Бахшҳо

Раиси нави Бонки миллӣ: Танзими қурби асъор вақту нерӯ мехоҳад

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси нави Бонки миллӣ, имрӯз, 6 май дар назди вакилони парлумон, ки таъиноташро ба ин мақом тасвиб намуданд, ваъда дод, тамоми нерӯяшро барои ба эътидол овардани қурби асъор дар бозори нақди кишвар равона хоҳад кард.

Ба қавли Нурмаҳмадзода, номуътадилиҳои ахир дар бозори нақди Тоҷикистон ба омилҳои берунӣ, аз ҷумла буҳрон дар Русия ва таҳримҳои Ғарб рабт дорад. Ӯ афзуд, барои ба эътидол даровардани вазъ дар бозори асъор вақт ва нерӯ лозим аст. Раиси Бонки миллӣ аз ҷумла омилеро зикр кард, ки метавонад боиси устувории пули миллӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар моҳи апрел воридоти маблағ аз хориҷ нисбати моҳи март афзоиш ёфтааст: “Мо аллакай барои танзими бозори асъор гуруҳи махсуси кориро таъсис дода, чораҳои заруриро андешида истодаем ва умедоворем, ки натиҷаҳои дилхоҳро ба даст меорем”.

Дар мавриди бастани саррофиҳои хусусӣ раиси нави Бонки миллӣ гуфт, дар кишвар тақрибан аз 1500 нуқтаи мубодилаи асъор аст, ки 800-тои он хусусиянд ва аллакай бисёрашон дар назди бонкҳо ба фаъолият оғоз кардаанд: “Мо ин масъаларо меомӯзем. Феълан, бонкҳои кишвар саррофиҳои худро ташкил додаанд, ки фаъолият доранд”.

Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз фаъолияти Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар мақомҳои муовини вазири молия ва муовини раиси вилояти Суғд ситоиш карда, дар симмати нав барои ӯ муваффақият хост. Раиси палатаи болоии парлумон дар хитоб ба Нурмаҳмадзода илова кард, “ноустувории пул ва болоравии нархҳо мардумро ба изтироб овардааст, умед дорем, Шумо ин масъаларо ҳал хоҳед кард”.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, ахиран бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми раиси “Амонатбонк” барканор ва раҳбари нави Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд. Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳур муовини аввали раиси Бонки миллӣ таъин гардид.
Мӯҳр
мантик
Танзим ва бозор; мешуда бошадми?

Мирзо
Салом. Танзими курби асъор аз як бонки Милли вобаста нест, барои курби асъорро ба этидол овардан кам кам ба тарафи иктисоди дохили ташкили корхонахо нигаред.....

ЧАНОБИ БОНКИР !!!!!БО ин хама бепули ин кадар бонкхои "мардумхур"* чи лозим ? Мегуянд дар ХОРУГ, ки масофаи кучаи марказиаш 2-3 км. аст, 8 - то БОНК комат афрохта ба бехонаву дар кардани мардуми бечора бо рохи додани КАРЗХОИ ФОИЗАШОН "КАЛЛАШИКАН" машгуланд ! ИН ХАМА БА ФОИДАИ КИ БОШАД -А?????
ОЗОДАГОН! Чоп кунед, ИЛТИМОС !

Хато мекунед мухтарам Раис. Курби $-ро талаботу таклифоти БОЗОР муайян мекунад. Сабаби аслии бекурбшавии сомони-ин касод шудани "бозори гастарбайтеръои" мост.

Баландпарвоз
Маълум аст, ки дар наздиктарин фурсат Акаи Чамшед чояшро ба Чамолиддин медихад. Аммо чаро якбора ин кор нашуд? Акнун
ба хотири нигох доштани курби сомони, муносибатхо бо Русия боз хам каввитар мешаванд ва хукумат гамхориашро нисбати мухочирони кори зиедтар мекунад, дар акси хол курби сомони бо шитоб поин меравад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)