Бахшҳо

Омбудсмен дар бораи вазъи Ёқуб Салим ва дарди дандони Ғаффор Мирзоев

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё худ омбудсмени тоҷик имрӯз, 28-уми май овозаҳо дар бораи вазъи саломатии маҳбусон-Ёқуб Салим, собиқ вазири умури дохилӣ ва Ғаффор Мирзоев, собиқ раиси Оҷонсии зидди нашъаро шарҳ дод.

Ализода дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, масъалаи саломатии Ёқуб Салим ва Ғаффор Мирзоевро таҳқиқ кардаанд. Омбудсмен дар мавриди Ёқуб Салим изҳор дошт, ки аз вазъи вай огоҳ ҳастем ва агар гӯем тамоман саломатияш бад аст, чунин нест. Ализода афзуд, ки муҳлати адои ҷазои Ёқуб Салим ба наздикӣ анҷом меёбад ва тавре худаш мегӯяд, баъди баромадан ба озодӣ ба тарбияи фарзанду наберагон машғул хоҳад шуд.

Омбудсмени тоҷик илова намуд, ахиран аз Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, маҳкумшуда ба ҳабси абад низ дар мавриди вазъи саломатии бародараш шикоят гирифтааст: “Мо вазъи саломатии Ғаффор Мирзоевро низ таҳқиқ кардем. Гӯем, ки тамоман ғизо хурдан наметавонад, чунин ҳам нест. Касалии дарди дандон дорад, табибони мо аз он огоҳанд ва табобат мекунанд. Баъдан синну солашон низ аз 60 гузаштааст ва бар асари солхӯрдагӣ касалиҳо зуҳур хоҳанд кард”.

Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон Додситонии генералии Тоҷикистон эълон кард, ки то анҷоми муҳлати ҷазои Ёқуб Салим 1 соли дигар мондааст.
Мӯҳр
Як савол ба хукуматдорони Точикистон?Шумо ба хал чавоб дихед ки барои чи Ёкуб Салим бо хамрохии Махмуди Худозада ба Точикистон хамла карда чанд одамро кушт ба мардуми точик зарараи калон расонид ба у 15 сол ва ба Гафорсидой ки ба Точикистон хамла накарда буд хукми умри.

Адолатпарвар
эй ваколатдори хукуки инсон дар ТЧ шумо ягон бор гапи рост нануфтед

Рустам
Ба кулоби. Аввалан, ки Ёкуб ба Точикистон хамла накардааст. У бо Сухроб Косимов чанг кард, чанги онхо "разборка" байни худ буд. Бо чунин бахона Ёкубро гунахгор хисобиданд, ки гуё вай мехост хукуматро ба даст гирад. Ин хама сиёсат аст. Ёкуб гунох надорад. Мисли Махмадрузи Искандарову Зайд Саидов.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)