Бахшҳо
07 окт 2011 06:14Гузориш

Дар Тоҷикистон рақибони сиёсӣ таъқиб мешаванд?

Дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Шӯрои СММ  вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон  баррасӣ гардид. Прокурори генералии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ин ҳамоиш аз ҷумла иброз дошт, ки дар кишвари мо таъқиби рақибони сиёсӣ вуҷуд надорад ва ҳама дар назди қонун баробаранд. Барои инъикоси ҳарчи рӯшантари масъала "Озодагон" пурсиши ҳафтаро чунин гузошт: Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос Дар ҳар як кишвар нофаҳмиҳои аҳзоби мухолиф ва ҳукумат ҷой дорад ва Тоҷикистон дар ин маврид истисно нест. Лекин дар бораи он ки фишор вуҷуд дорад ё не, аз рӯи таҳлилҳои созмонҳои хориҷӣ, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи башар дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон нисбатан кишвари озод ва демократӣ аст. Вазъияти озодиҳои инсон дар Қазоқистону Қирғизистон давоми 5 соли охир бадтар гардид ва Тоҷикистон як зина аз онҳо болотар меистад. Ҳолати аз байн бурдани Ҳизби демократи Тоҷикистон ва дигареро бо ҳамин ном сабти ном кардан ҷой дошт ва ин як чизи табиист. Хоҳем нахоҳем ин муборизаи сиёсист ва ҳукумат тавонист, ки муноқишаи дохилии онҳоро ба фоидаи худ истифода кунад ва замоне имконият пайдо шуд, ки ин хизбҳо ду-се тақсим мешаванд, ҳукумат ба онҳо кӯмак кард. Ман фикр мекунам, ки сабаби асосии ин норозигии дохилиҳизбӣ буд, ки аз ин имконият ҳукумат манфиатҷӯи кард. Сӯҳроб Шарифов, директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Гуфтани ин ки барои мавзеъгирии сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳдудият вуҷуд дорад, аз корношоямӣ, тактикаи нодурустӣ ҳизбӣ ва ноил нашудан ба комёбиҳо шаҳодат медиҳад ва ин баҳонае беш нест. Борҳо гуфтам, ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҷомеаи имрӯзае, ки вуҷуд дорад, аз он фарҳанги сиёсӣ ва имкониятҳое, ки дар ҷамъият ҳаст, як нусхае(копия) мебошанд. Масалан, Ҳизби сотсиал-демократ кай гуфт, ки ба ягон мақсаду мааром расидааст? ҲСД бо ҳамин роҳбарият дар фазои сиёсии Тоҷикистон ягон комёбиҳои ҷиддӣ надорад. Ба чунин хулоса омадан мумкин, ки шояд роҳбарият дигар шавад. Аъзоёни ҳизб бояд фикр кунанд ва бинанд, ки оё бо ин гуна роҳбарияте, ки дар муддати зиёда аз 10 сол вуҷуд дорад, комёбӣ ба даст оварда метавонад? Албатта, кори аз ҳама осон гуфтан аст, ки фишор вуҷуд дорад ва имконият намедиҳанд. Кӣ имконият намедиҳад? Албатта ҳукумат! Ҳокимият аз ҳизби коммунистиву сотсиал-демократу наҳзат чаро тарсад? Давлат давлати Тоҷикистон аст ва ин ҳизбҳо барои Тоҷикистон хизмат мекунанд. Мо ҷамъияти демократӣ ҳастем ва рақобати сиёсӣ ин як фактори қонунии Тоҷикистон аст. Оппозитсия ин як фактори муҳимтарини рушди демократия мебошад ва чаро ба аҳзоби сиёсӣ фишор оварда шавад? Не, фишор дар он сурат оварда мешавад, ки ҳизби сиёсӣ ҷиддӣ метавонад бо ҳизби дигари сиёсӣ рақобат кунад. Лекин мо дида истодаем, ки дар фазои сиёсии Тоҷикистон танҳо Ҳизби халқӣ-демократӣ метавонад берақобати сиёсӣ ғолиб ояд. Ягон ҳизби сиёсӣ имрӯз на қувват, на имконият ва на обрӯ дорад, ки ба ҲХДТ наздик шавад. Он назарпурсиҳое, ки дар байни мардум аз декабри соли 2009 то феврали соли 2011 гузаронида шуда буданд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳизби коммунист ва Ҳизби наҳзати ислом на беш аз 10 фоиз дар ҷамъияти мо ҷонибдор доранд. Ҳол он ки тарафдорони ҲХДТ 49 фоиз аст. Ба назар мерасад, ки ҳизби ҳоким дар фазои сиёсӣ 4-5 маротиба аз дигар ҳизбҳо бартарӣ дорад. Методҳои аҳзоби сиёсиро гирем, маслан, дар замони роҳбарии Шодӣ Шабдолов дар муддати 20 сол Ҳизби коммунист ба ягон комёбиҳои ҷиддӣ ноил шуд? На! гузашта аз ин хеле ҳам заъиф шуданд. Дар Парламент фраксия доштанд, лекин ин имкониятро аз даст доданд. ҲНИТ дар 10 соли охир ягон комёбӣ ба даст овард? На! Ду кас дар Парламент буданд, интихоботи охир ду нафари дигар базӯр ду кас гузаштанд. Системаи авторитарие, ки дар шуури ҳар як фарди тоҷик ва ҳар як сиёсатмадор ҳаст, дар фазои сиёсии Тоҷикистон мавқеи хеле ҳам ҷиддиро ишғол карда истодааст. Демократияро фақат дар суханронӣ мефаҳманд. Кабирӣ суханронӣ мекунад, Зойиров ҳам бисёр сухан мекунад, дар амал дида мешавад, ки рақобат нест. Дар дохили ҳизби онҳо рақобат нест, зеро онҳо аз рақобат метарсанд. Рақобат хеле андак ҳам бошад, ҳарос доранд. Дар мавриди фишор гуфта метавонам, ки албатта, дар тамоми ҷаҳон ҳамин гунна як маҳдудият вуҷуд дорад ва қонун барои он қабул карда мешавад, ки муносибатҳоро ба як низом дароранд. Қонунро фишор гуфтан мумкин аст, лекин дар нохунак. Баъзе фишорҳо тавассути қонун дар назар дошта шудааст, вале аҳзоби сиёсӣ депутатҳо доранд, ки дар Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунанд ва ҳуқуқи пешниҳодро доранд. Пешниҳод кунанд, ба ҷомеа муаррифӣ намоянд, ба васоити ахбори омма нависанд ва талош варзанд, ки ин гуна қонунҳои фишороваранда дигар шаванд. Вақте  иқдомҳои боғаразона, бидуни таъсири аҳзоб дар ҷомеа ва бемасъулиятона пешниҳод мегарданд, албатта он ба назар гирифта намешавад. Дар асл, ман фикр мекунам, ки рақобат дар байни он ҳизбҳое, ки он қадар нуфузи зиёд ва эътибори ҷиддӣ надоранд, вуҷуд дорад ва таъсири онҳоро ба ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ҳам ҷиддӣ буда наметавонад. Муттаҳидии ҳизбҳо ҳам дар муқобили системаи мавҷудаи дунявии мо ҳам вуҷуд надорад. Ҳизбҳое, ки барномаву идеологияи дунявӣ доранд, аз ҷумла, ҲСДТ, ҲДТ ва ҲСТ ба назар мерасад, ки дар ҷомеа тамоман пароканда ҳастанд. Инҳо агар сарҷамъ бошанд, метавонанд ба муқобили ҳизби динӣ рақобати идеологӣ баранд. Набудани чунин рақобат байни ҳизбҳо ба нокомии сиёсӣ меорад ва онҳо баҳонаи асосиро фишор маънидод мекунанд. Шавкати Муҳаммад, масъули бахши фарҳанг ва иршоди ҲНИТ дар вилояти Суғд Он чи ки аён аст ҳоҷат ба баён нест мегӯянд. Бигзор дар минбари Шӯрои ҳуқуқи башар гӯянд, ки рақибони сиёсӣ таъқиб намешаванд ва боз оянду  фишори худро идома диҳанд. Ин аз як ҷиҳат хуб ҳам ҳаст, ҳарчанд барои мо нописанд аст. Чун фазои демократии Тоҷикистон рӯз аз рӯз ғуборолуд шуда истодаст ва аҳзоби сиёсӣ наметавонанд лоақал дар интихобот на ин ки овози худро соҳиб шаванд, балки боз ҳам ба хотири мондани номзадиашон барои риояи алтернатива дар баробари кадом раиси ҷамоату ноҳия мавриди  таъқибу фишор қарор мегиранд. Дар чандин ноҳияҳо бошад феълан қароргоҳҳои қаблии аз тарафи ҳукумат ба ӯҳдаи аҳзоби сиёсӣ вогузор шударо иҷборан кашида гирифта истодаанд. Магар ин фишор нест? Ин кори онҳо хуб аст ва ҳатто ба фоидаи рақибонашон ҳам ҳаст. Зеро бо ин фиреб ҳукумат ва ҳизби ҳоким дар назари мардум бад намоиш дода мешавад. Чун дар берун Тоҷикистон демократӣ ва иҷтимоӣ эълон мешавад, аммо дар дохил бошад, оддитарин ҳуқуқҳои инсонӣ, яъне озодии диндорӣ ва ё ҳуқуқи ба овози дар интихобот додаи худаш соҳиб шуданро надорад. Рӯзе мерасад, ки ин парда аз миён бардошта мешавад ва мазҳакасозон дар пеши Худо ва халқи Худо фош  хоҳанд шуд. Раҳматулло Валиев, раҳбари созмони "Рушди ҷомеа" Ба ин андеша, ки дар Тоҷикистон барои мавзеъгирии сиёсӣ ягон гуна таъқибу фишор вуҷуд надоштааст ва мақомоти Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башар  масъаларо чунин баррасӣ кардаанд, розӣ шуда наметавонам. Агар чанде, ки чӣ дар интихоботҳои парлумонӣ ва чӣ президентӣ ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқи иштирок кардану пешниҳоди номзадҳояшонро доранд,  вале то кадом дараҷа онҳо фаъолияти озод доранд ва интихоботҳо то куҷо шаффоф баргузор мешаванд, ин худ озодии фазои сиёсии Тоҷикистонро нишон медиҳад. Соли 2006 вақте, ки Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоботи президентиро байкот эълон кард, Ҳизби сотсиал-демократ ҳам байкот эълон кард ва Ҳизби наҳзати ислом ширкат накард, ҲДТ-ро гирифтанду ба як гурӯҳ одамоне, ки ба ин ҳизб ягон хел муносибат надоштанду надоранд, анҷуман гузаронида онҳоро ба сари қудрати ин ҳизби сиёсӣ оварданд. Онҳо номзадии худро пешниҳод карданд ва гӯё, ки ҲДТ дар интихоботи президентии соли 2006 ширкат варзид. Ин роҳҳои фишор аст ва бо ин роҳҳо лидерони сиёсиро аз саҳнаи сиёсӣ дур мекунанд. Барои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеа маълум буд, ки ин корҳо ба кадом хотир буд? Ба хотири аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани Ҳизби демократии Тоҷикистон буд. Фикр мекунам, ки бо ҳар роҳҳо фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар ин ё он маъракаи сиёсӣ маҳдуд карда мешавад. Абдуфаттоҳ Воҳидов, журналист Дар кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар кишварҳои Африқо ва кишварҳои дигари Осиё, ки анъанаи демократӣ надоранд ва ҳукуматҳояшон ҳатто аз шунидани номи  демократия ҳарос доранд, дар бораи рақобати сиёсӣ ва мавзеъгириҳои сиёсӣ гуфтугӯ кардан ҳеч маънӣ надорад. Чунки дар ҳамаи кишварҳои номбаршуда режими яккаҳукмронӣ ва якҳизбӣ ҳукмрон аст. Дар Иттиҳоди шӯравӣ як ҳизби коммунистӣ ҳукмрон буд ва дигар ҳизб вуҷуд надошт. Ҳоло дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ ҳаст, вале дар маҷмӯъ як ҳизб аст. Ин Ҳизби халқӣ-демократӣ мебошад, ки аксари аъзои он собиқ коммунистҳоянд ва онҳо дар гузашта дар сари қудрат буданд ва имрӯз ҳам қудрат доранд. Онҳо наметавонанд зидди худ мубориза баранд, зидди худ вокуниш кунанд ва алайҳи худ ягон намоиш ташкил намоянд. Мегӯянд, ки ҲНИТ дар муқобили ҲХДТ истодааст ва як ҳизби сиёсии мухолиф аст. Вале ман фикр намекунам, ки ҲНИТ ҳизби мухолиф бошад. Вай ҳам мисли дигар ҳизбҳое ҳаст, ки дар Тоҷикистон бо ном вуҷуд доранд ва дар ягон масоили муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақше ҳам надоранд ва дошта ҳам наметавонанд. Чунки барои ин кор ба онҳо имконият намедиҳанд. Ба ин хотир ман фикр намекунам, ки дар Тоҷикистон фишор алайҳи ҳизбҳо ҷиддӣ бошад. Вақте, ки ҳизбҳо худро нишон намедиҳанд, фишор ба кӣ буда метавонад? Фишор нест, чунки ҳизби мухолиф нест. Амният Абдуназаров, раҳбари созмони "Демократия" Кулли созмонҳои байналмиллалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қаблан эълом карданд, ки Тоҷикистон як кишвари худкома аст. Ба фикрам ба ҷуз ин пешниҳоди дигар вариант зарурат надорад. Бояд гуфт, ки созмонҳои мухталифи байналмиллалӣ пеш аз хулосаашро пешниҳод кардан бо ташкилотҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронида, фикру ақидаи онҳоро мефаҳмад. Мо худ медонем, ки Тоҷикистон як кишвари худкома аст. Имрӯз ҳукумат ҳизбҳои сиёсиро ба худӣ ва бачаи "угай" ҷудо кардааст. Баъзе ҳизбҳо метавонанд, ки аъзои кумитаи марказӣ бошанд, ҳизбҳое, ки ҳукумат онҳоро қабул надорад, онҳо ба ин рӯйхат шомил нестанд. Гарчанде, ки тибқи қонун ҳамаи ҳизбҳо ҳуқуқи баробар доранд. Баъдан, мо медонем, ки ҳизбҳои асиле, ки вуҷуд доштанд, бо фишори ҳукумати кунунӣ онҳо аз байн рафтанд ва баъзе аз роҳбаронашон маҳбасӣ ҳам шуданд. Дар васоити ахбори омма низ ҳамин ҳолат ҷой дорад. Он рӯзномаҳое, ки мардумӣ буданд дигар рӯи чопро надиданд ва ё мавриди фишору маҳдудият қарор мегиранд. Ҳамзамон аз иттилои рӯзномаҳо огоҳӣ дорем, ки рӯзноманигореро ба хотири он, ки муовини авали раиси ноҳияро то андозае таҳқир кардааст, 16 сол маҳкум ба зиндон кардаанд. Ин бори аввал аст, ки рӯзноманигор ба чунин мӯҳлати тӯлонӣ зиндонӣ мешавад. Бо ин ҳама ба фикрам Тоҷикистонро кишвари озоду адолатпарвар гуфтан ба ҳақиқат наздик нест. Абдуқайюм Юсуфов, адвокат Дар Тоҷикистон мувофиқи Сарқонун ва қонунҳои дигари амалкунанда тамоми аҳзоби сиёсӣ ҳуқуқи фаъолият кардан доранд. Агар фаъолияти онҳо ба низои маҳалгароӣ, динӣ, мазҳабӣ ва нажодӣ равона нашуда бошад. Аз рӯи матлабҳое, ки дар васоити ахбори омма нашр шуда буданд, чунин огоҳӣ дорам, ки дар вуҷуди Ҳизби демократии Тоҷикистон тарқише ба амал омад ва ин ҳизб соли 2006 ба ду равия тақсим шуд, ки яке ҷиноҳи Муҳаммадрӯзи Искандаров ва ҷонибдорони ӯ ва дигаре ҷиноҳи мухолифи Искандаров буд. Дар натиҷа равияи дуввум тавонист, ки ҳизбро аз нав ба қайд гирад ва умури идораи онро ба даст орад. Ин гуна вазъият дар миёни ҷонибдорони Ҳизби сотсиалистӣ низ рух дода буд. Ростӣ, аз асли воқеа огоҳ нестам, ки ин фишор буд ё нофаҳмӣ ва табодулоти дохили ҳизбӣ буд.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)