Сафаралӣ Раҷабов, вакили мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон шаби гузашта дар Душанбе бар асари сактаи қалб аз олам чашм пӯшид.
Маросими ҷанозаи собиқ райиси МН, собиқ вазири маориф ва раиси Кумитаи МН соати 11-и имрӯз (6-уми октябр) дар масҷиди марказии пойтахт баргузор мешавад. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумон ҷасади марҳум дар қабристони Лучоб ба хок супорида мешавад.
Сафаралӣ Раҷабов 2-юми сентябри соли 1955 дар деҳаи Чилчаи ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1977 донишкадаи омӯзгории Душанбе, факултаи педагогиву индустриалиро хатм кардааст. Зимнан, дар солҳои 1983-1989 дар шӯъбаи ғоибонаи донишкадаи хоҷагии қишлоқ (феълан Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон) таҳсил кардааст. Фаъолияти меҳантиашро аз коргари оддии совхози «Қалъаи дашт»-и Файзобод шурӯъ карда, солҳои 1977-1980 ба ҳайси сарвари мактаби варзишии ноҳия ифои вазифа дошт. Таги 4 сол- 1986 то 1990 директори омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 24-и Файзобод буд.
Соли 1990 депутати Шӯрои Олии ҶТ интихоб гардида, дар парлумон намояндаи мардумӣ буд. Соли 1995 дар интихоботи Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи Мискинободи Файзобод ширкат карда, вакили парлумон интихоб шудааст. Сафаралӣ Раҷабов аз соли 1995 то соли 2000-ум раиси Маҷлиси Олии ҶТ буд. Аз соли 2000-ум то 2005 ба симмати вазири маорифи ҶТ адои вазифа мекард. Моҳи феврали соли 2005 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбии ҲХДТ интихоб шуда, то дами маргаш раиси Кумитаи МН-ро ба ӯҳда дошт. Унвони Корманди хизматнишондодаи илми ҶТ-ро соҳиб гашта буд. Оиладор, соҳиби 8 фарзанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр