Бахшҳо

Хоҳари серфарзанд гурдаашро ба бародараш дод...

Ҷарроҳии Маснавшоҳ Муминшоев, як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, ки ҳар ду гурдааш аз кор монда буд, бомуваффақият дар шаҳри Маскав ба анҷом расидааст.

Дар ин бора аз қавли табибон ба “Озодагон” -- Мусалламшоҳ Муъминшоев, падари Маснавшоҳ хабар дода, афзуд, духтараш Маърифат Маснавшоева барои наҷоти бародар гурдаашро ба ӯ додааст. Ба қавли мусоҳиби мо, Маърифат Маснавшоева худаш низ модари се фарзанд мебошад. Мусалламшоҳ Муъминшоев илова кард, ҷарроҳии писару духтараш 29 апрел сурат гирифт ва Маснавшоҳ баъди ду рӯзи ҷарроҳӣ ба худ омад: “Ҳозир вазъашон хуб аст, аммо духтурон мегӯянд, то чанд моҳи дигар бояд таҳти назорати табибон бошанд. Ҳозир дар беморхонаанд”.

Мусалламшоҳ Муъминшоев дар мавриди муроҷиати хонаводааш ба мардум барои кӯмак изҳор дошт, аз афроде, ки дар рӯзи сахт ӯ ва наздиконашро дастгирӣ карданд, беҳад миннатдор аст: “Муроҷиат ба мардум барои кӯмак натиҷа дод. Миннатдории ман аз ҳамаи онҳое, ки кӯмакашонро дареғ надоштанд, бепоён аст. Шумо медонед, ки чунин ҷарроҳиҳо маблағи зиёд талаб мекунанд. Мардум ҳам кӯмак карданд, аммо мо низ дар Душанбе аз бонк 10 ҳазор доллари амрикоӣ ва писарам дар Маскав 35 ҳазор доллари амрикоӣ аз бонк қарз гирифт, то ин ҷарроҳӣ гузаронда шавад”.

Қаблан, Муминшоевҳо тавассути торнамои “Озодагон” аз мардум ва мақомоти Тоҷикистон дархост карданд, то Маснавшоҳ, падари се фарзандро аз марг наҷот диҳанд. Худи Маснавшоҳ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тибқи ташхиси беморон ҳар ду гурдаи ӯ бояд фавран иваз карда шаванд. Ӯ мегӯяд, дар Русия бемор шуд: “Дар сехи ҳасиббарорӣ кор мекардам. Пойҳоям варам карданд, баъд дарунам ба дард даромад, дилбеҳузурӣ шуд, нури чашмонам ҳам кам шуд. 16 рӯз дар беморхона будам, духтурон гуфтанд гурдаҳоят бояд иваз шаванд ва бо ин табобатҳо муолиҷа намеёбӣ. Билет гирифта Душанбе омадем”.

Ба қавли Маснавшоҳ Муминшоев беш аз як сол дар беморхонаҳо муолиҷа гирифт, аммо духтурон роҳи ягонаи шифо ёфтани ӯро иваз кардани гурдаҳояш гуфтаанд. “Имконият надорам, ҷое кор намекунам. Оиладор ҳастам, соҳиби се фарзанд-як писару ду духтар. Аз шаҳрвандони саховатманди Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ягон кумак расонанд, ки аз ин ҳолат раҳо ёбам”-изҳор дошта буд Маснавшоҳ дар Душанбе.

Афроде, ки ҳоло ҳам хоҳиши кӯмак доранд, метавонанд бо падари Маснавшоҳ бо рақамҳои 93 931 55 31 (Мусалламшоҳ) дар тамос шаванд.

Ё тариқи суратҳисобҳои зерин, ки дар Аввалин бонки молиявии хурд барои наҷоти Маснавшоҳ кушода шудаанд, кӯмак кунанд:

Филиали ҶСК “Аввалин Бонки Молиявии Хурд” дар шаҳри Душанбе

БИК: 350101821 Ҳисоби муросилоти 20402972118051
Рақами суратҳисоб: 20216972518210028744
Номи Мизоҷ: Садатшоева Нозигул Муминшоева

Интиқол бо доллар:
THE FIRST MICROFINANCE BANK, DUSHANBE. TAJIKISTAN
SWIFT: FMBTTJ22
BENEFICIARY NAME 59: SADATSHOEVA NOZIGUL
BENEFICIARY ACCOUNT № : 20218840618210028745

ИНТИҚОЛ БО РУБЛИ РУСӢ
SWIFT: FMBTTJ22
BENEFICIARY NAME 57: FIRST MICROFINANCE BANK, DUSHANBE TAJIKISTAN
BENEFICIARY ACCOUNT № : 30111810400000000110

Интиқол бо рубл дар Русия
BENEFICIARY BANK 56: АКБ «РУССЛАВБАНК» (ЗАО), МОСКВА, РОССИЯ
Korr. Acc: 30101810700000000685 в Отделение № 4 Московского ГТУ Банка России
БИК: 044579685
ИНН: 7706193043
Ref; Садатшоева Нозигул Муминшоевна
Acc; 20218810618210028746
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)