Бахшҳо

Боздошти писари тақаллубии Президент аз сӯи ниҳоди Р.Эмомалӣ

Оҷонсии мубориза бо фасод аз боздошти хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалии Душанбе иттилоъ дод, ки худро Сомони Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба ивази маблағҳои ҳангуфт ба масъулин дастурҳои ғайриқонунӣ медодааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, Хушдил Қурбонов, хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалӣ бо хешовандаш Ҷӯрахон Холов бо мақсади қаллобӣ ва ба даст овардани фоидаи муфт, ба боварии шаҳрванд Маҳмадризо Раҷабов даромада, барои ҷудо намудани 30 ҳисса замини наздиҳавлигӣ дар ҷамоати деҳоти Чимтеппаи Рӯдакӣ аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаанд: “Баъдан онҳо ба Раҷабов Маҳмадризо гуфтаанд, ки барои гирифтани замин ба масъул Маҷидов Сабзалӣ муроҷиат кунад ва афзуданд, ки онҳо ба Маҷидов Сабзалӣ барои ҷудо намудани замин тариқи телефон дастур хоҳанд дод”.

Оҷонсии мубориза бо фасод афзуд, Қурбонов ба Сабзалӣ Маҷидов занг зада, худро Сомони Эмомалӣ муаррифӣ карда, гуфтааст, Раҷабов Маҳмадризо “одами ӯст” ва ба вай замин ҷудо кунад: “Ӯ чанд бор худро Сомони Эмомалӣ гуфта, ба Маҷидов занг зада, барои ҷудо намудани замин дастур додааст, аммо Маҷидов бовар накардаасту замин ҳам ҷудо накардааст”.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ, ӯ ҳанӯз моҳҳои август ва сентябри соли 2014 аз Қурбонов 50 ҳазор доллари амрикоиро дар шаҳри Душанбе гирифтааст.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
вахдат
Писари нави Чаноби Оли муборак бошад.

дехконбача
8 лимон ахолии тч хамааш фарзандони э рахмонанд. Лекин 9 тоаш факат мехри падарро Дида истодаанд. Дигархо намедонам бо чи гунох бошад дар мухочиратанд. Озодагон рахмат барои чоп

Нахо коркунои давлат то ин дараҷа сода бошанд, ки як гудак фиребшон кунад.

657
Бачаи богайрат будааст, офарин. ояндааш дурахшан аст

серфарзанд
Хуб тахкик карда бароед шояд бошад, дар дунёи имруза мардум пешрафт кардаанд.

о паъата саграше............. ту неке гузаронди

ОФАРИН !!!!! Ана бе чори кардани омузиши "КОРРУПСИЯ" дар мактабу мухассисахо хонандагон роххои коррупсияро фикру пайдо карда метавонанд ...Мумкин аст, ки Махмадризо низ ин маблагро бо рохи халол ба даст наовардаай... ?????!!!!!

Мумин
Хеч шафкат на бародар ба бардар дорад (то вакте рустам дар очонси набуд ин сомон дасгир нашуд )

прическаи хуб дорй хаахахахахахах !!!вахдат,

Ана, мактаби байналмиллали тарифи, бо галстук доштай, э беномуси бетарбия. мактаби одди мобайнифарзандони халки мехнаткаш, хатто хайф ба ту барино.

Мусофир
Ба дехконбача мо Алхамду Ллилох падари худро дорем падаратон ба худатону ба ин писарбача насиб кунад

Вакте, ки хонандагони мактаб ба чунин корхо ба монанди авбоши, калоби, дузди, дуруггуи, мактаб ма мактаб чанг кардан мошинхое, ки дар рох меистан тирезаю дигар лавозимоти онхоро шикастан ин дар байни чавонону наврасони точик модда шудаст. барои он ки вай медонанд, ки падару модару онхо аз милится онхоро мехаран ё ки вайёра как несовершенолетный гуфта чавоб медианд, боз ба ин корхо даст мезанан чаро милитсия мо дар ин гуна корохо беахмият аст чаро то як нафар намурад ваё хеч кор намекунанд. ман шохиди он будам ки як курухи наврасон аз мактаб бо наврасони дигар мактабе чанг мекардану берахмона бо санг чуб турбаю бо лагат мезаданд ва бачахои ки аз онхо 2-3-4 сол калонтар факат ба онхо тамошо мекарданду тамом, халос кардан ё ки гап задан ки чаро шумо инхел мекунед нест дар байни онхо, факат заноне ки дар ончо будан хамон бачаро аз таги дасти ин гуна авбошон гирифтан. Ман якин медонам ки вай бача ягон чояш шикастаги аст ё ки сараш майиб шудаст. Бетарафии мардуми моро бинед дустон нисбати миллати худ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)