Бахшҳо

Бозгашт

Дӯсту душман, шиносу ношинос дар суҳбатҳои гуногун атрофи ин қазия андешаҳои мухталиф доштанд. Қисме мегуфтанд, беҳтар аст наояд. Бархеи дигар таъкид мекарданд, ки баргардад. Бисёриҳо инро як бозӣ мепиндоштанд. Касе дақиқ намедонист, чи мешавад ва бозгашти ӯ бо чи меанҷомад.

Дар мусоҳибаи охираш бисёр орому бо тамкин ҳарф мезад. Як ҷумлааш, ки баъдан зеҳни бисёриҳоро ба худ машғул кард ин буд: “Ман наметавонам дар кишваре умр ба сар барам, ки як бою садҳо камбағал бошад!”

Аз суҳбаташ маълум буд, ки бисёр содиқона ва холисона мехоҳад ба ҳамватанонаш хизмат кунад. Бо табассум ҳарф мезад. Ба касе эълони ҷанг ҳам накард. Нагуфт, фишорам меоранд, кор кардан намемонанд, моламро мехоҳанд!
Хеле оромонаву самимӣ гуфт: “Ҳадафи ман танҳо марказгароӣ, хизмат ба халқу Ватан, беҳбудии зиндагии мардум ва пешрафти Тоҷикистони азиз аст. Ман муқобил ба ҳама навъи қонунвайронкунӣ, ҷиноят ва паст задани шаъну шарафи шаҳрвандон ва нодида гирифтани ҳаққи онҳо ҳастам”.

Бисёриҳо мехостанд ба ҷои ӯ тасмим бигиранд, аммо кайҳо тасмимашро гирифта буд. Яъне, бармегардад! Бо вуҷуди он ки мехост биёяд, чанд “ДӮСТ” ба ӯ кафолат ҳам дода буданд, ки чизе намешавад ва овозаҳо асос надоранд. Ҳамон “ДӮСТОН”-е, ки аз ҳисоби ӯ нону об хӯрданд, соҳиби манзилу автомобил шуданд. Мехостанд бо дурӯғҳо ва найрангҳо биёрандаш. Вале ҳанӯз дарк накардаанд, ки худашон виҷдонашон ва номусашонро фиреб додаанд.

Журналист аз ӯ пурсид, дар кишвар сару садҳо дар бораи боздошти Шумо зиёд аст, тасмиматон чист, меравед ё мемонед? Бо як табассуми зебо посух дод: “Меравам. Онҷо Ватани ман, хонаи ман ва зиндагии ман аст. Ман ба ҳеҷ кас бадӣ накардаам. Фаъолиятам дар доираи қонун аст. Агар иштибоҳе шуда бошад, дар доираи қонун ҳал мекунем. Дар Тоҷикистон ба волоияти қонун ва адолат бовар дорам!”

Бисёриҳо мегӯянд, як марди хоксор буд ва ба ҳама касу ҳама чиз бовар дошт. Ӯ медонист, ки инҷо қонун, виҷдон, эҳтиром, номус ва арзишҳо чи қадар ҳурмату эҳтиром доранд. Аммо боз ҳам мехост баргардад...

Ҳамон шаб дар Душанбе борон меборид. Гӯиё қалби Тоҷикистон аз чизе метапиду мегирист. Гӯиё пойтахти Тоҷикистон аз омадани як фарзандаш, ки бо гулкориҳош ӯро зебо мегардонд, норизо буд. Зеро он шаб ба машом бӯйи хиёнат, дурӯғ, туҳмат ва ҳилаву найранг мерасид...

Ҳамон шаб чанде аз ҳамватанон барои пешвози як марди созанда, як тоҷики муваффақ ва як пайёмовари андешаи тоза ба фурудгоҳ рафта буданд...

Аммо ӯ аз фурудгоҳ берун наомад. Баъдан маълум шуд, боздошташ кардаанд ва пешвозгирандаҳо баъдан фаҳмиданд, ки ӯро барои бозпурсӣ бурдаанд. Баъзеҳо гуфтанд, чизе нест бозпурсӣ карда ҷавобаш медиҳанд, аммо ин бозпурсӣ ду сол аст, тул мекашад ва ҳанӯз...

Тули ин ду сол бо иттиҳомоти гуногун мехостанд аз чеҳраи ӯ як шахси манфур ва ҷинояткор бисозанд, барояш ҳукме содир карданд, ки дар фикри касе набуд ва ҳамаро дар ҳоли шок қарор дод, аммо боз ҳам нашуд. Борҳо гуфт: “Танҳо ба хотири оромиши қалбаш ва ба хотири эҳтироми қонун дар ин сарзамини фарҳангу таммадун як гуноҳашро исбот кунанд”, аммо натавонистанд. Маълум шуд, ки бозгашташ ба Тоҷикистон ба хотири ҳамин бегуноҳӣ буд.

Бо ин бозгашт сабақи бузурге барои дигарандешон, созандаҳо ва ватандорҳо дод. Ӯ охирин умеду орзуҳои як насли навхоҳу дигарандешаро бо худ ҳабс кард. Бо ин бозгашт мисли омӯзгоре ба шогирдонаш дарси бедорӣ дод. Ҳамон қадар гуфтанду навиштанд, вале танҳо бозгашти ӯ воқеиятҳоро ошкор кард ва нишон дод, ки мо дар кадом вазъият қарор дорем!

Ин мард ҳамон Зайд Саидов аст, ки аз боздошташ ду сол сипарӣ мешавад. Ду сол мешавад, дигар намесозад. Вале Зайд ҳамчун як падари меҳрубон, тоҷири муваффақ, ҷавонмарди ҳалолкор, ҳалолёб, ҳалолхӯр қалбу зеҳну хотираҳои фарзандон, дӯстон ва ҳамватанонашро тасхир кардааст!

Далер ШАРИФОВ
Мӯҳр
Равшан
ин мард ҳамон Зайд Саидов, номард аст ва бо номардо будубош дошт. ҳаромро меёфт бо ҳалол қаҳри буд. бойро медиду камбагала меҷқид мерафт. чихел одамое ки ба у бовар карданд онҳоро кидат карду ва ....

Кулоби
Зайд мард буд мард ҳаст ва мард мемонад...ҳама дар Тоҷикистон дусташ медорад....

Равшан,
Бисёр дуруггуи мохире хасти Равшан, суханонат баъаксанд.

манучехр
хай акнун акои Равшан ин тухматхоро ки дар хакки Зайд навишти ному насабатро хам бо сурогаи хонаат навис мумкин вазифат метиян. хозир лаганбардорода вазифа додан модда шидай ку

холик
Эй ки имруз аз чанозаи мо мегзари Шод мабош ки бо ту чунин мочаро шавад.

Аку мембри друг наги, чива меги ки Зайд номард аст? Аз ту номардтар боз хам худат хасти. Кадом камбагалу чукиду кадом боя медид? Худованд хар каса ба чазои худаш гирифтор кунад, аз чумла туро хам!

Хакгу
Равшан,
Равшанбой мегум ё масти ё пасти? ки ин кадр тухматхои ночавонмардона ба ин марди начиб мезани?!
Дар хакки одам зулм мекунед хадди акал камтар инсон хам шавед!

Аз Худо тарс! ин дунё кироии ин тухматхоро надорад!

тоир
Далер! бо ин навиштаат дили дустонро бори дигар реш реш кардию, дили душманонро захролуд сохти. Ин навиштахо зери номи Зайд дар таърих сабт хоханд шуд, захми забонхои душманони озодию, оромию суботи кишвари азизамон хам дар зери ин навиштахо боки хоханд монд!!!

TOJIK
Зи мардони роҳи марди омӯз! Далерҷон зинда боши! Сухани ҳақ ҳақ аст гарчи талх бошад!Озодагон ташакур!

Ҷамшед
Ташаккур ба Далерҷон ва Озодагони азиз, беҳтарин матлаб, Зайд дар ҳақиқат шахсияти созанда, ватандӯст ва ифтихори тоҷикон аст, ки номаш дар сахифаҳои таърих бо хатти заррин сабт мегардад, Садҳо иншоотҳои сохтааш ва аввалин тарҳи зебои Душанбе Плаза шаҳри Душанберо каме ҳам бошад, ба шаҳр монанд карда ҳусни зебо бахшид ва садҳо шаҳрвандон ҷои кор ёфта чорабиниҳои гуногун дар ин маҷмаи зебо доир мегардад.

Ин кадар аз у кахрамон ва поквичдон натарошед! Хамин Зайд Саид барои халк чи кард? Танхо барои худу манфиати наздиконаш кор кард. Чорто зан дошт? Дошт. Боз Конун мегуяд... Ту хам Далер инро нагз медони.

Чавонмарди ҳалолкор, ҳалолёб, ҳалолхӯр??? Аз хандара дилкаф шудам. Касе, ки халол кор мекунаду халол меёбаду халол мехурад, хеч гох ин кадар боигари чамъ намекунад. Зеро, ки бо халолкори бой намешави! Ин фалсафаи хаёт аст, бародар Далер. Касоне, ки халол кор мекунанду халол нон мехуранд, ё камбагалона ё миёнахол зиндаги мекунанд. На мисли Зайд Саид бо чор зану фабрикаву заводу "близнецы"-ю "Модная точка" ва гайраву хоказо.

diplomat
ИН НОМАРД НАВ ЧОЯША ЁФТ

адолат
зайд рафту ширкатхои сохтмони ба бухрон дучор шуданд, сафи бекорон афзоиш ёфт, карзхо ва сармоягузории хоричи ба далели омуносиб будани фазои инвестори кам шуд, хулоса баъди ду соли хабси Зайд акнун вазъи тоҷику тоҷикистона бинед...Ҳама дар буҳрон, муҳоҷирон бекор ва кишвар дар остонаи ҷанги ифротихову бухрони иктисоди...Ин аст натиҷаи беадолати ва нохакки нисбати афроди бегунох ....

Бетараф
О фарқаш чи ки чанд зану чанд ширкат дошт...бой будан гуноҳ нест...дар Тоҷикистон онҳое, ки аз пулу моли ҳаром соҳиби мансабу дорои шудаанд гумон мекунанд, ки ҳама мисли худашон аст. Мардуме буданд мисли Зайд ки танҳо аз роҳи ҳалол соҳиби сарват шудаанд. Ҳоло берун аз Тоҷиткистон ихел пулдорҳо пур.....

АЗ ЗАЙД САИДОВ КАХРАМОН НАСОЗЕД. КОНУНВАЙРОНКУНИХО ЗИЁД КАРД, ГАЙРИКОНУНИ СОХИБИ МУЛК ШУД.ФАКАТ ЯК ЧИЗ ХАКИКАТ ДОРАД КИ МУХЛАТИ ЗИЁД ДОДАНД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)