Бахшҳо
18 май 2015 15:54Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

24 медали хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ

Хонандаҳои тоҷик нимаи аввали моҳи май аз олимпиадаҳои байналмилалӣ бо 24 медал баргаштаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ду хонанда аз литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе (ЛИМТТД), се хонанда аз литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Хуҷанд ва ду хонанда аз Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи лоиҳавии ISPRO-2015 дар Ҷакартаи Индонезӣ дар ҳайати даставӣ миёни 22 давлати ҷаҳон мақоми дувумро соҳиб шуданд. Дар ин Олимпида, ки аз 4 то 9 май идома кард тамоми иштирокчиёни олимпиада аз Тоҷикистон сазовори медал гардидаанд.

Фараҳноз Каримова ва Субҳия Муродова хонандаҳои ЛИМТТД медаллҳои тиллои ин Олимпиадаро ба даст оварданд. Таҳмина Шукурова, Фарангис Ахмедова ва Мунзифахон Бобокалонова, хонандаҳои ЛИМТТХ бошанд, сазовори медалҳои нуқраи ин озмун шудаанд. Шоҳинабону Зуҳурова ва Умедаи Олимзода аз Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе мақомҳои савум ва медалҳои биринҷиро дар ин Олимпиадаи байналмилалӣ соҳиб шудаанд: “Дар олимпиадаи Балкан, дар шаҳри Афинаи Юнон миёни 118 хонанда аз 21 давлати ҷаҳон хонандаҳои литсей-интернати муштаракаи тоҷикию туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе -- Собирҷон Бобизода сазовори медали нуқра, Каломиддин Кличев, Фаррух Каримов, Ҷаҳонгир Муродов ва Суннатулло Ғафуров сазовари медали биринҷӣ шуданд”.

Ба қавли манбаъ, дар олимпиадаи лоиҳавии IYIPO-и и Гурҷистон миёни 34 давлат 8 нафар хонандаи литсей-интернати муштараки тоҷикиву туркӣ иштирок варзиданд. Абдуғафур Раҳимов ва Фарид Раҳимов аз литсей-интернати муштаракаи тоҷикиву туркии шаҳри Хуҷанд соҳиби мақоми аввал, Шавкат Назруллозода ва Шералӣ Сайфуллоев аз ЛИМТТ-и Мавлонои шаҳри Қӯрғонтеппа соҳиби мақоми дувум, Абдувоҳиди Абдумансур ва Давлат Давлатов аз ЛИМТТ-и шаҳри Турсунзода, Шаҳбоз Аллаяров ва Хуршед Авлиёқулов аз ЛИМТТ-и шаҳри Кӯлоб мақомҳои савумро касб кардаанд: “Дар Олимпиадаи байналмилалии Менделев аз фанни кимиё, ки рӯзҳои 3-10 моҳи май дар Еревани Арманистон баргузор гардид, 93 хонанда аз 15 давлат ширкат кард, ки ду хонандаи литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе дар ин озмун соҳиби медали биринҷӣ гаштанд”.

Сухангӯи Вазорати маориф ва илм афзуд, дар Олимпиадаи лоиҳавию илмии Хюстони Иёлати Техаси ИМА аз 7 то 11 май хонандаҳои Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе -- Азиз Норинов ва Фарҳод Муҳиддинов сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд. Ҷовидон Имомов хонадаи дигари ҳамин мактаб ва Бахтиёр Қурбонов хонандаи литсей-интернати муштараки тоҷикиву туркии шаҳри Душанбе ифтихорномаҳои Донишгоҳи Хюстонро ба худ ихтисос доданд: “Дар ин Олимпиада 668 хонанда аз 67 давлати ҷаҳон бо 427 лоиҳа ширкат варзиданд”.

Дар маҷмӯъ, хонадаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалии нимаи аввали моҳи май соҳиби 4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ гардидаанд.


24 медали хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ

24 медали хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ

24 медали хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ

24 медали хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ
Мӯҳр
ОЛИМПИДА НЕ ОЛИМПИАДА

Litseyist
Sarlavhara xato mondi ozodi. Chixele ki baroi digar maktabho sarlavha memonen baroi litseyhoi tojiki turki ham hamxel monen. Xonandagoni litseyhoi Tojiki-Turki savozori medalho gawtand navisen.

танҳо ба як калима "ТАШАККУР"

Ахсан!!!! Ягона калимае ки метавон гуфт...

Бисту чор медал ин кори шухи нест...

Ofarin ba xonandagoni tojik ki nomi vatanamona dar bayni davlato baland kardaan.Ahsan!!!

rudaki
А бача медалу ифтихорнома кати шикама сер намекынӣ. Раван ҳамашон Россия кор кынан. Пул биёран нон биёран. Имруз Тоҷикистонда медал даркор нестай, пулу нон даркорай. Қадри илм намондай дига. Меишни ды ҷами ды гуфта. Дыхтароша шу бытен бырава... Дыхтара хонданыш мондай акы.

Пештар мегуфтанд, ки факат мактаббачахои литсейи тоҷикӣ-туркии ш. Душанбе дар Олимпиядаҳо ҷой мегиранд. Маълум мешавад, ки шербачаҳои Хуҷанд ҳам аз ҷавонони пойтахт пас мондагишон не!

PATRI 0TTO
SALOM!!! muborak shavad hamai Tojikistoniyoda, ba4aaaaaaakoi TOJIK par4ami mora baland bardoshtestan... Tojikistona dar tamomi JAHON MUARRIFI kardestan
OFARIN...OFARIN...OFARIN....
AFSUSSS... ba'ze noxalafoi millat, badbino chashmi didan nadoran...
INSOF...INSOF...INSOF...

PATRI 0TTO
Abdulloh,
Ino aku amixeliyan, 4xeli ki Ramzan Kadirov ba savoli jurnalist javob doda bud inoram amixeli javob dodan darkoray:
Kogda prinosyat medali `хонандаҳои тоҷик` a koga 4ota neladnoe proisxodit `хонандаҳои литсейи туркӣ` gavaryat...

Офарин ба хонандахо!!! Номи Ватани азизамонро баланд карданд.

Nomi Vatan, Parchami Vatan dar bayni in qadar davlathoi digar....
Az in diga xabari xush meshad miiiiiiiiiii........
Dastgiri kardan darkor......

vatanparvar
PATRI 0TTO,
In che axmakiast; maktabi fransuzi xondi fransuz meshaviu maktabi amrikoi xondi amrikoi? Oio in bachaho tojik nest?Bairaq, bairaqi Tojikistoni aziz nest?
Bodo muboraq bachaho!....OFARIN!...

Шахрванд
Хеле хабари хуш. Шояд ин хабар барои баъзе бефахмхое, ки мегуфтанд литсейхои туркиро бастан даркор як ибрате шавад то ин ки дарк кунанд, литсейхои турки барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон накши бузургеро мебозанд ва барои гирифтани чоизаву медалхои байналмиллахи ин литсейхо барои кишвари мо сахми бузурге гузоштаанд. Вакте медал медиханд намегуянд ба хонанди литсеи туркхо додем, мегуянд хонанда аз ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН аст.

Ahsan ba shumo khonandahoi tojik.. Boguzor dar tamomi soha chi varzish boshad chi ilm navrasoni tojik nomi Vatanamonro dar arsai baynalmilali baland bardorand.

Касоне, ки сазовори ҷоизаҳои байналмилалӣ гаштаанд ва бедорхобӣ кашидаанду барои некномии Тоҷикистонамон кӯшиш ба харҷ додаанд қалбан ибрози ташаккур намуда ба устодонашону кӯмаккунандагон изҳори сипоси хешро баён менамоем. Бигзор то охир дар қуллаҳои баланд бошеду боиси ифтихори миллат гардед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)