Ҳалокати раҳбари намояндагии IWPR дар Ироқ дар пайи таркиш
Умар Шоҳбандар, раҳбари намояндагии Институти ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Ироқ кушта шудааст.
Ба иттилои масъулини IWPR, Шоҳбандар рӯзи 2 майи соли равон дар минтақаи маъруф ба номи Каррада бар асари таркише ҷон додааст.
Дар ин ҳодиса кормандони бахши Инситути ҷанг ва сулҳ дар Бағдод бо номи Имодуддин ҳам ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Бино ба иттилои расонаҳои ироқӣ, рӯзи 2 май дар пайи ду таркиш дар Ироқ ҳудуди 20 нафар кушта шудаанд.
Масъулини IWPR мегӯянд, Умар Шоҳбандар нафари озодандешу фаъоли ҷомеаи мадании кишвараш буд ва қасди сохтани як Ироқи навро дошт.
Шоҳбандар 41 сол дошта, корро дар бахши IWPR дар Бағдод соли 2005 оғоз кардаааст ва соли 2009 раҳбари намояндагии ин созмон дар Ироқ таъйин шуд. Оиладор ва соҳиби чаҳор фарзанд буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |