Бахшҳо

Шеъри нави Б.Собир барои Фархунда: "...ватандор агар бандит аст"

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик шеъри тозаеро ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд.

Бозор Собир дар шеъри наваш, ки бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҳафтаномаи “СССР” нашр шудааст, Афғонистонро маҳбаси зан хонда, афзудааст, агар мусалмонии Афғонистон ин бошад, ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт, кам аст.

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
шокир
Фархунда аз бозорбаринхо безор буд.Озодагон озод бог!

Ин шеър нест, як хакоратномаест, ки ба муносиботи ду давлат хатар эчод мекунад.

Барои марги Фархунда андухгинам. Аммо ин шеър ба муносибатхо ду давлат ва мардуми он бетаъсир намемонад. Ин гунохро на хамаи мардуми Афгонистон кардаанд дар шеър хамаи инхо ба сари мардуми Афгон рехтааст. Чанд нафаре бефахм, ки Фархундаро куштанд мисли бозор Собир гаправу обхокианд. Аз кадом тарафе манфиат бинанд, майл ба хамон тараф мекунанд.

Мехрангез
Бехтарин, зинда бошед устод!

123
ин хам шеър шуду...кани ахли калам,ки кофияхои ин мисрахоро мухокима намоянд. Мавзуъ мавзуи мухим ,вале садхайф ки бо чунин шакл руй калам омадааст.

Мох
Шукронаи ин сарзамини озоду обот, ки ном Тоикистон мебошад.
Бинед эй занон, эй гулдухтарони точик, як духтари 27 солаи Афгонистонро чи гуна лату куб карданд магар ин аз руи инсонгариву одамгари мебошад, шукронаи ин сарзамини озоду обод кунен, духтарону занони точик озод хастанд, Худованди яктову мададгор ин хел мардони беномусу чохилро дар газабаш гирифтор кунад, ки ах руи зебои занро наминад, Фархундаро худо чояш чаанат шавад.

Хакчуй
Ходисаи рухдода ба Фархунда, шояд фитнаи нави яхудтаборону Амрико бошад. Онро хангома кардану миллату Исломро гунахгор кардан беаклист. Имруз хазорхо ин гуна хаводис ва аз ин бадтару фочиаовартар рух медихад, чаро онро хангома намекунем? Чаро марги фочиавии бародаронамонро дар Русия нодида мегирем? Чаро дасисахои маргбори давлатхои абаркудратро дар саросари чахон истикбол менамоему як ходисаи аз беакли рухдодаро (шояд ташкили бошад) барои бадном кардани дини ислом ин кадар вохима мекунем? Бозор як хангомасозе беш нест. Хадафи у гайр аз паст задани миллату гузаштагону мукаддасоти милли дигар чизе нест.

мухочир
дар афгонистон якторо куштан дар хама чо нишон додан дар точикистон харуз бо тачовусу куштан халки бегунох дас заданд дар махбасхонахо аз ин ходисахо хабар надоред ин бозор собир бо як сомони барои мо чавонон кадр надорад

Абуабдурахмон
Бозор Собир душмани Дину миллатаст. Ягон хизмате ба давлату миллат накардааст. Факат бо дуруггуи хурда гаштааст. Аллох дар куръон дар сураи шуаро яъне шоирон мефармояд. (26 - ŞUARÂ) الشعراء / 221- Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд?

(26 - ŞUARÂ) الشعراء / 222- Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд.

(26 - ŞUARÂ) الشعراء / 223- Гӯш медиҳанд ва бештаринашон дурӯғгӯёнанд.

(26 - ŞUARÂ) الشعراء / 224- Ва гумроҳон аз паи шоирон мераванд.

(26 - ŞUARÂ) الشعراء / 225- Оё надидаӣ, ки шоирон дар ҳар водие саргаштаанд?

(26 - ŞUARÂ) الشعراء / 226- Ва чизҳо мегӯянд, ки худ амал намекунанд?

(26 - ŞUARÂ) الشعراء / 227- Ғайри онҳо, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Худоро фаровон ёд карданд ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, интиқом гирифтанд. Ва ситамкорон ба зуди хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд.

мухочир
куштани ин фархундаро бо ягом кас махкул нест ин як хаивонгарист дарачаи оли хаивонро инхо нишон доданд

тоҷик
ту агар шоири дилсуз боши дар ҳаққи ҷавононе,ки дар расия ваҳшиёна кушта мешаванд шеър навис.ту парвои фархундаҳам надори агар дар якруз ҳазорон фархундаю ҳазорон ҷавони тоҷикро ваҳшиёна кушанд ту парвое надори.ба ин шеърат ислом ва зиёда аз якуним милиард мусалмонони ҷаҳонро таъна заданиҳастию халос

Устоди гироми,монда набошед. Бехуда хампешаатон нафармудааст:
Саъдиё, рузи азал хуснро ба туркон доди
Хираду илму адабро, ба ирон доди
Шодию базму тараб чуз набувад хиндонро
Харию ахмакию чахл, ба афгон доди !

Бозорбой пир шуду шоир нашуд. Ин шеъраш на вазн дорад, на кофия, на мантик, на таносуби сухан. Агар афгонхо хонанад, ба тамоми шоирони точик лаънат мехонанд барои ин маъно ва иштибохоти назми.

мусалмон
агар он гуриҳи хунхори суфиҳо як фархундаро ваҳшиёна нобуд карда бошанд ту мехоҳи,ки тамоми мардуми афғон бомба борон шаванд шояд ҳазорон фархунда ва милионҳо зану кудак дарин бомбаборони ту кушта шаванд ба ин фикри ту ҳатто фашистҳо розишуда наметавонанд

Кулябец
Ин шеър на мантик дораду на мазмун!
Бозор что за базар????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)