Бахшҳо

Дар Эрон Сафар Абдуллоҳро девори маҳками забони форсӣ дар Осиёи Миёна гуфтанд

Конуни адабиёти Эрон ё Иттиҳодияи нависандагони ин кишвар бо баргузории маросими бузургдоште барои доктор Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, аз хидматҳои ӯ барои густаришу тарвиҷи забони форсӣ ситоиш кардааст.

Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) ба “Озодагон гуфт, ин маросим таҳти унвони "Ватани форсӣ" бо иштироки шахсиятҳои фарҳангӣ ва адабӣ аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон доир шуд: "Доктор Асғари Додбеҳ - устоди саршиноси забону адаби форсӣ, доктор Ҳаддоди Одил - раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ, доктор Мирзо Муллоаҳмад, доктор Нуралӣ Нурзод, Ҳасани Қарибӣ - мудири робитаҳои байналмилалии Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Ҳодии Киёсарӣ - раиси Конуни адабиёт, Муҳаммадалии Раҷоӣ, Муҳаммади Раҳимӣ (аз шоирони Афғонистон) аснои суханронӣ нақши ин донишманди маъруфи тоҷикро дар густаришу тарвиҷи забони форсӣ сутуданд ва ӯро сафири фарҳангии адабиёти форсӣ дар Дашти Қипчоқ ва кишварҳои пасошуравӣ хонданд, ки бо талошҳои хастагинопазир яктана дар арсаи адаб меҷангад”.

Ба қавли оқои Шоҳмирзо, дар маросим таъкид шуда, ки Сафар Абдуллоҳ муаллифи беш аз 1000 мақолаи илмию пажуҳишӣ ва 50 китоб буда, маҷаллаи "Эроннома"-ро тани танҳо таҳия, таълифу тадвин ва тарҷума мекунад, ки то кунун 30 шумора мунташир шуда ва бузургтарин муаррифи адабиёти форсӣ дар миёни русизабонон мебошад: “Таъкид шуд, ки Сафар Абдуллоҳ чеҳраи чандбуъдӣ (универсал) аст ва дар илм, пажуҳиш, тарҷума, шеър, рӯзноманигорӣ, тадрис ва таъдиб ҳамзамон фаъолият мекунад ва бе ҳеҷ иддао парчами фарҳанги форсиро ҳарҷо бошад, боло мебарад. Ҳаддоди Одил дар ин нишаст таъкид намуд Сафар Абдуллоҳ девори муҳками забони форсӣ дар Осиёи Миёна аст”.
Мӯҳр
Антиараб
Офарин ба Шумо устоди азиз! Аз дасти ин кумунисту ахли таассуб забон ва фарханги моро бояд начот доду исбот кард ки то араб хам мо чизхое доштем ки тамоми дунё хануз хам арч мугузораду гиромиашон медорад. Бас аст ин тахкирхо ки аз арабпарасту аз дигару дигар мешунавем зинда бод дониш хирад ва хирадварзи нест бод таассуб ва мутлакгуи ва мутлакгарои!!!
Фирдавси дар бораи араб ва фарханги у мефармояд:
На тахту на дайхим бини на шахр,
К-аз ахтар хама тозиёнрост бахр
Хамоно ки омад шуморо хабар,
Ки моро чи омад зи ахтар ба сар.
Аз ин морхор ахриманчехрагон
Зи доноиву шарм бебахрагон.
На ганчу на ному на тахту нажод,
Хаме дод хоханд гети ба бод
Басе ганчу гавхар пароканда шуд,
Басе сар ба хок андар аганда шуд
Чунин гашт паргори чархи баланд,
Ки ояд бадин подшохи газанд,
Аз ин зогсорони бе обу ранг,
На хушу на дониш на ному на нанг,

Ба антиараб!
То ба кай аз заъфу нотавонӣ ва бадбинии беморгуна, ки нохудогоҳ мубталояш шудаем аз ину он лаб ба шикваву гилоя мегушоем? Дар 70 соли "биҳишти" коммунистӣ чеҳраеро бор новардаем,ки бо он ҳатто дар минтақа бинозем чӣ расад ба дунёи бузург! Магар арабҳо монеамон шуданд? Фирдавсӣ ба ҳеҷ ваҷҳ мисли Шумо аниараб набуд. Магар ӯ тамҷиду васфи хулафои рошиддинро накарда буд? Магар у алайҳи ислому араб ҳарфе гуфта буд? Агар ифтихороти баъд аз исломро аз таърихи пурифтихоре,ки мефармои ҳазф куни чи чизе боқи мемонад,ки бузургии моро дар дунй муаррифи мекунад?

Антиморхорахриман
Кадом хулафо чанд байти сохтае ки вориди Шохнома кардан хамон? Шохномара ай сарка бхон баъ мефахми? Рошидин

Мирзо Турсунзода
Дар 70 соли "биҳишти" коммунистӣ чеҳраеро бор новардаем,ки бо он ҳатто дар минтақа бинозем чӣ расад ба дунёи бузург

Хамин гапат ки буданата исбот кард мумкин аз хешу табор ва ахл авлодт касе набошад ин кадар театру беморисону доктор наук ва профессор ва академикхо магар ахмаканд барои ту!? Дурутс мулло насот шурави даркор хам набуд ба чои як мушт чалламулои дарди сар як Бобочон Гафуров кофист! Ту хеле андешат акабмондаа аст рав дунёра ба чашми хирад нигаристанро ёд гир. Ин кадар скулптору муччасасозу шоиру нависандаву олиму профессору инженер чи?

Хизматхои устод Сафар Абдуллох вокеан шоистаи тахсин хастанд. Зиндаву фархунда бошед, устод!

Ба шоъири бузури дунё Мирзо Турсунзода

Ин ту ҳасти ки аз суханат, ки шолудааш такаббуру бузургманишии сохтаи тоҷикии зиди тоҷикисту баргирифта аз тарҳи идеологии дурӯғини русҳо ва бар мағзи рӯшанфикрони торикбини мо ( манзур интеллегенсияи бор овардаи Шӯравист) бо дасти русҳову узбакҳо бо ҳадафи эҷоди танаффур бар гузаштаи пурифтихори тоҷик тазриқ шудааст, мантиқи ақибуфтодагӣ, тангназарӣ ва ноогоҳии тамомайёр фавварон мезанад! Ҳамин лофу газоф, иғроқу бузурбинии козибу сохта, ки мутаассифона имрӯз силоҳи беасари ҳар тоҷики огоҳу ноогоҳ, аз авом гирифта то ба ҳукоми кунун ба даврон расидаи мо шудааст, тоҷикро кучак кардааст, тика тика кардааст, аз гузаштаи пурифтихории воқеъияш, ки дар сояи фарҳангу тамаддуни исломӣ шакл гирифтааст, дар баробари худаш душмани фарзӣ сохта!
Тамоми афроде,ки тайи 70 соли Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба унвони шахсият арзи вуҷуд кардаанд, чи ҷойи тааъассуф,ки ҳамагӣ масрафи дохилӣ доштаву ҳамакунун доранд. Яъне, инҳо дар маҳдудаи кучаки худсохтаи мо ҷойгоҳе доранд, вале дар хориҷ аз кишвар кам касе аз вуҷуди ишон огаҳ аст. Ин бузургони мо ағлаб ба мабнои усули даври сарбаста ( Принцип круговой поруки) сохта шудаанд. Яъне, Аҳмадро Тошмад васф мекунад ва Тошмадро Аҳмад!

Як одам
Бародари! Хохари! Ахсант бар ту ки меъёри гуиши Иронро комилан мусаллат хасти- табаххур дори, аммо чаро ин кадр ба дур аз доду дехиш казоват мекуни, чаро охир. Хатто дар поёни каломат нохудогох ба паёмбари ислом низ ихонат кардаи дар холе ки он Тошмад ва Ахмад на, балки Тошмат ва Эшмат хаст ва хамон Амр ва Зайди аъроб. Дигар ин ки муддаи хасти ки шурави чизе надошт ва хар чизе доштем аз исломи ноб аст. Бародарам ба кавли Саъди :Хама кабилаи ман олимони дин буданд". Ин иддао нест, аммо кай аз ин тангназари ману мо начот пайдо мекунем. Ман чанд далил меоварам то агар имон дори вокеан бар Аллохи худат ва ё ба Худои хамаи мо мепазири вагарна бо ту чои чарру бахс нест. Аввал ин ки кабл аз хукумати шурави агар Айни, Ахмад Дониш ва Мирзо Сирочи Хаким ва Фитрати хоинро хондаи ( асархои ононро) вазъу ногувор ва пур аз дарди Осиёи Миёна ва дар садри онхо шахрхои бузурге чун Самарканду Бухорову Фаргонаву Чоч комилан мушахас ва рушан аст аз оддитарин беморихо фавт мешуданд мардуми бечора аз табларза, ришта сил ки дар чахони имруз фавт аз ин гуна бемори хеле хандадор аст магар ин ки бо дидгохи як мулло ба чахон бингари ва хамаи бухтонро равонаи Аллохи Каъба бикуни. Дигар ин ки дар бораи кучахои пур аз саргини гову одам ва буи хафт хари он иттилооти кофи хаст.

Дигар ин ки ман бо итминони комил ва хатто бо савганд ба Аллох метавонам бигуям ки дар тули 70 соле ки хамин Душанбеи пур аз саргини гову гусфанди кабл аз шурави ва шахри модернитаи имруз он кадар мутахассисе ки ба минтака хусусан барои мардуми точик б тарбият шуд, дар 400-500 соли охир тамоми манотики точикнишини дунё надодаст. ( бахс сари репрессия намеравад дар репрессия ... Баъдан барродари ман ки боши бедалел гап задан кори инсони окил нест. Ин идеоложи чи дини, сиёси хамеша вакте бо тассуб хамрох буда дунёсуз карор гирифтааст.

Идеоложи- хатарашро бо як мисоли рушан ба ту ва корбарони сайт ироа мекунам ва лаб аз калом фуру мебандам. Мавлои Балх ки бузургтарин шоири торихи башараш мегуянд вакте гиирфтори ин идеоложи шуде, хатто ба оддитарн ва боризтарин вокеоти замони уд бетавважух мондааст бибин ун марди бузург бо ки Маснавии Маънави ( хаст Куръон дар забони пахлави ва ин кадар газалиётми пуршур офарида, аммо ин кадар ба Худои худ гиирфтор ва побаст монда ки хатто дар Балх ки зодгохаш хасту наздик ба як миллион хамбозиву писархолаву писараму хамсоя ва хамаи факу фомилаша нобуд кардаанд як байт дар ин 80 хазор байти навиштааш нагуфта ки доранд чигархои маро хамбозихои маро сар мебуранд горат мекунанд мугулони нокас. Мо зи болоему боло меравем тамом. Меравем дуруст о кори ин дунёра ки мена барродари ман ки?

Ба як инсон!
Мамнун аз ин ки андешаҳои банда дар конуни таваҷҷӯҳи Шумо қарор гирифта. Аммо мутаассифам,ки дар дарки матолиби арз шуда ҳошия рафтаӣ ва нукоти аслиро фадои куллигӯӣ кардаӣ:
1. Шӯравиву замони побарҷой будани он воқеъиятест таърихӣ ва онро банда инкор накардаам. Он чӣ мегӯӣ шӯрави дошт, дар баробари он ҳама доштаҳои танҳо як асри моқабли шӯравӣ заррае беш нест,чӣ расад ба даврони талоии шукӯҳманди 1000 солаи ахири мо, ки чун тоҷи тало бар фарози тамаддуну фарҳанги гузаштагонамон медурахшад. Биё як лаҳза бо сидқу инсоф биандешем: Оё арзиши ин 70 соли шӯравӣ, ки барояш зоҳиран ашки тимсоҳӣ мехоҳӣ бирезӣ, бо 1000 соли тамаддуни гузаштаи тоҷикон қобили муқоиса аст? Манзурам аз ин ки гуфтаам дастоварди қобили таваҷҷуҳе дар замони шӯравӣ бо номи тоҷик рақам нахӯрда ин аст, ки ин замон ҳеҷ шахсияти фаромантақиву ҷаҳониеро таҳвили мо надод, ки мояи ифтихори тоҷики Тоҷикистони имрӯз бошад. Он гуна, ки Чингиз Айматов намои миллати қирғиз дар дунёи имрӯз аст. Низоми шӯравӣ таъаммул ва андешиданро, ки хоси миллати мо дар гузашта буд, аз мо салб кард ва ҷойи он танҳо дар заминаи 70 соли шӯравӣ дидану тассавур карданро ба мо омӯзонд ва табаъоташ ба вузуҳ ҷомеаи имрӯзи ба мушоҳида мерасад: яъне бар ҳар падидаи иҷтимоиву сиёсии замон аз равзанаи ҳамон диди ноқису маҳсур дар як фазои кӯчаки замонии маҳдуд бо номи “ 70 соли шӯравӣ менигарем.
2. Хеле таъассуф мехӯрам,ки бо тафаккури “доъишӣ” ба суроғи муқоисаи “Тошмаду Аҳмад” меравӣ. Чун ин муқоиса ҳеҷ рабте ба паёмбари бузургвори ислом Муҳаммад (с) надорад. Вокуниши ҷаноби олӣ ин ҷо хеле шабеҳ аст ба вокуниши афроде, ки дар Афғонистон бо иттиҳоми дурӯғини сӯзондани Қуръон хонуми қуръониеро золимона ба куштан доданд. Банда нагуфтаам,ки ҳар че мо дорем аз “исломи ноб” аст. Ин ту ҳаст,ки мехоҳи матлабро воруни ҷилва бидиҳӣ! Гуфтаам ва мегӯям бароят ,ки тамоми фарҳанги пурифтихори гузаштаи мо дар сояи пурбаракати ислом шакл гирифтааст ва он гушту нохунро мемонад.
3. Радиф кардани шуъарое, ки ном бурдаӣ, наметавонад барои андешаи оварда сипари бало бошад, зеро кӯчаҳои тангу пурлой на танҳо дар ватани мо сангфаршу замонавӣ шуданд...
4. Беҷо ба Худо савганд мехӯри! Ин ҳама бузургони мо дар тӯли беш аз 1000 сол магар дар қаламрави аъробу турку рус бузург шудаанд?
5. Мавлавиро аз даричаи танги назари тоҷиконаи худ дидаи, бародар!
6. Мавлавиро маҳз барои он дар дунёи бузурги имрӯза арҷ мегузоранд, ки у шахсияти тамомайёру ҷаҳоншумул аст!

Як инсон
Як бор саропо навиштахоятро хон як одами чандчехра буданат комилан аён аст ва хар лахза фикри аввалиат дуввумиат ва севвумиатро инкор мекунад, баъдан мушаххас аст ки як муллое ва муллогунае беш нести чаро ин кадар аз араб дифоъ мекуни, баъдан инки гуфти фикри доиши ман аслан ба ин дин он кадар дилгарм хам нестам чи бирасад ба тафаккурам дуто китобро ба ту тавсия мекунам рав бихон: Тахрихи Табари ва Наршахи ва Шохномаро низ. мутмаинам ки Шохномаро низ пароканда хондаи ё аслан шунидаи дар охири калом сарзамини ман хостгохи чандин динхои бехтар аз оини туст.

аз зарафшон
Ахсан Бобои Сафар!

Dev
Dar hakikat Boboi Safar devori mahkami zabonu adabijoti forsi dar osijoi Mijona hastand. Hudo mekard,ki millati mushthurdai tojik akallan 10 nafar chun Safar Abdullo medosht...

Бародарон ман хело илтимос мекунам, ки то аз шоиртарошии худ ва нишон додани худ чун худотарсу домуло, ягон гапе нависед, ки аз хондани матни шумо кас ягон фоидае барад. Вакто ки ман радио гуш мекунам, дар гуфтугухои мустаким занхо кушиш мекунанд, ки аз худ шоиру донишманд созанд. Мисол "салому дур ба шумо кормандони радиои ватан, банда Фарзона аз нохия Хисор хастам ва ин шерро ба апаи фалони ва акаи махбубу азиз корманди радиои ватан, фалони мебахшам ва шере мехонад.... Хангоме сухбат огоз мекунад маълум мешавад, ки у бесаводтарин шахс аст. Бехуда нагуфтаанд " Пистаи бемагз агар лаб во кунад, расво шавад." Харкас озод фикраша гуяд ва аз бесаводи худ, олим натарошад.

Салон ба хама.
Бахси ин матн бахси илмиай на бахси кинаву газаб.
Некем ислома худованд бар мусалмонхо хадя кард на бо арабу форсу русу дигар дигар.
Кадом милате бухохад ин хадяра кабул мекунад нахохад не.
Арабхоям ислома кабул накардагишон бисёр будан ва хастан.
Некем одамизодам мисли дигар махлукод яне хайвонод ба мисли гову хар ика лоси хоман.
Факат худованди таборак ва таоло акл яне як нури худаша дар бадани одамизод чо кардба воситаи нури илохи инсонхо рохи хаёта ёфтану аз хайвон чанкадар сол пеш гузаштан. Некем замони шурави барои фарзандони даври саюзша бисёр корои бехтарин кардак. Кадрша факат мардуми ба номуси истемол кардаги медонад. На хар як курнамак.
Саюз чи немат дошт. 1 сулх 2 вахдат 3 сери ва пури. 4 баракат.5 поки. 6 хаё7 амнияти шахрвандон.8 чои кор. 9 бе праблема. 10 осудахол. Ва бисёрай ин нематхои саюз.
Некем ин бахси шумора хаёвонои хай худамо чи кадар акиб монда намекунанд. Ба фикраминсонхо хама инсон сурат шаётон сифат шидиан. Саломат бошед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)