Бахшҳо

Аз ашкрезию афви Зайд Саидов то суол ба Убайдуллоеву умед аз Рустами Эмомалӣ

Аз замони боздошти Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари ташаббускорони ҳизби “Тоҷикистони нав”, рӯзи 19 май расо ду сол сипарӣ гардид. Саидов, ки 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шуду моҳи декабр ба 26 соли зиндон маҳкум гардид, айни ҳол дар чӣ шароит қарор дорад? Ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, шахси дуюми Тоҷикистон, ки хостори даъваташ ба додгоҳ шуд, чӣ суол дошт? Аз Юсуф Раҳмонов, додситони нави генералӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси нави Додгоҳи олӣ ва Рустами Эмомалӣ, раҳбари нави Оҷонсии зидди фасод тағйиротеро дар қазияаш интизор аст?

Посух ба ину дигар суолҳо ва дар бораи ашкрезии Зайд Саидов дар маҳбасро дар суҳбати Алишер Зарифӣ, хабарнигори “Озодагон” бо Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов мутолиа кунед.

Озодагон: Зайд Саидов ҳозир дар чӣ вазъ қарор дорад, реҷаи рӯзаш чӣ гуна аст?

Исҳоқ Табаров: “Соати 6 мехезад, шустушӯй мекунад. Дар ҳамон утоқашон ду нафаранд, рӯбучин мекунанд. Баъдан ғизо мехӯранд. Соати 9 агар ҳамон рӯз мурофиа дошта бошад, ба мурофиа меравад. Агар набошад китоб мутолиа мекунад, намозҳояшро мехонад. Як рӯз пас як соат сайругашт доранд”.

Озодагон: Ба матбуоти даврӣ дастрасӣ дорад?

Исҳоқ Табаров: “Бале, пайваста нашрияҳоро мехонад. Дар ин масъала ягон монеа нест. Радио дорад, ки дар гӯш монда, хабарҳои кишварро мешунавад”.

Озодагон: “Дар суҳбат бо Шумо, баробари он ки парвандаҳоро баррасӣ мекунад, аз вазъи кишвар низ суҳбате мекунад?

Исҳоқ Табаров: “Албатта, дар баробари он ки аз радио ва матбуот иттилоъ мегирад, баъзе масъалаҳоро аз мо мепурсад. Мегӯяд, иттилооти мо дар берун зиёдтар аст ва мепурсаду таҳлил мекунад. Хусусан, ба вазъи иқтисодии кишвар таваҷҷуҳи зиёд мекунад ва нигарон аст”.

Озодагон: Аз ҳукми собиқ вакилони дифояш, аз ҷумла Шуҳрат Қудратов чӣ гуна огоҳ шуду чӣ хел қабул кард?

Исҳоқ Табаров: “Хабари ҳукмро аз радио фаҳмидааст. Рости гап ашкҳояш рехтанд. Аз Фахриддин ҳам ҳамин хел - бисёр зиқ шуд ва мегуфт, инҳо ба хотири ман ба чунин аҳвол гирифтор шуданд”.

Озодагон: Аз муносибати маъмурини боздоштгоҳ шикоят намекунад?

Исҳоқ Табаров: “Не, муносибаташон бисёр хуб аст мегӯяд. Ҳама ҳурмату эҳтиромаш мекунанд. Вазъи саломатияш низ, ки қаблан каме азияташ медод, хеле беҳтар шудааст”.

Озодагон: Зайд Саидови феълӣ аз Саидови ду соли қабл чӣ фарқ дорад? Дар муқоиса бо лаҳзаҳои аввали боздошташ дар ӯ тағйироте дида мешавад?

Исҳоқ Табаров: “Бале, тағйирот дида мешаванд. Хеле пухта ва хеле ҳуқуқшиноси хуб ҳам шудааст. Бисёр нозукиҳои ҳуқуқиро медонад, ҳаққашро хуб мефаҳмад ва аз ҳуқуқҳои худаш ҳимоят мекунад”.

Озодагон: Аз дифои ҳуқуқҳояш зикр кардед, қариб як моҳ аст, ки баррасии парвандаҳои нав алайҳи Зайд Саидов идома дорад. Мурофиаҳо чӣ гуна сурат гирифта истодаанд?

Исҳоқ Табаров: “Баррасии ду парвандаи нави Зайд Саидов, ки тибқи якеаш гӯиё ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷ Сохтмон Байналмилал” маблағҳои барои сохтмони “Душанбе-Плаза” ҷудошударо аз худ кардааст, идома дорад. То имрӯз қариб 60 дарсади шоҳидон пурсида шуданд, аз он ҷумла намояндагони фармоишгар - Анваров, сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва мутахассисоне, ки замони сохтмон ба сифати назоратчӣ ширкат варзида буданд. Ҳоло гуфта метавонем, ки ҳамаи нишондодҳое, ки онҳо доданд ба фоидаи мо аст, зеро аслан зимни мурофиаҳои додгоҳӣ мо муайян кардем, ки ягон хел изофанависию азонихудкунӣ нест. Баъдан, вақте сохтмон шурӯъ мешавад, шартномаи пудратчии сохтмон бо Зайд Саидов баста нашудааст. Он миёни Маҳмуд Исоев, директори генералии “Тоҷ Сохтмон Байналмилал” ва намояндаи фармоишгар -- Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе баста шудааст. Ҳар қадам, ҳар як кори иҷрошуда зери назорат буд. Ҳамин хел комиссияи давлатӣ қабул кардааст ва ду соли истифодаи кафолатияш гузашата аст. Баъди ин мақомот меояду санҷиш гузаронида, санад тартиб медиҳанд. Сардори Раёсати сохтмони шаҳри Душанбе санади ревизияро имзо накардааст ва дар тафтишот ҳам ва дар суд ҳам тасдиқ кард, ки ман бо баъзе паҳлуҳояш розӣ набудам”.

Озодагон: Дар доираи ин парванда, қаблан Шумо хостори даъвати мансабдорони баландмақом, аз ҷумла Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Матлубхон Давлатов, собиқ раиси Кумити давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол, Давлаталӣ Саидов, муовини сарвазир ба мурофиаи додгоҳӣ шудед. Зайд Саидов аз онҳо, аз ҷумла аз Маҳмадсаид Убайдуллоев чӣ пурсиданӣ буд?

Исҳоқ Табаров: “Аз Убайдуллев дар мавриди масрафҳои шахсии худаш, зарарҳои бардоштаи худаш дар “Душанбе-Плаза” пурсиданӣ буд, ки қариб 6 миллион доллар зиёдтар аст. Бар ин буд, ки Убайдуллев метавонист ин чизро тасдиқ кунад, аммо баъдан боз худаш лозим нашуморид ва мо даст кашидем аз дархост барои даъвати Убайдуллоеву Давлаталӣ Саидов. Аммо ҳоло боз дар мавриди пурсидани Давлаталӣ Саидов дархост кардем. Инчунин, хостем Матлубхон Давлатов ҳатман пурсида шавад, зеро дар вақташ раҳбари Кумитаи амвол буд ва ин ҷо вобаста ба амвол бисёр саволҳо ҳастанд. Баъдан, Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноат низ бояд даъват ва пурсида шавад”.

Озодагон: Худи зерҳимояатон ба дурнамои баҳсҳои додгоҳӣ ва натиҷаи талошҳояш чӣ назар дорад?

Исҳоқ Табаров: “Вобаста ба ҳамин парвандаи дуюм бисёр хушбин аст. Ба хотире, ки ин парванда ягон паҳлуяш исбот намешаваду ҳама акси ҳол шуда истодааст. Ӯ боварӣ дорад, ки суд сафедаш мекунад. Далелҳои кофӣ барои ҳукми сафед баровардан аст. Раисикунандаи мурофиа низ бисёр талош мекунад, ки ҳолатҳои парванда мушаххас шаванд, бисёр кунҷкобӣ мекунанд. Аз раисикунандаи суд бисёр бовариҳо дорем. Чӣ хеле набошад, ҳоло тафтишоти судӣ бисёр мунсифона ҷараён дорад. Ҳамаи паҳлуҳоро бисёр кунҷковона санҷида истодаанд”.

Озодагон: Дар мурофиаҳои қаблӣ, ки зерҳимояатон бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ – “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ” ва “фасоду ришвасистонӣ” ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, чунин ҳолат ҷой надошт?

Исҳоқ Табаров: “Дар парвандаи қаблӣ низ то ҷое чунин ҳолат буд, лекин аксари дархостҳое, ки мо мекардем, ҳамин хел муаллақ мондаанду ягонтоаш қонеъ нашуданд. То охир ҳамин хел муаллақ монданд. Дар мурофиаи парвандаҳои нав ин хел нест. Бисёр дархостҳое, ки мо хаттӣ пешниҳод мекунем, муҳокима мешаванд, қонеъ шуда истодаанд”.

Озодагон: Ахиран роҳбарони ҳамаи ниҳодҳое, ки дар қазияи Зайд Саидов таъсири калидӣ доранд, иваз шуданд. Шумо ва зерҳимояатон аз Юсуф Раҳмонов, додситони нави генералӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси нави Додгоҳи олӣ ва Рустами Эмомалӣ, раҳбари нави Оҷонсии зидди фасод тағйиротеро дар қазияи Зайд Саидов интизор ҳастед?

Исҳоқ Табаров:
“Не, мо дар гумон ҳастем, зеро аллакай дар замони прокурори генералии нав айбнома аз рӯи парвандаҳои нав тасдиқ шуд. Дастгирӣ кардани айб ин дастгирӣ кардани нуқтаи назари тафтишоти пешакӣ аст. Вақте тасдиқ мешавад, ин аллакай ҳамфикрии ҳамон одамро нишон медиҳад. Ба ҳамин хотир мо ҳеч чиз умед надорем ва худи рафти мурофиаи судӣ, аз ҷумла рафтори айбдоркунандаҳои давлатӣ худ далолати ҳаминро медиҳад. Онҳо фақат дар самти айбдоркуниянд ва ягон хел ҳаракату кушиш барои мунсифона баррасӣ кардани ҳолати кор ба харҷ намедиҳанд. Онҳо бояд кӯшиш кунанд, ҳолати корро муайян кунанд, аммо нест ин хел чизҳо. Рустами Эмомалӣ низ баъди ба анҷом расидани тафтиши парвандаҳо ва ба суд ирсол шудани онҳо таъин шуд. Ҳоло парвандаҳо дар истеҳсолоти судиянд ва он кас ҳуқуқи ягон хел дахолат карданро надорад ва ҳоло ҳама масъулят бар души суд аст, ки чӣ қарор қабул мекунад”.

Озодагон: Агар хато накунам, қаблан додгоҳ барои тафтиши иловагӣ ба Оҷонсии зидди фасод ҳудуди 6 парвандаро фиристод, вале бозпас ба додгоҳ ҳамагӣ ду парванда омаданд. Парвандаҳои дигар, аз ҷумла “қазияи таҷовуз ба номус ва падари фарзанди ҷабрдида” будани зерҳимояатон чӣ шуд?

Исҳоқ Табаров:
"Ҳоло ягон ҳолаташ маълум нест. Аз ҳамон 6 моддаи Кодекси ҷиноятие, ки ба тафтишоти иловагӣ фиристода шуда буданд, ҳамагӣ ду тояш –моддаи 250 (тамаъҷӯӣ) ва 314 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ба додгоҳ баргашту тамом. Боварӣ дорам, ки дигарҳояш ояндаи судӣ надоранд ва ба ҳамин хотир шояд қатъ шуда бошанд".

Озодагон: Дар парвандаи “таҷовуз ба номус” шумо як хулосаи тақаллубиро ошкор кардед, ки мақомоти тафтишотӣ аз номи пажуҳишгоҳи “Био Папа” пешниҳод карданд ва гуфтанд Зайд Саидов падари фарзанди ҷабрдида аст. Аммо шумо исбот кардед, ки он тақаллубист. Аз рӯи ин ҳолат ягон муфаттиш муҷозот шуд ё парвандае оғоз гардид?

Исҳоқ Табаров: "Албатта, ин ҷинояти бисёр сангин аст. Хусусан агар дар ин ҷиноят боз худи ҳуқуқшиносон ва он мардуме, ки вазифаашон ҳифзи ҳуқуқи дигарон аст, даст дошта бошанд. Вақте онҳо ин ҷиноятро мекунанд, дукарата бояд масъулияташон зиёд бошад. Мо вақте ин тақаллубкориро муайян кардем ба собиқ прокурори генералӣ ба таври хаттӣ муроҷиат карда, дархост кардем, ки парвандаи ҷиноятӣ боз карда, дастандаркоронро ба ҷавобгарӣ кашад. Лекин прокуратураи генералӣ дархости моро ба суд ирсол кард, ки ин масъаларо ҳал кунад. Дар ин маврид ба мо ҳатто ҷавоб нагардонданд. Дар суд ҳамин хел монд. Ҳол он ки тибқи қонунгузорӣ вақте таркиби ҷиноятӣ муайян гардид, прокуратураи генералӣ ҳамчун назоратчии олӣ бояд парванда боз кунад. Мо ба суд низ муроҷиат кардем, вале чизе то ҳол маълум нест. Кодекси ҷиноятӣ барои содир кадани чунин ҷиноятҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст. Ин сирф сохтакорӣ буд охир".

Озодагон: Вокуниши Шумо чӣ хоҳад буд? Барои иддаои исботнашуда аз мақомоти тафтишотӣ ё афроде, ки ҳамчун ҷабрдида баромад карданд, ҷуброне талаб хоҳед кард?

Исҳоқ Табаров: "Баъди дарёфти қарорҳои мақомоти тафтишотӣ дар мавриди қатъи ин парвандаҳо мо ҳатман шикоят мебарем, даъво пешниҳод мекунем. Мақомот бояд ба зерҳимояи мо нусхаи қарорро, ки ба чӣ хулоса омадаанд, супоранд".

Озодагон: Дар доираи парвандаҳои нав дар мавриди “Тоҷ Сохтмон Байналмилал” ва даъвои тоҷири Ветнамӣ дар мавриди “Тоҷикатлас” ба Зайд Саидов чӣ гуна ҳукм таҳдид мекунад?

Исҳоқ Табаров: “Агар ҳамаи далелҳоро нодида гиранду дар доираи парвандаҳои нав маҳкум ҳам кунанд, 4 соли дигар илова карда метавонанд. Зиёда аз 30 сол дода наметавонанд, чун қонунгузорӣ ҳадди ниҳоии ҷазоро ҳамин қадар муқаррар кардааст”.

Озодагон: Дар доираи парвандаҳо ягон муҷозоти моддӣ имкон дорад. Имрӯз зерҳимояатон ё хонаводааш чӣ моликият дорад?

Исҳоқ Табаров: “Ба ғайр аз автомошинаҳо ва манзилҳои шахсии истиқоматӣ дигар ҳамааш ба фоидаи давлат мусодира шудааст. Ҳатто онҳое ки соли 1992 ба даст оварда шуданд, мусодира шудаанд. Метавонанд хонаю мошинҳояшонро низ мусодира кунанд. Қарорҳо дар мавриди мусодираи корхонаю ширкатҳо аллакай қувваи қонунӣ гирифтанд. Аз ҷумла фоида аз худи маҷмааи савдои “Пойтахт” ба суратҳисоби Оҷонсӣ меравад. Фабрикаи “Гулистон” ҳоло кор намекунад. Баъди ҳабс 600 кормандашро ҷавоб доданд ва бо ҳамин тамом, то ҳол кор накарда истодааст”.

Озодагон:
Ҳукми 26 соли зиндон дигар ниҳоӣ шуд?

Исҳоқ Табаров: “Не, мо аз болои ин қарор ҳудуди як моҳ пеш ба Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони Созмони милали муттаҳид шикоят бурдем ва ин ниҳод бояд онро мавриди баррасӣ қарор диҳад”.

Озодагон: Ин Кумитаи СММ чӣ таъсир расонда метавонад?

Исҳоқ Табаров: “Аслан қарори ин Кумитаи СММ низ тавсиявӣ аст, лекин фикр мекунам СММ воситаҳои таъсиррасон дорад”.

Озодагон: Қаблан Зайд Саидов бо номае аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ хоста буд, ки ба қазияаш расидагӣ кунад. Ягон посухе гирифтед?

Исҳоқ Табаров: Дар ин маврид ба раиси дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ, ба фикрам Музаффар Ашуров буд, як бор шарҳ дод, ки ин нома ба тариқи расмӣ ворид нашудааст, ба ин хотир мавриди баррасӣ қарор надодаанд. Мактуб воқеан ҳам ғайрирасмӣ буд, зеро агар расмӣ менавишт, он ҳеч гоҳ намерасид.

Озодагон: Қонуни афв, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран имзо кард, нисбати Зайд Саидов татбиқ нашуд?

Исҳоқ Табаров: “Бояд афвро татбиқ мекарданд, аммо то ҳол амалӣ нашудааст. Вале дар назар аст, ки афв баъди интиқол ба ҷойҳои ислоҳӣ татбиқ гардад”.

Озодагон: Аз ҳукми Зайд Саидов чӣ қадар ихтисор хоҳад шуд?

Исҳоқ Табаров:
“Аз 4 як ҳиссаи муҳлати ҷазо”.

Озодагон: Ин, яъне каме бештар аз 6 сол ихтисор хоҳад шуд?

Исҳоқ Табаров: “Бале ҳамин қадар мешавад”.

Озодагон:
Қаблан Зайд Саидов ҳукми 26 соли зиндонро барои худ “ҳабси абадӣ” хонда буд. Ҳозир ҳам ба озодӣ ягон умеде надорад?

Исҳоқ Табаров: “Албатта, умед дорад. Умед дорад, ки мефаҳманд, як фикр мекунанд. Бисёр боварии комил ба ин дорад. Бо ҳамин боварӣ зинда асту худашро нигоҳ дошта истодааст”.

Озодагон: Вазъи руҳию равонияш чӣ гуна аст?

Исҳоқ Табаров: “Бисёр устувор ва хуб аст”.

Озодагон:
Ба наздикон-ҳамсар ва фарзандонаш дастрасӣ дорад?

Исҳоқ Табаров:
“Дар ҳамин мурофиаи парвандаҳои нави Зайд Саидов, ки ҳоло идома доранд, ҳар рӯз 5 нафар наздикону пайвандонаш, фарзандону ҳамсараш медароянд. Баъди мурофиа раисикунанда 10 дақиқа иҷозат медиҳад, то бо наздиконаш бо ҳам суҳбат кунанд”.
Мӯҳр
худотарс
аз худо шарм доред .бечора бегунох будааст озодаш намоед crying

Ситора
Худованд ин марди сахиро дар панохаш нигох дор бошаду, ба у саломативу рухбаландиро атокунад. Дуогуи он хастем, ки Зайд ба зуди озод шаваду ниятхои некашро барои мардуми азиятдидаи Точикистон амали гардонад.ИНШООЛЛОХ БОВАРИ ДОРЕМ, КИ ХАМААШ ХУБ МЕШАВАД!

Сад худро агар куши хечкор карда наметавони, махбас дар насибаш будаст ва хама кори дунеи ба хости парвардигорат, ун инкад одами пок мебуд кайхо рохи начот меефт. Ин шахс дар имтихони парвардигораст.

1212
Худованди бузург дар амонаташ нигох дорад. Тухмат бар сари хар як фарзанди инсон меояд. Хатто нисбати пайгамбарон тухмат карда буданд. Умед ба Худои бузург дошта бош За

Эй, он ки худро Шамсия ном мебари, бо он кинаву адоват ва бадхохиат садкаи номи парвардигор шав! Шоди макун, ки бар ту хам ин мочаро расад.

Эй, он ки худро Шамсия ном мебари, бо он кинаву адоват ва бадхохиат садкаи номи парвардигор шав! Шоди макун, ки бар ту хам ин мочаро расад.

мардикор
Ба зайд саидов як шарт гузоред чавобаш дихед шарт чунин аст 4000 одамро бо чои кори доими тамин мекуни
Тавба одами коргар дар махбас одами бекор дар озоди

Ман шахсан акаи Зайд Саидро хуб намешиносам. Лек аз дахони бисëр одамон шунидаам ки инсони хуб аст. Хамаи инсон гунох дорад Худо аз тухмат нигох дорад. ИншоОЛЛОХ хамааш хуб мешаваду акаи Зайд Саид мебарояду барои Точикистони азиз ва барои миллати шарифи Точик хизмати софдилона ба мисли раиси Чумхур мекунад.

6 миллион долларе ки аз худаш бебозгашт ба сохтмон сарф кардааст, аз кучо пайдо намуд???

ПАТРИОТ
Исҳоқ Табаров кори мекардагира дар хакаш карданд. Дигар лозим нест икадар таърифу тавсиф агар гунахгор хам бошад аз ин хукми додаги зиедтар хукмаш намедиханд. Так что спектаклу драмабозира бас ку.

умеда
Исҳоқ Табаров агар ай пушти як камбагал инчунчунин чон бози мекардан ма мард мегуфтмт неки афсус ба хама пул даркорай ма мефамум хтона айякдигар боло нагирен

Ангара
Ана ин аст Кахрамони милли Точикистон !
Зинда бод Зайд Саидов!
Худованд Шуморо дар панохаш нигахбон бошаду душманонатонро нест кунад!

"Шамсия", нашавад, ки ту ё наздиконат ба тӯҳмат гирифтор шавӣ, Зайд озод шаваду, шумо ҷойи ӯро гиред. Шахсе, ки ба ту ё ба оилаи ту бадие раво надидааст ва шуморо ҳатто намешиносад, чаро бадаш мекунӣ? То ҳол ба ҷуз чанд чиновник касе ӯро бад нагуфтааст ва ҳама ба бегуноҳии он марди қавиирода бовар доранд. Ӯ ҳатман озод хоҳад шуд. Аз ноумеди ҳама умед аст. Поёни шаби сиёҳ сафед аст. Агарчи сухани нек надорӣ, ақаллан бадгӯӣ накун. Астағфируллоҳро фаромӯш накун.

toj
Салом ба хама бародарон
Хушо ба холи он нафаре ки дар камераи хурд хамрохи З САИДОВ умр ба сар мебарад
Хамрохи Зайд Саидов дар ин камераи хурд худро дар як дунёи озод хис мекунад

Demokrat
Худованд озоди насиб гардонад ба шахсони бегунох.

салом ба хамаи бандагоне ки бовари бар худо доранд мухтарам акаи зайд саидов аслан ман шуморо надидаам валекин аз руи сайтхои интернети шуморо хуб шинохтам дуогуи он хастам ки шумо озод шавед ва он ниятхои некро доред амали гардонед ва чандин мардуми точик сохиби чои кор гардад худован дар оилаи шумо саб дихад ва шумохам сабр кунед ки худованд хамрохи собирон аст иншоолох 2

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)