Бахшҳо

Парлумон, гап бизан!

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Хитобаи раиси палатаи поёни Парлумони Тоҷикистон, ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони тозаинтихоб дар ду ҷаласаи ин ниҳод, ки фаъол бошед, ҷойи нигаронии амиқ ва таҳлили ҷиддӣ дорад!

Парлумоне, ки 13 доктори илму профессор ва 16 номзади илм дорад дар баробари пазириши қавонин ва дигар созишномаву санадҳо хомӯш менишинанд. Ман гумон намекунам, ки ин ҳама вакил ҳарфе барои гуфтан надошта бошанд, хусусан замоне, ки номзад ва доктори илм мебошанд.

Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи 29 апрел аз хомӯшӣ ва фаъол набудани вакилони тозаинтихоб дар ҷаласаҳо интиқод намуд. Дар ин ҷаласа 6 масъаларо бе ягон суолу баррасӣ вакилон қабул карданд, ки Зуҳуров хитоб намуд: “Пешниҳод, дархост ва суолро ироа кунед. Ҳамин хел омада нишастан даркор нест. Аз интихобот ҳам 1,5 моҳ гузашт. Ба масъалаҳо ворид шавед. Фикру андешаҳоятонро, ки аз мулоқот бо интихобкунандагон бармеоянд, баён кунед”.

Ҳамин ҳолат ва вазъият доштани парлумони мо аз қабл пешгӯӣ мешуд. Замоне ки номзадҳои ҲНИТ ва ҲКТ интихоб нашуданд ва ё ба бовари аксари кулли соҳибназарон раъйи додаи мардум ба эътибор гирифта нашуд ва номзадҳои соҳибназару озодфикрро нагузоштанд вориди порлумон гарданд, ҳамин гуна руҳия доштани порлумони мо пешгӯишаванда буд.

Парлумон муҳим нест, ки аз вакилони якатафаккура иборат бошад, парлумон ҷойи баҳсу баррасӣ, ҷойи суҳбатҳои коршиносона, ҷойи шинохтани ҳақиқатҳо ва пазириши қонунҳои дурусту огоҳона мебошад. Чун аксари қавонин аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешаванд, табиист, ки дар ин қавонин манфиатҳои мансабдорон ва мақомоти давлат бештар ифода шудааст. Вазифаи вакилони парлумон аст, ки ба унвони намояндаи мардум дар мудирияти кишвар дар ин қонунҳои манофеи мардумро суроғ кунанд ва вориди қонунҳо намоянд.

Ба назар мерасад, аксари вакилоне, ки мансабҳои баланди давлатӣ доштанд ва доктори илм низ мебошанд аз вакил шудан норозӣ ҳастанд. Ё вакилоне, ки дар бахши машвараи давлат пешинаи фаъолияти зиёд доранд ҳам дар ин ҷаласаҳо хомӯшанд. Ин ҳолати аҷиби парлумони мо бисёр нигаронкунанда мебошад.

Виктор Янукович, раисҷумҳури собиқ ва фирории Укроин гуфта буд, “ман алакай шарм медорам, ки ба парлумон биравам, замоне, ки ба парлумон меравам ва аз парлумон хориҷ мешавам зарур мешавад, ки худамро табобат кунам”. Раиси ҷумҳур аз парлумони кишвараш ҳарос дошт. Дар мо баҳси раиси ҷумҳур ҷудост, вале вазирону муовинони вазир ҳам пеши вакилони мо бидуни ҳарос ва “шарм” ворид мешаванд. Зеро аз ҷониби вакилон ҳеҷ кадом вокуниш ва пешниҳодоту нуқтаназарҳои ҷиддие дар баробари қонуну лоиҳаҳое, ки онҳо рӯнамоӣ мекунанд, баён намешавад.

Ҳоло хеле зуд аст, ки тамоми фаъолияти парлумонро хулоса кунем, вале зарбулмасали мардумӣ ҳам дорем: “Гӯсолаи мешуданӣ аз почааш маълум”. Хомӯшии вакилон ва бидуни арзёбӣ қабул шудани масъалаҳо нақши парлумонро ба унвони як шохаи мустақили ҳокимият ва аз ҷониби дигар шохаи бисёр муҳим дар ниҳодина шудани демокросӣ камранг менамояд. Бо ин ҷасорате, ки мушоҳида мешавад метавонем бигӯйем, агар раиси феълии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, ки худ як фарди огаҳ аст, дар сафи ин вакилон набошад, ҷаласаҳои парлумон бисёр беруҳ ва бебаҳс мегузаранд.

Ҳарчанд ҳайатҳои парлумонҳои пешин низ чандон фаъол набуданд, вале вуҷуди вакилоне чун Суҳроб Шарифов, Муҳиддин Кабирӣ, Шодӣ Шабдолов, Исмоил Талбаков баҳсҳоеро дар ҷаласаҳо ба вуҷуд меовард. Ҳоло бо вуҷуди ду фраксия дар парлумон ин гуна баҳсҳо вуҷуд надоранд ва баъид аст, ки дар оянда ҳам бишавад. Хусусан баҳсҳои ҷиддӣ дар мавриди масоили ҷиддии давлату миллат. Ду ҳизби нав: сотсиалистҳо ва демкратҳо ҳам шомили парлумон шуданд. ҲХДТ, ҳизби аграрӣ ва ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки аз пеш парлумонӣ буданд, акнун сафи ҳизбҳо ба 5 расид, вале ба назар мерасад, ҳамаи ин ҳизбҳо як мафкура ва як навъи бархӯрд ба масъалаҳоро доранд. Баъди ин гуна парлумони хап нуқтаназарҳо дар мавриди кисагӣ будани ҳизбҳои ворида тақвият меёбанд. Ва ба истилоҳи раиси ҲКТ ин ҳайат ҳамагӣ як қанотанд ва бо як қанот ҳамин қадар парвоз мекунанд.

Феълан, барои Тоҷикистон парлумони ба истилоҳ хап зарур нест. Мо дар вазъе қарор дорем, ки парлумон бояд бештар фаъол бошад. Баррасиҳои ҷиддӣ кор дорем ва муҳим аст, ки вакилон ҷасорат ва иродае дошта бошанд, ки мансабдорон, вазиронро ба парлумон даъват кунанд ва аз онҳо барои фаъолиятҳои нокофияшон гузориш талаб кунанд. Масалан ду раиси Бонки миллӣ барои камбудҳои бисёр ҷиддӣ дар корашон аз мансаб сабукдӯш мешаванд, вале парлумони мо на дар гузашта ва на ҳоло онҳоро даъват намекунанд, ки “биё пеши мардум посух бигӯй, ки чаро чунин мекунед?!” Мисли ин садҳо мансабдори дигар дорем, ки ба иштибоҳоти ҷиддӣ роҳ медиҳанд, вале ҳеч надидем, ки ба парлумон даъват шаванд ва вакилон аз онҳо суолу дархост кунанд.


Ҳоло парлумони мо ҳеч нақши назоратие бар ҳукумати иҷроия надорад. Аслан парлумони бидуни салоҳият бар назорати ҳокимияти иҷроия чандон парлумони қобили баҳс нест. Вале дар доираи салоҳият ва ваколате, ки дорад, агар парлумони мо фаъол бишавад ва ҳарфи мардум, мушкили мардумро дар қонунҳо ифода кунад ва ба баҳси вазирону роҳбарон бигузорад, хеле ҳарфи ҷиддист. Вагарна вазифаи онҳо танҳо аз расондани нуктаҳои паёми ҳамасолаи Президенти Тоҷикистон ба интихобкунадаҳо иборат мебошаду хайр!

Дар ҷаласаи аввалини парлумони тозаинтихоб, Президенти кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон ба вакилон гуфт: “Парлумон ҷойи тақсимоти молу мулку мавод нест. Парлумон пеш аз ҳама масъулияти баланд ва касбии ҳар як вакил дар қабули ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад. Ҳар як узви парлумон бояд масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам дар ҷодаи ҳимояи манфитаҳои милливу давлатӣ дошта бошад. Парлумон бениҳоят бояд фаъол бошад. Ҳар шахси мансабдор, аъзои ҳукумат, аз президенти малакат сар карда дар назди парлумон ҳисоботдиҳанда аст. Яъне парлумон ҷойи баҳс аст”.

Дар ҳақиқат парлумон ҷойи баҳс аст, ҷойи баҳсҳои ба хотири манофеи миллат ва давлат. Вале парлумоне, ки дар натиҷаи муҳандисии интихобот сари кор меояд ва камтар бар асоси ирода ва раъйи мардум гузида мешавад, наметавонад ҷойи баҳс бошад. Парлумоне, ки вакилонаш на бо дағдағаи доштани паём ва ҳарфе барои гуфтан вориди он шудаанд, балки бештар аз мансабҳои давлатӣ ба ин макон бадарға гардидаанд, наметавонад аз мансабдорон ва Президент гузориш тақозо намояд. Парлумони феълӣ иштироки мардумро дар мудирияти ҷомеа таъмин карда натавониста истодааст. Шояд натавонад. Вакилони арзанда ва шоиста дар миёни 63 вакил зиёд аст, аммо руҳияи умумии парлумон барои баҳс ва баррасӣ созмон нашудааст. Вале як чиз мусаллам аст, ки мо ба парлумони хубтар ва фаъолтар ниёз дорем, ҳоло ки оғози кори парлумон аст талош бояд шавад, ки ҳамин ниёз бароварда гардад.
Мӯҳр
Пазириши кавонин ??????? ин худаш чизе гуфтани гап аст ?? Аввал хуб мешуд забони одди,содда ва дарии точикиро дуруст омузед ва баъд чизе нависед. Хамин хел, кардед забони точикиро ба дахонатон хокова карда партофтед. Макола барои ки аст ?? Ин суханонатонро ба гайр аз худатон касе дигар сарфахм намеравад. Вой бар холи мардуми одди!!!!!!!!!!! Мухтарам Мунакидди асри XX1 !

хукукшинос
Мувофики кисми 5 моддаи 31 Конуни ЧТ "Дар бораи санадхои меъёрии хукуки" номи санади меъёрии хукуки ва кисмхои таркибии он бояд возеху мухтасар ва фахмо бошад, ки мазмуни асосии онро дакик ифода намояд. мутаасифона баъзан аз рузноманигорон истилохотхои сирф хукукиро бо токтутозхои филологи карор доданд, ки ин хилофи конунгузории амалкунанда мебошад. Масъалан Кавонин ин маъно дорад. Аз ин лихоз ба максад мувофик мебуд, ки рузноманигорон пеш аз омода намудани гузориш, макола ё дигару дигар аз конунгузории амалкунанда истифода намоянд. Имрузхо шакли электронии конунхо дар сайтхои гуногун чой дорад. Аз чумла дар сайти парламент.тч. Ё аз назари хукукшинос гузаронад.

.
Се депутати гапзан буд: Шабдолов, Исмоилов ва Кабири. Хамаша пеш карданд. Барои хамин дахони пушида, як хам тилло гуфтаанд.

Ин хайати парламентро пароканда кардан даркор. мудоме ки аз кисаи андозсупорандагон- интихобкунандагон маоши калон- беш аз 1000 доллари мегиранду манфиаташонро химоя намекунанд, аз буданашон набуданашон ба чомеа манфиатбахштар аст. Сарфиети депутатхоро ба таъсиси чойхои нави кори равон кунед, то чавонон дигар аз Руссия ба Сурия ва Ирок нараванд.

дастур
Мебахши Иршод худат аз Арабистон омадаи ё ту худата доно нишон додании, шаф шаф карди да. Забони модари бароят шухи ми? Рузноманигори кори шухи нест.Аввал худат нагз касбатро дуст дор,забон омуз баъд ба Вакилон бичасп. Аз фаъолияти вакил дарак надори бехтараш афсона барои хурдтаракон навис.

Хамаро дар гардани бечора-вакилхо задан хатост.,ба монанди латифае,ки рубох таксимоти одилонаро аз гардани шикастаи гург ва миени шикастаи шер биомухт,-вакилони мо хам хамин тур. Албатта айби вакилон хам хаст, вале набояд фаромуш кард,ки миллати мо дар солхои охир "тинчи амони бошад бас" гуфта мавкеи сиесии тамоман гайрифаъолро пеш гирифтааст. Ин аст,ки мардум аз набудани алтернатива ба созмонхои "ифротгаро" дохилмешаванд. Ягон кас чуръат намекунад бигуяд ки сабаби хамаи ин тагироти конститутсиони буд, ки бо он мо хокимияти худро беалтернативи кардем.

шахрванди Точикистон
Ба чои оне ки вакилон халкро дастгири намуда камбудихои онхоро бартараф кунанд,конунхоеро кабул кунанд, ки барои халк сабукихоро оранд, баръакс, халк камбкдихои онхоро ислох кардан мехохад.Онхо вакилони халканд ё ин ки....?:'''!

вакил
Мухтарам аъзоёни Парлумон. "Гусолаи мешудани аз почааш маълум"оё одоби рузноманигори аст? Хохишмандем дар доираи Конун барои ин тахкир чавоб бигуяд!!!

Иршод, ту рузноманигори сузандаи, магар боз мардумро чамъ кардан мехохи?

Хайфи забони модарии мо, ки бо калами Иршод руи когаз меояд.

вакил
охи чи бгум??... :( чизе Шумо бген мо тарафдор!!..

Илтимос хамин бо забони одди, фахмо навиштани матнро ёд гиред. Як гапхоеро менависед, ки аз бегарзи худи шумо хеч каси дигар онро намефахмад. Руз ба руз калимахову иборахои точикиро нест карданиед?

Вакили собиқадор
Ман ҳайронам, ки ҳамин бачаяк Иршод Сулаймонӣ Ки бошад, ки Парлумон - мақомоти олии қонунгузорро танқид карда истодааст. Аз гапҳояш маълум, ки ягон бор на ин ки ба утоқҳои корӣ ва ё толори ҷаласаҳои Парлумон ворид шуда бошад, лекин то ҳол ягон маротиба ҳавлии Парлумонро дидагӣ не. Саводаш ҳам дар сиёсат баробари сифр (0) лекин гапҳои беасоаша бинед а ...

Обо, парлумон хокзанакхои худашро сари лаптоп шинондааст то шарх бинависанд. Офарин Дуктур Иршод Сулаймони, дастатон дард накунад. Ин русточикхо ма'нии калимаи " кавонин " ро дарк намекунанд. Гунохи Иршод чист? Мунакид,

Чамшед
Шахсан барои дарки мазмуни навиштахо мушкили надоштам. Ба чои он ки ба муаллиф эрод гиред каме китоб хонедд то фонди лугавиатон гани гардад.

Rashid
Бехтарин ИРШОД. Охир ингнуа порлумонро Рахмону зухуров худаш мехотсанд карданд. Хузури Кабири ва шабдолов барои онхо зарар буд. Ин дигар шармандаги аст ки бахс куне!!!!Абдухалим Гафуров ва Саидчафар Исмнов кучову бахс кучо ё вакилони дигар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)