Бахшҳо
22 май 2015 14:51Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти 3 масъул дар 1 рӯз барои додугирифти билети ҳарбӣ

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар як рӯз 3 корманди мақомоти давлатиро боздошт намудааст, ки дар гирифтани пора барои тайёр намудани билети ҳарбӣ муттаҳам мешаванд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, 8 май дар пайи як амалиёт дар кучаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат, корманди ротаи Хадамоти дидбонию пайраҳадории Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат, зимни гирифтани 200 доллари амрикоӣ аз шаҳрванд «М» дастгир шудааст: “Муайян гардид, ки боздоштшуда якҷо бо сардори шуъбаи дуюми комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат барои тайёр намудани билети ҳарбӣ ба номи шаҳрванд «А» аз шаҳрванд «М» 300 доллар талаб намуда, 100 долларашро қаблан гирифтаанд”.

Оҷонсӣ таъкид намуд, ки худи ҳамон рӯз, 8 май дар шаҳри Ваҳдат боз як нафари дигар боздошт гардид, дастури муовини комиссари ҳарбӣ-сардори зершӯъбаи сафарбарии комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзободро дар робита ба тайёр кардани билети ҳарбӣ иҷро мекардааст. Тибқи иттилои манбаъ, шаҳрванд «А», ки хоҳиш ва дастури муовини комиссари ҳарбӣ-сардори зершӯъбаи сафарбарии комиссариати ҳарбии Файзободро иҷро мекардааст, баъди гирифтани маблағи 400 доллари ИМА аз шаҳрванд «Н», дастгир шудааст: “Муайян карда шуд, ки масъули комиссариати ҳарбии Файзобод барои тайёр намудани билети ҳарбӣ ба номи шаҳрванд «Б», аз шаҳрванд «Н», 400 доллари ИМА, талаб намудааст”.

Оҷонсии зидди фасод афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса нисбати се масъули боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мӯҳр
Darvesh
Ki mefurusha bileti harbi ma tyorum 1000$ btyum

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)