9 май дар Маскав: Каримов рад кардааст, Э.Раҳмон меравад
Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, иштирок дар ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизмро дар Маскав рад кардааст. Дар ин бора нашрияи «Новый век» бо такя ба сухангӯи раисиҷумҳур хабар додааст. Аммо, хабари расмии нарафтани Ислом Каримов ба Маскав ҳанӯз нашр нашудааст.
Дар робита ба ин хабар сухангӯи раисиҷумҳур гуфтааст дар Узбакистон ба муносибати Ғалаба дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум чорабиниҳое дар назар астанд, ки раиси ҷумҳур Каримов дар онҳо иштирок хоҳад кард.
Қаблан раиси ҷумҳурҳои Лаҳистон, Финландия, Кореяи Ҷанубӣ, Черногория, Исроил, Булғористон, Литва, Латвия ва Эстония даъвати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро барои иштирок дар 70-умин солгарди ғалабаи Шӯравӣ бар фашизми нозӣ напазируфтанд.
Дар ин миён рад кардани даъвати Путин аз сӯи Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, сару садоеро ба бор овард. Ӯ иштирок дар паради Минскро далели нарафтан ба Маскав гуфт ва аз раисиҷумҳуроне, ки даъвати Путинро напазируфтанд, ситоиш кард.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар баробари сарони даҳҳо кишвари дигар рӯзи 9-уми май дар Маскав дар ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ иштирок кунад. Дар худи Тоҷикистон гузашти ҳарбӣ ба муносибати Иди Ғалаба 8-уми май таъин шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |