузаронда буданд! Чамшед Нурмахмадзода хохиш ки Бокни миллиро мисли Амонатбок ба танзим дарор.

Одил
said,
Хато накадай брат арзандахай!

Савдогар
1 танкид мекунаду хешоша мемонад бехтарин икдом. Боз аз хешхо ки "бекор"??? ээъъъъ бахшиш типа бекор, яъне бекори серкор.....

Табрик! Ҷамшед Нурмаҳмадзода, кадри арзанда аст. Маҳз ӯ буд, ки дар "Амонатбонк" таҳаввулоти зиёдеро ба бор овард ва вазъиятро то шаҳру ноҳияҳои дурдаст беҳтар намуд. Танҳо дар Суғд бинои 9 филиали маҳаллии он дар шаҳру ноҳияҳо таъмиру тармим ва бозсозӣ шуданд. Чандин биноҳои МХБ-и нав сохта шуданд. Сандуқи қарзӣ хеле зиёд шуд ва бори аввал "Амонатбонк" дар бозории рекламаи бонкҳо ҷойи сазовори худро пайдо кард. Муваффақият мехоҳем.

Шпаргалка барои Раиси нави Бонки Милли
Курби фуруши доллар дар бонкхои шахри Душанбе:
ТОЧИКСОДИРОТБОНК: - "100 доллар 671 сомони"
24.04.2015 мо ба филилали Тоҷиксодиротбонк дар ноҳияи Сино, воқеъ дар кӯчаи Ҷомӣ муроҷиат намудем. Курби хариди доллар 644 ва фурӯши он 646 нишон дода шуда буд. Корманди нуктаи мубодилаи асъор ба саволи мо дар бораи харидории доллар хеле мехрубонона посух гуфтанд: "Бубахшед, доллар надорем". 27.04.2015 кӯшишхои мо барои ба даст овардани доллар дар бинои асосии Тоҷиксодиротбонк, воқеъ дар рӯ ба рӯи шабакаи якуми телевизиони тоҷик низ бесамар анҷом ёфт.
Банда чун аз мизоҷони Тоҷиксодиротбонкам тасмим гирифтам ба шӯъбаи кортҳои плостикӣ муроҷиат намоям. Ман ба масъулини бонк муроҷиат карда изҳор доштам, ки мехоҳам ба корти плостикиам 100 доллар гузаронам, вале пули манн сомонӣ аст. Ҷавоб доданд, ки барои 100 доллар ман бояд 665 сомонӣ гузаронам ва ҳамин тавр ҳам кардам. Вале ҳангоми аз корти плостикӣ гирифтани доллар боз як фоиз ҳаққи бонк ситонида шуд, ки қурби доллари харидаи ман ба 671 баробар шуд.
ФОНОНБОНК: 100 ДОЛЛАР 680 сомонӣ!
25.04.2015. Рӯзи шанбе мо ба яке аз филиалхои Фононбонк дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муроҷиат кардем. Дар ин чо низ қурби харид 644 ва фурӯш 646 нишон дода шуда буд. Вакте доллар пурсидам фурӯшанда гуфт: «Фурӯши доллар 680 сомонӣ аст, вале барои шумо 675 медихам». Кимат гуфтему аз дар баромадем, зеро аз фурӯши доллар фурӯшанда 31 сомонӣ фоида ба даст меовард.
ОРИЁНБОНК: 100 ДОЛЛАР 675 сомони!
25.04.2015. Ба яке аз нуктахои мубодилаи асъори зертобеи Ориёнбонк дар ноҳияи Сино, воқеъ дар кӯчаи Ҷомӣ муроҷиат кардем. Дар ин чо низ курби харид 644 ва фурӯш 646 навишта шуда буд. Вакте доллар пурсидем фурӯшанда гуфт: «Қурби доллар хеле боло рафта, аз 680 ҳам гузуаштааст, вале ман барои Шумо 675 медихам». Мо хариди контролиро гузаронидем ва аз 100 долларро бо арзиши 675 харидорӣ кардем (фарқ миёни хариду фурӯш 31 сомонӣ).
Точпропромбонк: «Ҳарчӣ харидем, ҳамонро мефурӯшем!»
Рӯзи 25.04.2015. мо аз тамоми нуқтаҳои саррофии атрофии бозори Шоҳмансур дидан кардем. Танҳо дар як нукта ҳамагӣ 100 доллар пайдо кардем, ки бо қурби дар берун навиштаи он яъне 646 сомонӣ ба мо фурӯхтанд. Натиҷаи пурсиш маълум шуд, ки Нуктаи мубодилаи асъори мазкур ба «Агропромбонк» тааллуқ доштааст. Ба саволи мо чаро зиёдтар намефурӯшед, корманди муболаи асъор изҳор дошт, ки «ҳарчӣ харидем ҳамонро мефурӯшем. Имрӯз то ҳол ғайр аз ҳамин 100 доллар кассе ба мо доллар нафурӯхтааст. Субҳи сешанбе мо ба нуктаи муодилаи асъори ин бонк дар Хиёбони Рӯдакӣ воқеъ дар бинои Кинотеатри «Ватан» муроҷиат кардем. Қурби доллар 648-650 нишон дода шуда буд. Ба саволи мо оё доллари фурӯшӣ дорӣ, мавсуф пурсид: Чанд доллар зарур аст? Гуфтем: «200 доллар». Ӯ ҳам розӣ шуд, ки бо нархи дар берун навишташуда долларро фурӯшад. Ин ду нуктаи фурӯши Агропромбонк ягона нуктаҳои буданд, ки агарчӣ хеле маҳудуд, вале қурби дар берун навиштаи худро риоя мекарданд.

Алишер
Раиси нав дастнигари Чамолиддин мешавад. Хуб нашудас Чаноби оли, якбора Чамолиддинро раис мемонданд хуб намешуд? Хохед находед ба истиллох "последнее слово за ним".

Чамшед кадри хуб аст дар корхои оянда мувафаккият хохонам.

Dushanbegi
У сохтмончию таъмирчи буд ё финансист?
said,

У сохтмончию таъмирчи буд ё финансист?

Мухаммад
раиси мухтарам саррофихои хусусиро дубора ичозат дихет фаъолият кунанд ки бастани онхо хиёнат ба бучаи мамлакат буд.

БАЛО ЗАД ИН БАНКХОРО!

Dushanbegi,
ба фикрум, бригад! дар колхозу совхоз!

Бобур
Нурмухаммадзода бехтарин инсон, шахсияти дурандешу сохибтачриба мебошад. Муборак бошад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)