Бахшҳо

Муқоисаи артишҳо: Тоҷикистон 37 танк, Узбакистон-420 танк дорад...

Пойгоҳи таҳлилии ҳарбии “Global Firepower” тавоноии артиши 126 кишвари дунёро дар соли 2015 раддабандӣ карда, Тоҷикистонро дар ҷойи 81-ум қарор додааст, ки аз миёни кишварҳои ИДМ танҳо аз Туркманистон пештар аст.

Ба ҳисоби ин пойгоҳ, нерӯмандтарин артишро дар минтақаи Осиёи Марказӣ Узбакистон дорад, ки бо 420 танк, 715 зиреҳпӯш, 69 ҳавопаймои ҷангандаи раҳгир, 89 ҳавопаймои ҳамлавар (штурмовик) дар ҷойи 54-ум қарор гирифтааст. Тоҷикистон ба иттилои “Global Firepower” 37 танк, 46 зиреҳпӯш, 25 тайёраи низомӣ, 4 ҳавопаймои омӯзишӣ, 20 чархболи таъиноти умумӣ ва 6 чархболи низомӣ дорад.

“Global Firepower” буҷаи низомии солонаи Тоҷикистонро 75 миллион доллар арзёбӣ карда, низомиёни фаъоли хатти пеши кишварро 6 ҳазор нафар гуфтааст.
Ин дар ҳолест, ки буҷаи солонаи низомии Қазоқистон 2 миллиарду 435 миллион долларро ташкил дода, ба иттилои пойгоҳи “Global Firepower” 110 ҳазор низомӣ, 300 танк, 1613 зиреҳпӯш ва 233 адад техникаи ҳавоӣ дорад.

Тибқи ин раддабандӣ, аз миёни кишварҳои ИДМ артиши Русия дар ҷаҳон дар ҷои дуюм, Украина-25, Белорус-45, Узбакистон-54, Озарбойҷон-63, Арманистон-74, Гурҷистон-75, Қирғизистон-78, Тоҷикистон-81 ва Туркманистон дар ҷои 90-ум қарор дорад.

Ба сегонаи аввал ИМА, Русия, Чин ва ба сегонаи охир Малӣ, Мозамбик ва Сомалӣ ворид шудаанд.
Мӯҳр
Muslim
Озурда набошед, мо Худо дорем!! Сони, чи тавре ки Фирдавси гуфтааст:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди чанги , бех аз садхазор!!!

Азиз
Озодагон аз дуруг пархез кунед!!! Узбакистон дар якчо дар чои 54-ум карор дорад дар чои дигар 51??? ин чи бемантикист????

Али
Аз 8 миллион шахрвандони Точикистон 4 милионаш кобилияти чанги дорад. Гитлер хам миллиард тангу туп дошт лекин фоидаш накард.

Мукоисагар
Мукоисаи мардум: Узбакистон- 8 миллион узбак ва 15 миллион точик ва бакия миллатхои дигар ,,,, Точикистон 6 миллиону 756 хазору 971 точик, 1 миллиону 19 у ним нафар узбак

Одид
Мо и танкои Узбакистона ба сангу чуб зада мекафонем зик нашен.

tojdor
Чихел 37 -танк ? инхо чи гуна танкро дар назар доранд? худаш кариб lдар хар як кисми низоми 20 тоги танк хасту

кулоб 15
салом.
муқоисаи артиши Точик бо узбак.
фидоиёни Точик: 2000000,
фидиёни узбак: 0

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)