Бахшҳо

“Гузашт”-и Ҳалимов Тоҷикистонро "ангуштнамо" кард

Пайвастани Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон ба созмони экстремистии “Давлати исломӣ”, кишвари моро дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор додааст.

Тавре низоми ҷустуҷӯии Гугл нишон медиҳад, танҳо давоми чанд соати охир беш аз 100 расонаи русзабон хабари пайвастани полковники тоҷикро ба “Давлати исломӣ” нашр кардаанд. Аз ҷумла BBC Russian, Интерфакс, РИА Новости, Взгляд, Звезда, телеканал ДОЖДЬ, Московский комсомолец , Новая газета, ГОЛОС АМЕРИКИ, Вести.Ru, Полит.ру, Русская Служба Новостей, Комсомольская правда, РБК, 9 канал Исроил, ЕвроСМИ, FederalPress World News , Русская Служба Новостей, НТВ ва даҳҳо расонаи дигари ИДМ ин хабарро нашр карда, бархе аз расонаҳои Русия таъкид бар он кардаанд, ки собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон даъвои бозгашт ва барқарор намудани хилофат дар Тоҷикистону Хуросонро кардааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносонони дохилии Тоҷикистон низ пайвастани фармондеҳи воломақоми тоҷикро ба ҷабҳаи созмони террористӣ амали нангин барои кишвар хонда, Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ҳатто масъалаи истеъфои тамоми роҳбарони мақомоти қудратиро ба миён гузоштааст ва аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон даъват кардааст, ки сиёсати кадрияшро бозбинӣ кунад.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд, рӯзи 27-уми май тариқи як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дод.

Хабаргузории “Азия Плюс” дар пайи нашри ин хабар аз қавли як ҳамхидмати Ҳалимов, ки нахостааш номаш зикр шавад, иттилоъ додааст, ки Ҳалимов чанд сол қабл бо дастури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои узвияташ дар ҳаракати “Салафия” аз мақомот ронда шуд: “Аммо баъди чанде дубора ба кор барқарор шуд ва унвони фармондеҳро низ гирифт”.

Мусоҳиби “Азия Плюс” изҳор доштааст, ки полковник Ҳалимов миёни ҳамхидматонаш нуфузе надошт ва ягон вақт қобили эътимод набуду наметавонад ҷонибдорон пайдо кунад. Ин ҳамхидмат афзудааст, ки Ҳалимов ҳатто дар ҳаққи Олег Захарченко, собиқ фармондеҳи “ОМОН”, ки зимни як амалиёт дар Рашт кушта шуд, ҳарфҳои нораво мегуфт: “Дар ҳоле, ки Захарченко барои кормандони “ОМОН” фармондеҳи воқеӣ ва як шахси нотакрор буд”.
Мӯҳр
Худаш маълум то дируза гап назадет ки салафи аст ва имрузки аз пушти зулми шумо баромада рафт салафи терорист экстримист холе шумо биссиер мечаккен

умар
АЛЛОХУ АКБАР АЛЛОХУ АКБАР

Чурка аз Точикистон
Ин бузургвора бисёрихо гумрох меганд,не ки хаму одамо худшон гумроханд...ки хизмати душманои халки точика кардестиянд...Ахсант бародар...зинда бощи шери нар!!!!номи Варзобит халол ...

навруз
наход бар чаноби оли хиёнат куни

Руздолов
Истеъфои тамоми роҳбарони мақомоти қудратй!!!! Браво Шабдолов! Канй бинем чуръат мекунад?

БА ФИКРАМ АКСАРИ КОРКУНОНИ ОМОН ЧОНАШОН БАР ЛАБ ОМАДАГИ АЗ ХАМИН ХИСОБ АЗ ИН ДАВЛАТ НАФРАТ ДОРАНД ВА ХАК БАР ЧОНИБИ ОНХОСТ!

Ватандор
Ба Чурка! Худат номата дуруст гуфти, Чурка, носипос, обу хавои Варзод, нону намаки Точикисто ту ва хамон полковники хиёнаткоррозанад!

мулло
Аҷоиб ку. Муло ва эшон бадном. Милисаҳо худашон салафӣ будастен. Мора гаранг карда гаштен. Нони халқ куртон куна. Ношукрҳо

Мухочир
ХАКИКАТ МИСЛИ РУШНОИИ ОФТОБ АСТ КИ САД АГАР БО СПЕТАКЛХО ПУШОНЕД ЯК РУЗ НЕ ЯКРУЗ РУ МЕЗАНАД ВА ХАМА ХОХАНД ФАХМИД . БЕ ИН ХАМ ХАМА МЕДОНИСТАНД. ХОЛО БА ХАМА МАЪЛУМ ШУД КИ ФАРМОНИ СИЁХКУНИ ХИЧОБДОРОН АЗ КАДОМ ТАРАФ АСТ . ХОЛО МАЪЛУМ БУД ВА МАЪЛУМТАР ШУД КИ КИ ВА ТО ЧИ АНДОЗА БА ИН МИЛЛАТИ ШАРИФ БАДХО АСТ . МАКОМОТ ВА НАМОЯНДАХОИ ХАЛК РО МИЛЛАТ БАРОИ ЧУНИН ИНТИХОБ ВА БОВАР НАКАРДАСТ .

Экспэрт
Агар дар ҶТ як заррача қонун ҳасту Раҳмон мехоҳад аз ин ҳолати ногувҷор худро озод кунад,бояд вазири вкд-ро дарҳол аз вазифа биронад.Он шахсоне,ки барои сияҳ кардани дини мубини ислом ба фоҳишаҳо ҳиҷоб пушониданд,дарҳол аз вазифа ронда шуда барои тақаллубкорӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.Он мушовирони динии президент барои ба ҳолати таркиш овардани вазъияти ҷумҳурӣ ва қабули қонунҳои зиддидинӣ бояд аз вазифа дарҳол барканор шаванд.Ана он вақт мардум боз каме бошад ҳам нисбати Э Раҳмон тарафдорӣ хоҳад кард.Вагарна бо қабули чунин қонунҳои зиддидиниву рафторҳои душманона нисбати дини Ислом ва мусалмонон ин ҳукумат сафи душманон ва мухолифини худро даҳҳо маротиба зиёд кард.

Бародарон, нисбати давлат ва Ватан чи кадар андешахои бад гуфта бошед, хам Ватан - Ватан аст, ва барои мо хушбахти аст, ки дар Ватанамон шукронаи ПРАРВАРДИГОР тинчи ва ороми хукфармо аст. Ба Ватан хиёнат кардан гунохи дахшаттарин аст ва Халимов барин ватанфурушон, хиёнатгаронро набояд тарафдори кард. Чунин шахсонро "Домангир-гирехбонгир шуд" меноманд. Лаънат ба чунин шахсхо

мансабдор.
мухтарам Вазир бо ин филмхои порноиш чи чавоб медихад .Агар мард бошад ягон чавоб дихад.Мо хакикатро аз забони худи Вазири МВД шунидан мехохем дар тв 1.

мухтарам Вазир бо ин филмхои порноиш чи чавоб медихад .Агар мард бошад ягон чавоб дихад.Мо хакикатро аз забони худи Вазири МВД шунидан мехохем дар тв 1.

бобо
бачаи фаторо барен гунахгори асоси аст кришаи ОМОН аст

Хозир лидери асоси аст на бачаи Чаноби оли на милитсия кор мекунад на кгб на карупсия хама дар назди мутахам аст барои он ки сум долар медихад

алам
Хар касе,ки ба хамин Ватан хиёнат мекунад, иншооллох подошашро мегирад. Худованд хиёнаткоронро ба чазо гирифтор кунад.

Таърихшинос
Агар имруз Гулмурод ба ватан ва модараш хиёнат карда пас фардо ба Давлати Исломи хам хиёнат кард. Чунки хиёнаткор имруз моро хиёнат кард пас фардо хам хиёнат хохад карда дар хар кучое бошад набошад хатто ба Давлати Исломи хам ин амалашро анчом медихад.

Ин командир аз чи ками дошт аз хеч чиз чанд медалхои ва орденхо кадрдони карда шуд бо хона таъмин кард давлат шароит мухаё хам карданд пас у кадри ин хама мехнатхои кардаи худро бо чиход иваз намуд ин як беномусист ки имруз нону намаки ин миллатро хурда дар намакдон туф кардан маъно дорад Агар чиход мехохи пас дар сархади Точикистон биё ватани худро хифз кун ин худ чиход мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)