Бахшҳо

Падари Ҳасану Ҳусейн: Ҳусейнамро наҷот диҳед!

Маҳмадалӣ Боев, падари дугоникҳо Ҳасану Ҳусейн аз мардум ва мақомоти Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки барои наҷоти Ҳусейни 5-солааш ба ӯ кӯмак кунанд.

Ин сокини шаҳри Норак мегӯяд, 5 сол қабл соҳибу ду писар, Ҳасан ва Ҳусейн шудааст, ки аз онҳо Ҳусейн мубталои бемории нуқсони дил-“тетрадо фалло” мебошад. Маҳмадалӣ Боев аз қавли духтурон афзуд, ки фарзандаш аз кӯдакӣ ба ин дард гирифтор будааст ва ҳар вақт аз муоинаи табибон мегузаштааст: “Соли равон вақте ҳолаташ вазнин шуд, ба беморхонаи Ибни Сино овардам, дар онҷо гуфтанд, ки дар дилаш чор нуқсон ё худ бемории “тетрадо фалло” дорад ва бояд ҳатман ҷарроҳӣ шавад. Дар беморхонаи Медгородок низ ҳамин гапро гуфтанд, ки ҷарроҳии саривақт лозим, вагарна ҳолати кӯдак аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд. Барои ин амалиёти ҷарроҳӣ 4,5 ҳазор доллар лозим гуфтанд, ки ҳеҷ вақт чунин маблағ надоштаам ва барои дарёфти чунин маблағ имкон надорам”.

Маҳмадалӣ Боев мегӯяд ҳолати писараш ниҳоят вазнин мебошад: “Ин бисёр дардовар аст, вақте мебинӣ фарзандат дар пеши чамонат аз дард азоб мекашаду ту коре карда наметавонӣ. Бовар кунед ҳар гоҳ, ки бо чашмони маҳзунаш тарафи ман менигарад ҳазор бор мемираму зинда мешавам. Дарди ҷонгудоз ва нигоҳи маъюсаш на танҳо ҷисми ӯро балки ҳама вуҷуди маро ба дард мекашад. Гоҳо мебинам Ҳасан медаваду меҷаҳад, хурсандӣ мекунад, аммо Ҳусейн дар гӯшае мешинаду ба дигарон менигарад. Ӯ ва ман умед дорем, ки рӯзе мерасаду мисли Ҳасан ва дигар кӯдакони солим шодию хурсандӣ мекунад”.

Ин сокини Норак афзуд, соҳиби 6 фарзанд мебошад ва маблағе, ки ҳаррӯза кор карда меёбад, ба таъмини ғизои оила масраф мешавад: “Тӯли солҳои зиёд дар Русия муҳоҷир будам ва имсол бо сабаби бад шудани вазъи муҳоҷират ба Русия нарафтам. Ҳоло дар Ватан мардикорӣ мекунам, маблаги мегирифтаам танҳо барои ғизои оила сарф мешавад, пасандоз барои табобати писарам надорам”.

Афроде, ки тавон ва хоҳиши кӯмак ба ин хонавода ва Ҳусейни хурдсол доранд, метавонанд бо рақамҳои 93 128 95 96 (+992931289596) бо Маҳмадалӣ Боев дар тамос шаванд, ё ба суратҳисоби зерин маблағ гузаронанд:

Падари Ҳасану Ҳусейн: Ҳусейнамро наҷот диҳед!


Счет: 20216972002674370001

Корсчет: 20402972714031

Бик ISO AGIBTJ22008

Бик 350101403

ИНН: 050000115

Боев Махмадали Рачабхолович

МХБ-и ЧСК «Агроинвестбанк», ш. Норак

Адрес: куч. Рудаки, 17.

2-16-99 Отдел «ДЕПОЗИТА»

АСНОДИ ТАШХИСИ ТАБИБОН:

Падари Ҳасану Ҳусейн: Ҳусейнамро наҷот диҳед!

Падари Ҳасану Ҳусейн: Ҳусейнамро наҷот диҳед!

Падари Ҳасану Ҳусейн: Ҳусейнамро наҷот диҳед!
Мӯҳр
Точикаён
То сангу кулуха кух ба кух кофта гаштана- фатво додан насихат кардана ба хамдигар бахс дар сайто ку мусулмонбаччахои боимон бинем комут ёрдам метиен ба ин кудаки точик

Ҳамаруза сари дин баҳсо мешаваду ҳама худро ҳомии дин мепиндоред. Таҷрибаи имрузаи дунё нишон медиҳад, ки камсаховаттарин мардум миёни динҳои гуногун мусулмонҳо мебошанд. Пас биеед инҷо мусулмони ҳақиқи будани худро исбот кунем. Озодагон аз Шумо хҳиш масъалаи мазкурро мавриди пайгири қарор диҳед ва ҳоли ин суратҳисоб бохабар шуда истед ва бинем ки ин мардуми мо то чи андоза саховатманданд! Старт доири ин масъаларо Ман аз худам шуру мекунам!!! БИШИТОБЕД!!

Ба чунин одамон ёри додан савоб аст, аммо маъмурияти беморхонаи Ибни Сино ва Шахраки табтбон чи икдоме мекунад. Аз ин маблагхои хангуфт хамчун инсон наметавонанд чанд дар сади муайян гузашт карда бошанд. Нархномаи лавозимот ва дорувориро хеч гох ошкор намекунанд ва бе ягон мулохиза 18-20 хазор нарх мемонанд. Оё маъмури ин марказхо боре хам фикри арзон кардани амалиёти чаррохиро мекарда бошанд. Халк то кай ин гуна муносибатро тахаммул мекунад.

АЛБАТТА ЕРИ МЕДИХЕМ. АММО ЯК САВОЛ. ТАНДУРУСТИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББИЮ ЧАРРОХИ ДАР ТОЧИКИСТОН БЕПУЛ. БАРОИ ЧИ БЕМОРХОНАИ МЕДГОРОДОК БЕПУЛ ЧАРРОХИ НАМЕКУНАД

Salom ba hama. Hubtar meshud, in iqdomro ba tavri SMS payomak az jonibi shirkathoi mobili rohandozi shuda, on bo giriftani mablagi muayan az surathisobi mushtari amali megardid. Hudo ba in tiflak shifoi komil dihad. Omin.

Muslim
Аллоҳи меҳрубон бар фарзанди шумо шифо диҳад. Мушкилии шумора осон кунад ....

Umedvoram in guna iqdomro ozodagon bo shirkathoi mobili amali menamoyad.

хусейн
Салом ба хамаи бародарон! Бехтар мешуд хаминро тарики компанияхои мобили Индиго дар раками падараш мегузарондем. Хаминро як фикр мекарданд бисёр хуб мешуд, банк кофта намегаштанд. Худо шифо дихад Хусейнчонро.

Умед
Аллох мехрубон ва халим хаст,иншооллох сихат мешавад Хусейнчон..

бародар
Худованди Карим аз хазонаи ғайбаш ба ин кудаки бемор шиофи комил насиб фармояд . Омин
Бародарони мусалмон илтимос ҳар кадоматон қадри имконият ба ин барлар кумак кунед ин шоаллоҳ қатра қатра дарё шавад

Расул
Вой вой. Хусейнчон ашки манро бароварди афсус ки манам имконияти кумаки пули надорам ва наметавонам. Аммо дуо мекунам ки Худованд ба хакки Эмои Хусейн (рз) набераи Пайгамбар (с) шифои очилат дихад! Хусейнчони ширин, фидои номи зебоат шавам..

Аллох шифо тияд бар ин тифл ами

Darvesh
Ba OZODAGON!
Har ruz IBNI SINORA reklama mekunend! Bren pusen okhir tabobat kunand kudakro! Tanho ba kisai khud mekhohand!

Кулоби бача
Харяки мову шумо фарзанд дорем як бор тарафи фарзанди худ нигаред ва аз чой хеста суйи банк равед, Аз бахсхои дини кардана ва ба Сурия чихот рафтан ин тифлака начот дихем худаш чихот хаст. Дигархоро намедонам лекин ман хамин руз ба банк меравам

madamin
Озодагон, хуб мешуд дар кушодани суратхисоб ба тарики смс ба падари хамин тифлак мусоидат менамудед. Гарчанде шумораи бародарону хохарони савобчу кам нест, аммо на хама имконияти бо бонкхо сару кор карданро доранд. Мо мунтазир!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)