Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 21 апрел 2019, 01:08

Нахуствазир хост, мактаббачаҳоро пешвозгирии мансабдорон набаранд

8 май 2015, 09:14

Темир Сариев, нахуствазири нави Қирғизистон ҷалби донишомӯзонро ба вохӯриҳо бо шахсони расмӣ манъ кардааст.

Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, нахуствазири Қирғизистон ба Вазорати маорифи кишвараш дастур додааст, бо қабули қароре ҷалби мактаббачаҳо ба вохӯрӣ ё пешвози шахсони расмиро мамнӯъ кунад.

Ин супориши Сариев дар ҳолест, ки мактаббачае баъди 2,5 соати интизории раиси ҳукумати Қирғизистон зимни сафараш ба вилояти Ош аз ҳуш рафтааст.

Нахуствазири нави Қирғизистон рӯзи 7 майи соли равон ба Маҷмааи ёдбуди “Гулшани ҷовидон”-и вилояти Ош сафар карда, мақомоти вилоят барои пешвози ӯ тамоми мактаббачаҳоро ба хиёбонҳо баровардаанд. Дар натиҷа донишомӯзи синфи поёние баъд аз интизории зиёди раиси ҳукумат дар ҳавои гарм аз ҳуш рафтааст.

Расонаҳо мегӯянд, ба дунболи тақозои нахуствазир Вазорати маорифи Қирғизистон бо қабули қароре ҷалби мактаббачаҳо ба вохӯрӣ ё сафари шахсони расмиро манъ кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сугд

  • 10 май 2015 11:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номи маколаро хонда хайрон шудам, ки чи хел дар вакти хокими вилояти Сугд буданаш хазорхо талабагонро ба пешвози президент мебурду холо бошад вичдонаш бедор шудааст, фикр ба сарам омад, вале сад афсус, ик ин дар Точикистон набудааст.
Посух додан
  • Рустам

  • 11 май 2015 11:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хам хонда хурсанд шудам, то он даме, ки дилам дар сарлавхаи он Киргизостон будааст. Хуб мешуд, ки дар Точикистон низ чунин корро хотима мебахшиданд. Хай рохбари давлат омадас, омадан гирад, шарт нест мактаббачагонро ба пешвози у баровардан. Як корчаллон маркази савдо кушояд хам дар кушодашавми он президент иштирок мекунад ва хатман мактаббачагонро ба пешвоз мебароран. Ман фикр мекунам, ки ба дигарон ин кор шавк надорад ва ягон кас бо хохиши худаш ба чунин маросимхо намеравад, барои ин зурашон факат ба бечора мактаббачагон мерасад.
Посух додан
  • точик

  • 11 май 2015 15:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар дар точикистон сад хонанда чон дихад хам пешвозгириро манъ намекуна.
Посух додан
  • бародар

  • 12 май 2015 11:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Точикистон манъ не аввал ба танзим дароврда шавад баъд яке бас мешавад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХАЁЛ КАРДАМ ИН АМР ДАР ТОЧИКИСТОН ШУДААСТ МУТААСИФОНА ДАР КИРГИЗИСТОН БУДАСТ МАНСАБДОРОНИ МО АЗ ХАД ГУЗАРОНДАГИЯТ КУДАКОНИ БЕЧОРАРО ДАР ГАРМИВУ ХУНУКИ 2-3 СОАТИ ДАР КУЧАХО МАЧБУР МЕБАРОРАНД БАРОИ КАРСАКЗАНИИ ИН НОМУХТАРАМХО!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Давлат Гами Худашро Мехурад.Давлати Худком Дар Фигри Вохимакни Якас Хаст .Аксарияти Вазифадорон Патхалимира Дуст Медоран.Гами Миллатро не.
Посух додан
  • Довуд

  • 14 май 2015 11:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост. Рости гап бисёрихо мегуянд, ки дар Точикистон аз чунин наворхо шарм медоранд. Гайр аз чиновникхою раисони шахру нохияю вилоятхо.
Бас будагист. Чаноб чанд бор ба шумо хитоб кард дар масъалаи плакатхою колинхо?????
Посух додан
  • точик

  • 18 май 2015 12:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бисер хуб мешуд, агар дар Точикистон хам ин корро мекарданд, хавои Бадахшонро ба инобат хам намегиранд, дар сардию сармо хам ин кор давом дорад, хамаи хонандагон аз хунуки ях мекунанд, вале ягон кас парвои онхоро надорад, агар яке аз хонандагон ба пешвоз набароянд, муаллимахо бахои онхоро паст мекунанд, онхо аз тарс мебароянд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!