Бахшҳо
23 май 2015 10:20Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷавонон ва дарҳои баста!

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Дар тасаввури ҷавонон ин бовар шакл гирифтааст, ки агар даркушое наёбанд, дарҳои бастаи пеши рӯяшон боз намешавад. Ҷавонон бархе дунболи калиди ин дарҳои баста мераванд, баъзеи дигар бидуни ин ки талош кунанд, ба сарнавишти бад тан медиҳанд.

Ин ҷавонон, ки аксарашон дар муҳоҷирати меҳанатӣ дар Русия қарор доранд, фикр мекунанд дар Тоҷикистон барояшон ҷо нест ва наметавонанд ояндаи хешро ин ҷо бисозанд. Тасаввури аксари онон чунин аст, ки тамоми дарҳо ба рӯяшон баста аст ва гоҳо фикр мекунанд, Худо онҳоро танҳои барои ин офарида, ки дар Русия муҳоҷир бошанд ва фақат нон ёбанд.

Мантиқан ин бардошти ҷавонон ба воқеияти имрӯзи кишвари мо ҳамхонӣ дорад. Зеро ваъзият тақозо мекунад, ки дигар аз талош, кушиш ва ҳақталабӣ даст кашанд. Чун медонанд, дигар роҳе надоранд. Шароит дар Тоҷикистон тавре сохта шуда, ки фақат донишгоҳҳо барои онҳоест, ки қудрати таҳсил карданро доранд. Яъне, вақте мактаби миёнаро хатм мекунанд ҳеч роҳе надоранд, то дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд ва ин боис шуда, ки фикр кунанд, онҳо барои кишвар арзише надоранд.

Он ҷавононе ки чунин фикр мекунанд, на фақат аз Ватан, балки аз падару модари худ ҳам норозиянд. Чун медонанд, сарнавишташон ба табоҳӣ печида ва сӯхтааст. Аммо ҳарфи воқеитар ин ҷост, ки оё ҷавонон имкони рушди баробар доранд? Масалан, оё як ҷавони деҳотии бепуштупаноҳ метавонад бо таҳсилу кор дар кишвар ба авҷи қуллаи рушд бирасад? Ҷавоби ин суолҳо мусбат нест. Дар кишвари мо на ҳама имкони таҳсилро дорад. Гузашта аз ин на ҳама ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Маслан, ҷавононе, ки дар кишвари мо маълумоти донишгоҳӣ надоранд, сафашон рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Аксари ин ҷавонон муҳоҷиранд ва алакай ба ин сарнавишт тан додаанд. Ва фикр мекунанд сарнавишташон ин аст. Вале дар кишвар бо дигар шева аз ҷойгоҳи ҷавонон ҳарф мезананд.

Ҳар сол 23 майро ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн мегиранд ва ба ин муносибат паёмҳои табрикотӣ қатор-қатор хонда мешавад ва дигар ин таъриф аз ҷойгоҳи ҷавонон мебошад. Ин таъриф барои як гуруҳ ҷавонон муқаддамтар аст. Барои онҳое муқаддамтар аст, ки аз имконот баҳра мебаранд ва фикр мекунанд, ҷавонони кишвар фақат иборат аз онҳост, аммо қисми дигари ҷавонон, ба вижа онҳое ки дар муҳоҷират ҳастанд, аз матни ин таъриф берун мондаанд.
Мӯҳр
Бале бародар шахсан ман ки дар русия карор дорам дар ин чо
Астанд чавононе ки вакте ба вай мегуи чаро ду сол шуд
Хона на мерави онхо гашта мегуянд озир точикистон чои
Писарони раисону вазифа дорохай кучо равем мо меравем
Ва боз як е думох пас аз ягон Бонк карз гирифта гашта
Меоем пас чи дар кор рафтани мо мон хаминчо кор Карда
Зиндагии хонаро камтар хам бошад бехта кунем.инхо
Чавононе хастанд ки хатто як гулашон нашукуфтаас сохиб
Мансабхои мо бошанд парвои ин чавонон надоранд.

Бародари азиз ба гуфтахои Шумо сад дар сад хамфикрам, зеро банда хатмкардаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон мебошам. пас аз хатми донишкада ба макомоти ичроияи шахрамон омадам, ки маро ба ин донишкада барои тахсил худи макомоти ичроия фиристонида буданд. Инак панч мох мешавад, ки ман тамоман бекор, яъне холо хам ваъда дода истодаанд, ки бо чои кор таъмин мекунем, аммо фикр намекунанд, ки барои фосилаи кориам панч мох гузаштааст. Яъне, ки агар пушту панох надошта боши, чои корро хам фаромуш кун.

Кулябец
Тамоми насли навраси дасткутох халли мушкилиро дар мухочират ба Руссия мебинанд, ки ин солхо ба кафомонии мо сабаб мешавад. Ва хамагон дар орзуи гирифтани шахрвандии Руссия хастанд. Бисерихо хатто бо шахрвандони ин мамлакат издивоч кардаанд . Оё ин ба солимии миллат таъсир намерасонад? Оё нест чамъияте ё созмоне пеши рохи ин вируси ,, Ватанбезори "- ро гирад?

100 % дуруст кайд карди дустам,лекин чавононе,ки аз нобудии чора ба мухочират солхои дароз алакай касберо шояд пеша карданд хамакнун барошон дар Руссия вазъият аз мохи январи соли чори сар карда бе нихояд мушкил ва гирифтани ичозатномаи кории бо нархи гарон ва бо мушкилие надонистани забон ба даст меоранд,ин холат хукуматдорони моро бояд водор бисозад,ки харчанд саъю кушише,ки доранд ба харч дода дар Точикистон чойхои кориро харчи БЕШТАРУ БЕХТАР намоянд чун ба назар мерасад ки дар 3-4 соли оянда шояд дари Руссия бар суи Мухоичирони Точик баста шавад ваё Точикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ворид мешавад ваё холат бе нихояд мушкил мешавад дар чомеае,ки бекори бисёр бошад хар гуна чинояту,чинояткори бештару буду мебошад.

ЯК ШОИРЕ ГУФТААСТ ТОЧИКИСТОН ВАТАНИ НАВРУЗ АСТ!!! ОРЕ ТОЧИКИСТОНРО ТОРИКИСТОН ВА МАРДУМИ МАЗЛУМАШРО РАВШАН ВА ЧУМШУД КАРДАН ПАС АЗ КАДОМ ДАРХО ГАП БОЯД ЗАД? ДАР ЯКСОЛ АЗ ДОХИЛ ВА ХОРИЧ ХАЗОРОН ХАЗОР НАФАР БО УМЕД ДОНИШГОХХОРО ХАТМ МЕУНАНД БА ЧУЗ РУСИЯ ДИГАР ЧОЙИ ФАЪОЛИЯТ НЕСТ? БИНГАРЕД ДАР БИСТ СОЛИ ОХИР ДАР ПАИ ОН КИ БА МИСЛИ ДИГАР ДАВЛАТХО НОМИ МИЛЛАТ ВА НОМИ ТОЧИК БА ХУБИ МЕБАРОМАД АФСУС ИМРУЗ БО НОМИ РАВШАН ЧУМШУД МУАРРИФИ ШУДЕ ПАС ЧИГУНА МЕГУИ КИ АДОЛАТ ДАР ВАТАН ХАСТ??? АЗ САРГУЗАШТИ БАНДА МАН ВАКТЕ ТАХСИЛ МЕКАРДАМ ДАР ДДТ 32 НАФАР МО ХАТМ НАМУДЕМ ДАР ДОХИЛИ ИН НАФАРОН ЯГОН ФАКИРБАЧАЕ БО ДОНИШИ КОМИЛ НАБУД АММО НАФАРОНЕ БУДАНД КИ ПАДАРАШОН РАИС Ё ДИГАР КОРГАРИ ДАВЛАТИ БУД ХАТТО БА ДАРС ИШТИРОК НАМЕКАРДАН ВА БОЗ БО ТАМАСХУР ЧОНИБИ БАЧАХОИ ДАРСМЕХОНДАГИ МЕГУФТАНД ХОН-ХОН ФАРДО МАН КОР МЕКУНАМ ТУ НЕ ДАР ХАКИКАТ ЧУНИН ШУД!!!! ПАС ОЯНДАИ МИЛЛАТРО КИ БА ПУЛ ТАБДИЛ ДОДИ ПАС ЧИРО ИНТИЗОРХОХИ ШУД? БА ЧУЗ НОМСИЁХИ ПАСТФУРО ДИГАР ЧИЗЕ НЕСТ!!!!!!!!!!!! ХАЙФО КИ РАФТ НОМИ ТОЧИКА БАЗЕРИ ХОК!!!!!!!!

сад фисад сухани хак! Банда низ хатмкардаи ДТТ Ба номи ак. Осими, дипломи суп-сурх. Инак як сол мешавад, ки дар Руссия , аробакаш!!Орифшо Аюбович,

мальенкая тигрица
Нони хурдани ки Нарва албата амин хел фикр мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)